Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

...КИ БЕ ТАЛХӢ НАБОШАД АЙШИ ШИРИН

Инак,  моҳи шарифи Рамазон фаро  расид, ки он мояи ифтихори мо мусулмонон ва  моҳи хайру баракат ва  нузули раҳмат аст. Аз ин хотир бо самимияти хос ҳамдиёрони азизро   муборакбод мегӯям.
Боварӣ дорам, ки бо баракати ин моҳи муборак, ки моҳи хушнудии Парвардигор аст, Худованд зиндагии мардумро мисли ҳамеша  файзбору пурбаракат бигардонад ва дар оянда низ файзу баракаташро арзонӣ медорад.
Моҳи шарифи Рамазон саршор аз ҳикматҳои зиёдест, ки бо воситаи гирифтани рӯза сабру таҳаммули муъминон ва пок кардани зоҳиру ботини онон мавриди санҷиш қарор мегирад.
Бузургтарин фазилати ин моҳ ҳамин аст, ки китоби муқаддаси “Қуръон” дар ин моҳи муборак нозил шудааст, ки қонуни динӣ ва ахлоқию маънавии ҳар фарди мусалмон ба ҳисоб меравад. Худованд дар каломи шарифи хеш (ояти 185-уми сураи “Бақара”) мефармояд: “Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон фурў фиристода шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. Ва ҳар кӣ аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад ва ҳар кӣ бемор мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чӣ фавт шуд, аз рӯзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад”.  
Рамазон ҳамчун моҳи  файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омӯрзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо дар ҳама сарчашмаҳои динӣ ва фарҳангӣ таъкид шудааст ва ҳама арзишҳову ҳикматҳои он, ки барои ҷаҳониён сабақомӯз ва намунаи ибратанд, ба ҷузъе аз фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд. Фарқ гузоштан байни ҳақиқат ва хурофоту маҷмӯи кирдорҳои ботил яке аз ҳамин гуна арзишҳои ин моҳи мукаррам аст. Инсон метавонад, ки бидуни ранҷу гирифторӣ ва азияту худсозӣ ба ҳадафҳои баланди хеш бирасанд, ончунон, ки боғбоне бидуни парвариш ва заҳмат сарсабз намудани ниҳолҳо ҳосили фаровоне ба даст биёрад. Талхиеро начашида, наметавон ком ширин кард, бе илму китоб наметавон даъвои маърифат кард. Маҳз дар ҳамин ҳикмати Рамазон, яъне роҳат ёфтан баъди азият як фалсафаи деринаи башарӣ таҷассум ёфтааст. Дар ин маврид Орифи Ҷом фармудаи зебое дорад:


Дар ин дайри кӯҳан расмест дерин,
Ки бе талхӣ набошад айши ширин...


Анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои  Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳанд, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.
Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ (с) фармудаанд: “Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад”. Тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад.
Яъне дар баробари он ки фарз будани рӯза доштан таъкид мешавад, кӯмак ба табақаи бенаво ва табъи дили худ анҷом додани амалҳои хайру савоб низ хотирасон мегардад. Маълум мешавад, ки парҳезгориву амали хайр ду қутб ё рукни ин моҳи сайид будааст.
Чунон ки маълум аст, амну субот яке аз омилҳои асосии рушду шукуфоии ҳар ҷомеае ба шумор меравад. Ҳаводисе, ки дар ҷаҳони имрӯз, хусусан дар мамолики исломӣ ба вуқуъ омада истодааст, нишон медиҳад, ки тарки яккамазҳабӣ ва пайравӣ аз ҳар гуна ҷараёнҳои навпайдо сабаби ноамнӣ ва чангу бадбахтиҳо мегардад. Дини мубини Ислом муқобили ҳамагуна тундгароӣ буда, аз касоне, ки динро василаи расидан ба ғаразҳои шахсӣ қарор медиҳанд, безорӣ меҷӯяд. Худованд дар ин маврид фармудааст: “Дар ҳақиқат, касоне, ки динашонро пароканда сохтаанд ва гурӯҳ – гурӯҳ шуданд, ту ҳеҷ робитае бо онҳо надорӣ ва корашон танҳо ба Худост. Он гоҳ ба он чӣ анҷом медоданд, огоҳашон хоҳад кард”. (“Анъом”; 159).
Инсонпарварӣ ва инсондӯстӣ, эътирофи ҳаққи дигари моҳи Рамазон аст. маҳз дар ҳамин моҳ ҷомеаи адолатпарвари башарӣ бо ҳама арконаш зуҳур меёбад. Аз ин рӯ  инсонҳоро зарур аст, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамсоягон раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳиматӣ ва қадршиносиро рафтору кирдори ҳамарӯзаи зиндагии худ созанд. Пас то метавонем, дар ин моҳ аз дурӯғу риё, макру фиреб, озори якдигар парҳез намуда, моҳи мубораки Рамазонро бо муҳаббату якдигарфаҳмӣ ва улфату бародарӣ ба поён  расонем.

Носирхуҷа Раҳимов,
сархатиби   ноҳия.