Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҲАМОИШИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР

Форуми занони соҳибкори минтақаи Рашт, ки дар он намояндагони ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Нуробод, Рашт, Файзобод ва шаҳри Роғун иштирок доштанд, рӯзи 20 июл дар ноҳияамон баргузор гардид. Бонувони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт он рӯз дар назди Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова маҳсули ҳунарҳои зиёди худро ба намоиш гузоштанд. Форуми занони соҳибкори минтақаи Раштро ҷонишини раиси ноҳия Нурия Раҷабова кушода, меҳмононро хайрамақдам ва ба намояндагони Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон барои дастгирӣ дар ҷалби бонувони минтақа ба истеҳсолот ва баргузор гардидани чунин як Форуми минфиатнок изҳори миннатдорӣ намуд. Сипас менеҷери барномавии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Манотиқи Кӯҳистон дар водии Рашт Моҳиҷаҳон Намакова оид ба ҷараёни амалисозии барномаи «Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзусиҳат ва макони зист», ки аз тарафи Оҷонсии Шветсария оид ба Рушд ва ҳамкорӣ маблағ гузорӣ шудааст, сухан намуда аз ҷумла қайд кард, ки занони соҳибкори минтақа имрӯз барои пайдо намудани мавқеи арзандаи худ дар ҷомеа, барои васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, такмили донишандӯзӣ ва шиносоӣ ба таҷрибаи ҳамдигарӣ дар дигар минтақаҳо таҳкурсӣ пайдо намудананд. Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон чандин барномаҳои соҳибкории хурди занон амалӣ гаштаю боиси пайдо гаштани ҷойҳои кори иловагӣ гардиданд. Дастгириҳо дар самти коркарди пашм, шир, меваю сабзавот ва замбӯри асалпарварӣ барои занон ба амал пайваста боиси гардише ба нигоҳи занон ба истеҳсолот, фаъол гардидани занон дар ғанӣ намудани буҷаи оилавӣ ва рушди ҷомеа гаштаанд. Дастгирӣ гардидани сохтмони сехҳои дӯзандагӣ дар деҳаи Лолагии ноҳияи Файзобод, деҳаи Калтаҳои ноҳияи Роғун ва Навободи ноҳияи Рашт имконияти ба соҳибкорӣ ҷалб гардидани занонро ба миён овард. Амалӣ гардидани барномаҳои коркарди меваю сабзавот дар деҳаи Ҳаймаҳмадӣ, сехи маҳсулоти қаннодии маркази ноҳия ва маркази ҷамъкунии шир дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, коркарди шир дар деҳаи Қалъаинав, тайёр намудани ширинии тут дар деҳаи Деҳбӯстони шаҳри Роғун, коркарди меваю сабзавот дар маркази ноҳия ва замбӯри асалпарварӣ дар деҳаи Душохазамини ноҳияи Нуробод, коркарди шир ва меваю сабзавот дар деҳаи Фатҳободи ноҳияи Тоҷикобод, тайёр намудан нишоло дар деҳаи Гурхам ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар деҳаи Тавилдараи ноҳияи Сангвор, коркарди шир дар маркази ноҳия ва деҳаи Шилибилӣ, коркарди карам дар деҳаи Чонкиргизи ноҳияи Лахш натиҷаи чунин ҳамкориҳост. Дар ин раванд занон ба соҳибкорӣ машғул шуда ба таҷрибаомӯзиҳо дар дигар минтақаҳо ҷалб карда шуданд. Имрӯз шумо шоҳиди маҳсули меҳнат ва дастовардҳои намояндагони ин ноҳияҳо гардидед, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Сипас намояндагони занони соҳибкори шаҳри Роғун Сурайё Нозимова ва ноҳияи Лахш Айсулу Ҷеналиева баромад карда, ба роҳбарияти Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистони Хазинаи Оғохон барои дастгириҳояшон дар ташкили сехҳои дӯзандагӣ ва коркарди пашм дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Лахш изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки имрӯз онҳо аз имкониятҳои додаи даврони Истиқлолият баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз камар баста сатҳи бекориро коҳиш дода касбу ҳунар хоҳанд омӯхт.

Иштирокчиёни Форуми занони соҳибкори минтақаи Рашт ба тамоми занони ҷумҳурӣ барои ҷалб намудани занон ба соҳибкорӣ ва ҳамкорӣ бо Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистони Хазинаи Оғохон Муроҷиатнома қабул намуданд.

Т.МУНАВВАРА.