ИҶТИМОЪ
ХОНАИ НАВ ҲАДЯИ СОЛИНАВӢ БА БАРОДАРОНИ РАНҶУРИ БИСТАРӢ АҲТАМШОҲ ВА ЗУРАБШОҲ
- Подробности
-
11 Янв 2016
- Опубликовано 11.01.2016 08:21
Дар арафаи соли нав хушхабаре боиси хурсандии мо, аҳли эҷоди рӯзнома гардид. Чанд моҳ пештар, аниқтараш 16 июли соли равон аз тақдири ношоди ду нафар ҷавони бистарӣ Аҳтамшоҳу Зурабшоҳ – сокинони деҳаи Муллотуғма маводе бо номи «Дили бузурги модар, ки баъди марги се гулдухтару ранҷури бистарии ду шаҳписараш қомат нашикастааст» маводе дар рӯзнома чоп гардида буд. Он вақт модар бо алам нақл мекард, ки аз даҳ нафар фарзандонаш дарди бедармоне ба панҷ нафари онҳо ёр гардидааст, ки риштаи умри се нафар духтарони гуларӯсашро рабудаю ду нафар шаҳписараш Аҳтамшоҳи 35-сола ва Зурабшоҳи 32-солаашро якеро 17 сол дигареро 18 сол боз бемори бистарӣ намудааст. Модар изҳори миннатдорӣ аз раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва муовини раис Раҷабзода Сайбинисо намуда буд, ки баъди аёдати чандинкарата ваъда доданд, ки барои Аҳтамшоҳ ва Зурабшоҳ шароити дурусти манзил муҳайё хоҳанд кард. Зеро ин ду ҷавон нозанинаш, ки аз пойи равон маҳруманд, аз надоштани шароити дурусти манзил сахт азоб мекашанд. Ва ҳафтаи баъд бо иштироки раиси ноҳия хишти аввали сохтмони манзили махсус барои ин ҷавонони ранҷур гузошта шуд.
Дар хонаи нав болои ҷойхобҳои тозаю озода Аҳтамшоҳу Зурабшоҳро бо чеҳраҳои хандон дидем. Онҳо бо чашмони ба зиндагӣ нигоҳи умеддоштаи ба тарафи ҳар яке, ки он рӯз меҳмони хонадони онҳо буданд бо меҳр нигариста бо овози паст такрор ба такрор мегуфтанд: «Ҷавонмардӣ дарахтест аз чамани ҷаннат раста ва саховат ниҳолест аз ҷӯйбори Кавсар нашъунамо ёфта. Худованд барои ҳар яки шумо, ки дастгири мо, бародарони ранҷур гардидаед, дар ҷавобаш аз биҳишт қасри тиллоие ҳадя намояд».
Манзили нави бародарон бо тамоми шароитҳои мувофиқ барои онҳо муҳайё гардонида шуда буд. Нахуст раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ бародаронро фарзандвор ба оғӯш гирифта дасти дуо бардошт, ки Худованд баъди ба манзили нав омадан ба онҳо сиҳатии комил ато намояд. Раис шӯхиомез "дар ин хона тӯйи домодии ин фарзандонро дар иди Наврӯз хоҳем гузаронид" гуфта ба онҳо ҳадяи солинавӣ супорид. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Ҳабибулло, ки дар қатори меҳмонон ба хонаи нави бародарон омада буд, изҳори хурсандӣ намуд, ки дар ин амали ҷавонмардона ҷавонони диёр саҳми калон гузоштаанд.
Падару модари Аҳтамшоҳу Зурабшоҳ акаи Муқим ва янгаи Раҷабгул ба раиси ноҳия ва ба ҳамаи онҳое, ки ба оилаи ниёзманди онҳо чунин як кори хайру савобро лоиқ донистаанд, бо ашки шодию умедвории шифои комили фарзандонашон изҳори миннатдорӣ намуданд ва ин дастгирию рӯҳбаландиҳоро самараи сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи маъюбон, ниёзмандон ва беморону барҷомондагон медонанд.
Воқеан, дар ин амали хайру савоб фаъолбонувону ҷавонони диёр, саховатмандони алоҳида, фарзандону наберагони марди накӯном – сокини ҳамин деҳа Дўст- мурод Ҳакимов ҳиссаи калон гузоштаанд.
М. ТАҒОЕВА, мухбири худамон.