ИҶТИМОЪ
АНЪАНАҲОИ ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВ
- Подробности
-
11 Янв 2016
- Опубликовано 11.01.2016 10:17
Ҷашнгирии Соли нав дар Тоҷикистон тавассути халқи рус роиҷ шуд. Соли нави аҷдодии тоҷикон оғози баҳор аст. Имрӯз ҷашнгирии он ба ҳукми қонун даромада бо номи «Наврӯз» таҷлил мегардад. Хеле мутантан.
Ҳоло мо дар як сол ду дафъа Соли навро ҷашн мегирем – яке аз рӯйи солшумории мелодӣ (аз соли таваллуди Исои Масеҳ), дуввум соли хуршедӣ.
Дар Соли нави мелодӣ арча меороем.
Дар мактабу кӯдакистонҳо Соли нав пуршукӯҳ мегузарад. Бачаҳо дар гирди арча рақсу бозӣ мекунанду шеър мехонанд.
Гӯем, ки ними зиёди ҷаҳон Соли нави мелодиро ҷашн мегиранд, хато нашуморед. Ҳарчанд давоми солҳо анъанаи ҷашнгирии Соли нав гуногун шуда, шаклҳои дигар мегирад, он ба ҷашни дӯстдоштатарини хурду бузурги олам табдил ёфтааст.
Акнун аз хусуси он ки дар куҷо соли навро чӣ тавр пешвоз мегиранд.
Оро додани арчаи солинавӣ дар замонҳои пеш аз Олмон оғоз ёфтааст. Дар арсҳои миёна мардуми немис Санта Клаус (Бобои Барфӣ)-ро савори маркаб мепиндоштанд. Аз ҳамин хотир даруни пойафзол коҳ ҷой мекарданд. Вақтҳое Германияи шарқӣ ва ғарбӣ аз ҳам ҷудо буданд, ба хотири пайвастшавӣ ҳазорон нафар одамон дар назди Дарвозаи Брендербург чароғ меафрӯхтанд. Ин рамзи пайвастшавӣ буд.
Дар Финландия дар остонаи Соли нав мум об карда ба оби хунук меандозанд ва аз рӯи «суробҳо» муайян мекунанд, ки дар соли нав дар ҳаёти онҳо кадом воқеаю ҳодисаҳо рух медиҳанд.
Мардуми Япония Соли навро бо либосҳои нав, сохтани қасру муҷассама пешвоз мегиранд. Як қисмати мардум белҳои хурд харида, бо ин корашон гӯё бахт ҷамъ мекунанд.
Истиқболи Соли нав дар Франсия хеле ҷолиб аст. Инҷо ҳангоми пухтупаз дохили кулчақанде дона мегузоранд. Ба касе, ки кулчақанди донакдор расид, «шоҳи дона» ном мегирад. Он шаб, ки то саҳар шӯхиву бозӣ давом мекунад, ҳама ба амру фармони шоҳи дона итоат мекунанд.
Аз камон ба ҳаво тир холӣ кардан анъанаи мардуми Эрон аст. Шояд ин рамзи мардонагӣ, далерӣ, ҷасурӣ бошад.
Кубагиҳо бо фарорасии Соли нав (саоти 24:00) оби пешакӣ ҷамъкардаро аз тиреза ҳаво медиҳанд, ба нияте, ки соли нав поку равшан бошад.
Дар Италия ҳамасола ба хотири Соли нав ашёи хонаашонро иваз мекунанд.
Дар Америка нахустин бор соли 1895 дар назди Қасри Сафед чароғакҳои солинавӣ афрӯхта шуданд. Америкоиҳо арчаи солинавиро баъди ҷашн ҳатман ба замин мешинонанд, то ки сабзию хуррамиашро гум накунад. Мегӯянд, ки шилшилачароғакгузорӣ дар арчаи солинавӣ аз америкоиҳо анъана шудааст.
Одати солинавии мардуми Непал аҷоиб аст: онҳо ашёю либосҳои куҳнаро месӯзонанд.
Дар Англия (Британияи Кабир) мардум аввал дари хонаи ақибро мекушоянд, то соли куҳна аз он баромад равад. Соли навро бошад, соати 24:00 аз дари пеши хона истиқбол мегиранд. Дар ин мамлакат ба ҳамдигар фиристодани номаҳои кушодаи суратдор ҳамчун рамзи табрикот анъана шудааст.
Ветнамиҳо дар арафаи Соли нав моҳии зинда харида ба дарё сар медиҳанд, бар ақидае, ки Соли нав дар тахтапушти моҳӣ шино мекарда бошад. Шохаи сабзи дарахти шафтолуи сергул барои ветнамиҳо рамзи Соли нав мебошад. Ба муносибати Соли нав хонаҳоро бо ҳамин чиз оро медиҳанд. Ба дӯстон низ шохаи шафтолу ҳадя мекунанд.
Дар Шветсария дар асри 19 туҳфа кардани арчаҳои шишагӣ расм шуд. Мардуми ин ҷо шаби Соли нав кӯчаҳоро фурӯзон карда онро «Иди рӯшноӣ» мегӯянд.
Таҳияи М.ТАЛЪАТ