Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ВАҲДАТ-ПАДИДАИ НОДИР

Оре, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки сулҳу субот, ваҳдати миллиро  миёни тоҷикон тавлид сохт, барои мо, сокинони ин марзу бум дар ҳамон рӯзҳои таърихии соли 1997 ва имрӯз ҳам падидаи нодир маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар раванди ин садсолаҳо борҳо ба муқовимату задухӯрдҳои аҷнабиён рӯ ба рӯ омадаву моро  ба парешӣ ниҳод, аммо ҳамчун миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ аз байн нарафт.    Воқеаву ҳаводиси солҳои баъд аз соҳибистиқлолӣ  дар ёду хаёли аксарият мондааст. Умеди зиндагӣ ба фардо намонда буд, яъсу ноумедӣ қалбҳоро озор медод, ҳазорҳо хонавода вайрону ҳазорҳои дигар дур аз ватан, дар кишвари Эрону Афғонистон ва дигар мамолики хориҷ  мақоми гурезаро ба худ касб намуда буданд. Садҳо корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият монда буданду машғулиятҳо  дар ҳама макони тадрис ба таври дилхоҳ намегузашт. Ва сарчашмаи ин ҳама бадбахтиҳо албатта бо кӯшиши қувваҳои беруна ва гурӯҳи заифи элитаи миллӣ ба миён омада буданд.   Аммо тоҷикон аз оқибати ҳузнангези ин моҷаро пай бурданд, ки рӯ ба созиш оварданд.
Шукри беҳад, ки дар Тоҷикистони ба тозагӣ истиқлолиятро касб карда, ҷанги шаҳрвандӣ дер давом накард.   Санаи 27-июн дар таърихи халқи  тоҷик бо хатҳои заррин сабт шудааст. Маҳз ҳамин санаи бузург,  дари хушбахтӣ сулҳу сафоро ба рӯи мардуми тоҷик дубора боз намуд, ваҳдати деринтизору бемисл, дар ҳамин сана, бо имзо гузоштан дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаро расид, ки дар ҳар хонадони  точик он рӯз аз ин хабар дида, хушхабаре набуд. Он рӯз чеҳраи мардуми тоҷик гул-гул мешукуфт, гӯё ки дар ҳар хонае тифле  ба дунё омада буд. Ва ваҳдати деринтизори  тоҷикон бемуҳобот амсоли навзоде буд, ки ба кулбаҳо шодию сурур ворид кард, танҳо волидайн не, фарзандон ҳам, чи хурду чи бузург аз  тавлиди ВАҲДАТ чангу чағона мезаданд. Пирони рӯзгордида, модарони солхӯрда, ки аз фироқи фарзанду набераҳои хеш дигар дар чашмонашон ашк намонда буд, даст ба дуо буданд, ки ин дастоварди бузурги таърихӣ умри ҷовид бинад ва касе ин ҳамбастагиро шикаста натавонад. Кунун ин тифлаки навзод ҷавони 18-сола мешавад, ифтихор аз нахлу самари  он бояд кард, ки чӣ оқибатҳои хушеро барои мо, сокинони Тоҷикистон илқо намудааст.
Кас агар боре аз нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон, Шар-шару Чормағзак гузар созад, гузаштаи начандон дурро зуд пеши назар меорад. Мардуми ин минтақаҳо фаромӯш накардаанд, ки чӣ сон аз ин роҳҳои пурхавф  бо сад азобу ҳароси зиёд мегузаштанд. Дар боби ба кор оғоз намудани даҳҳо нерӯгоҳҳои хурд ва сохтмони бошиддати НОБ-и Роғун шояд ҳоҷат ба тавсиф ҳам намонда бошад, ки  ин ҳамаро шукрона аз замонаи тенҷу осоишта баҳо метавон дод.
Ваҳдати ҷонофарини тоҷикон таърихи бою рангин дорад, зиёд саҳифаҳоро метавон пур кард, қатор-қатор фидоиёни ин миллатро метавон ном бурд, ки барои тавлид ва таҳкими ин ваҳдат  ҷоннисориҳо кардаву аз худ номи нек боқӣ гузоштаанд. Хеле ва хеле зиёд хотираҳоро варақ мебояд зад, аммо иктифо ба он мекунем, ки ба қадри ин ваҳдату ин якпорчагӣ бояд расид.Таъкид ба таъкид мегӯем, ки ин падидаи нодирро тавре дар шеваи мо, тоҷикон маъмул аст, чун гавҳараки чашм нигаҳ бояд дошт. Зеро қимати ваҳдат аз  муқаддасоти миллӣ камтар нест.


Рустами Назир.