ИҶТИМОЪ
ДИЛИ БУЗУРГИ МОДАР, КИ БАЪДИ МАРГИ СЕ ГУЛДУХТАРУ РАНҶУРИ БИСТАРИИ ДУ ШАҲПИСАРАШ ҚОМАТ НАШИКАСТААСТ
- Подробности
-
20 Июль 2015
- Опубликовано 20.07.2015 15:34
Апаи Раҷабгул аз мақсади омадани мо огаҳӣ ёфта аз сарнавишти талхи панҷ нафар фарзандонаш, ки бар асари касалӣ се нафари онҳо фавтидаанд, бо оби дида нақл мекард. Худованд ба ман панҷ писару панҷ духтари гулрӯро лоиқ донист. Ба фарзандони ман Худованд ҳусну ҷамол, ақли расоро арзонӣ туҳфа намудааст. Ҳамаи онҳо солим ба дунё омадаанд. Ин дарди бедармон намедонам аз куҷо, бо кадом сабаб ба онҳо ёр гардиду риштаи умри се нафар духтарони азизам - Холисаю Зулҳияю Моҳлиқобҷонамро ба коми худ кашид. Ҳар се нозанину ҳалиму меҳрубон буданд. Холисаҷонам дар синни 29-солагӣ баъди 17 соли беморӣ, Зулҳияҷон дар синни 27-солагӣ баъди 14 соли беморӣ ва Моҳлиқобҷон дар синни 6-солагӣ баъди 2 соли бемори бистарӣ буданашон вафот кардаанд. Имрӯз ду писари дигарам Аҳтамҷони 35-сола ва Зурабҷони 32-солаам мубталои ин касалӣ гардидаанд. Аҳтамҷон 17 сол, Зурабҷон 18 сол боз бемори бистарианд. Апаи Раҷабгул ашк дар чашмон “ана, хоҳарам, дили кӣ барои ин ду шаҳбачаи паризоди ман намесӯзад?” онҳоро шинос менамояд ба мо. Мехоҳам кӯру кар гардаму азоби ҳар лаҳзаи онҳоро набинаму нолишашонро нашунавам. Лек боз шукрона ба ҷони фарзандонам менамоям. Аз обилаю кабудиҳои дасту пойҳои варамкардаи модар пайдо буд, ки ӯ сари болини фарзандон ҳамроҳи ҳамсари азизаш акаи Муқим шабзиндадорӣ мекашад. Гуфтанд, ки манзили истиқоматиамонро иваз намоем, шояд фарзандонамон шифо ёбанд. Лек сад афсӯс, ки ивази хона низ ба дарди фарзандони мо даво нагардид. Худованд чунин рӯзи сахте, ки ба сари ману ҳамсарам омадааст, ба сари ҳеҷ як падару модари фарзанддор наояд. Аз ҳеҷ кас гила надорем. Шукр мекунам, ки дар дунё ғайр аз одамоне, ки савори аспи ғуруру нописандианд, одамони раҳмдилу дастгири оилаҳои чун мо аламзада ҳастанд. Хоҳари Сайбӣ (манзур ҷонишини раиси ноҳия Раҷабзода Сайбинисо) солҳои раиси ҷамот буданаш тез-тез аз ҳолу аҳволамон хабардорӣ мекард. Духтари ғурамаргам Зулҳия, ки аз таъсири дарди беамон ҳамеша дар печутоб буд, бо дидани ӯ гӯё оромиш меёфт. Ба ӯ чун модар нозҳои фарзандона мекард.
Бо Аҳтамҷону Зурабшоҳ, ки яке аз дигаре ситорагарму хушсухан буданд, дар алоҳидагӣ суҳбати ширине доштем. Аҳтамҷон мактаби миёнаи рақами 22-и деҳаи Муллотуғмаро соли 1997 хатм карда, нияти ба ДДМТ дохил шуданро дошт. Дарди беамон нагузошт, ки ӯ мисли дигар ҳамсинфонаш шаҳди орзую ҳавасҳои ҷавониро чашад. Аз зурии дард аз пойи равон монд. Аз фарзандони инсони шариф Ҳакимов Дӯстмурод изҳори миннатдорӣ менамояд. Акаи Меъроҷиддин тез-тез моро хабаргирӣ меояд. Бо кӯмаки ӯ чанд маротиба табобат гирифтам. Сироҷиддини бачаи акаи Акбар як аробачаи худрав ҳадяам намуд, ки то нафас боқист аз ӯ миннатдорам. Имрӯз ягона таскинбахши қалбу давои дардамро дар мутолиаи Қуръони шариф медонам. Ояҳои ин Каломи шарифро хонда муъҷизаеро интизорам, ки Худованд ба мани ранҷур шифое шояд рӯзе ато мефармояд. Ба наздикӣ мардеро дар хоб дидам, ки чеҳраи гарму нуронӣ дошт. Ӯ маро аёдат омаду сару рӯямро сила намуд. Дуо дода гуфт, ки албатта шифо меёбам. Ҳафтае баъд раиси нави ноҳия Раҷабзода Миралӣ ҳамроҳи Раҷабзода Сайбинисо омада буданд. Раисро дидаму он чеҳра ба ёдам омад. Ба номи Худованд ба ҳамон чеҳрае, ки дар хоб дидаю гуфтугӯ карда будам монанд буд. Раис ваъда доданд, ки барои ману бародарам шароити дурусти манзил муҳайё месозанд. Дасти дуои сидқидилонаи ману бародари ранҷурамро нисбати чунин инсонҳои ғамхор Худованд қабул фармояд.
Зурабшоҳи 32-сола нисбати бародараш аз ранҷи беморӣ хеле харобу чеҳрааш заъфаронӣ гардидааст. Асабҳояш хароб шудаю бо ҳаяҷон сухан мегӯяд.
“Худо хоҳад додари мо сиҳат шуда дар хонаи нав тӯйи домодӣ меороему мо, апаҳо ҳама ҷамъ меоем” дигар сухане барои таскини тани ранҷури ӯ наёфта рӯҳбаланд карданаш хостам.
... Қалам дар даст ба андеша меравам. Месазад сари таъзим фурӯд овард пеши модаре, ки вазнинии ҳаёт, марги фарзандону ранҷурии онҳоро дидаю қомат нашикастааст. Ин модари соҳиби дили бузург шукрона ба ҷони панҷ нафар фарзандони солиму ду шоҳписари ранҷури худро, ки ҳанӯз умед аз зиндагӣ карданро доранд, мекунад. Шукрона мекунад, ки дар зиндагӣ онҳоро одамони хайрхоҳу накӯкор дастгирию болидарӯҳ мегардонанд.
Воқеан, муҳимтарин аркони оини ҷавонмардӣ – саховат ва шуҷоат аст: “Ҷавонмардӣ дарахтест аз чамани ҷаннат раста ва саховат ниҳолест аз ҷӯйбори Кавсар нашъунамо ёфта...”
Ҳиммат баланд дор, ки назди Худову халқ,
Бошад ба қадри ҳиммати ту эътибори ту.
Умед дорем, ки ҷавонмардони саховатманди диёр Аҳтамҷону Зурабшоҳро зери болҳои хайрпешагии худ мегиранд.
М.ТАҒОЕВА,
хабарнигори “Набзи Файзобод”.
Аз идора: Вақте ки мавод омодаи чоп буд, ба мо хабар расид, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва саховатмандони диёр таҳкурсии хонаи онҳо гузошта шуд.