Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҲАР СОЛ - СОЛИ ОИЛА!

Оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши меҳварӣ дорад. Зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад. Мутаассифона, солҳои охир дар баробари коҳиш ёфтани ахлоқи ҷавонон, худкушию дигар ҷиноятҳо, ки боиси пошхӯрии оилаҳо мегардад ҷомеаро нигарон сохтааст. Бо мақсади омӯзишу баррасии ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти оилавӣ, тарбияи фарҳанги оиладорӣ ва пешгирӣ аз пошхӯрии хонаводаҳо Сарвари давлат соли 2015 – ро «Соли оила» эълон намуд. Эълон гардидани «Соли оила» ба ҳамин маъност, ки хонаводаҳои ҷавон бояд дорои фарҳанги оиладорӣ, одоби муошират, рафтори дуруст ба волидону ҷомеа ва давлати худ дошта бошанд.
Бо мақсади тақвият додани арзишҳои волои оила ва оиладорӣ ва эълон гардидани соли 2015 «Соли оила» бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия озмунҳои «Суруди беҳтарин дар васфи Модар», «Маликаи Наврӯз», «Оилаи беҳтарин», «Гуларӯсак», «Канӣ, духтарон», «Кадбонуи беҳтарин», «Тарроҳи беҳтарин», «Хандаи ҳусн», «Таронаи чакан», «Хушдомани беҳтарин»-ро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронид.
Дар ин сол аз ҳисоби шӯрои занон, собиқадорон, фаъолзанон ва шахсони обрўманди маҳаллаҳо гурӯҳи таблиғоти ташкил шуда аз рӯи усули «Хона ба хона» дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дастовардҳои  даврони истиқлолият, оилаи солим - ҷомеаи солим, пешгирӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон, фарҳанги оиладорӣ, пешгирии никоҳои хешутаборӣ,  шомилшавии ҷавонон, аз ҷумла занон ба гурӯҳои ифротгаро  ва дигар мавзуҳоро таҳлил ва баррасӣ намуданд.
Дар доираи ин чорабиниҳо озмуни «Кадбонуи беҳтарин», фестивали либосҳои миллӣ –«Хандаи ҳусн» ва «Ҷилваи чакан», ки дар боғи Ирам ва Кохи Борбад баргузор гардида буд, бонувони диёр ҳунари волои худро нишон дода боиси баҳогузории баланд гардиданд. Инчунин дар ин сол аз тарафи бонувон як қатор амалҳои хайру савоб анҷом дода шуд. Аз ҷумла Бибикибрё Ғафурова маблағҳои зиёде барои оилаҳои осебпазири ноҳия хайр намуд. Ду нафар модари бузургвор Моҳсафар Миралиева ва Файзия Қодирова маблағҳои барои зиёрати хонаи Худованд пасандоз намудаашонро барои сохтмони купрӯки мошингузари деҳаи Заркамар (20 ҳазор сомонӣ) ва купрӯки деҳаи Бобоивалӣ (70 ҳазор сомонӣ) сарф намуданд.
Воқеан, «Соли оила» фақат барои як сол нест. Ин иқдом ҳар лаҳза моро водор мекунад, ки фаромўш накунем: Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ дар оила ташаккул меёбад. Яъне, ки ҳар соли мо бояд «Соли оила» бошад!


Т. МУНАВВАРА