ИҶТИМОЪ
МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДОИР ШУД
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 10:22
То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳи назаррас ноил шуда наметавонем.
Эмомалӣ Раҳмон
Анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Аз ин рӯ аввали моҳи равон дар ҷамоати деҳоти ба номи Дӯсмурод Алиев семинар-машварат дар ба мавзӯи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ тақозои замон” ва иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” доир гардид. Дар ин чорабинӣ директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, раисони занони маҳалла, мудирони бунгоҳҳо, намояндагони аҳли тақво ва куҳансолону фаъолони ҳудуди ҷамоат, иштирок доштанд.
Доири мавзӯи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” , рафти амалӣ гардидани қонун, зарурияти қабул, мақсад ва вазифаҳои он, ки ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум мебошад, масъулин баромад намуданд. Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ, ки асосан ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ машғуланд, муҳокима гардид.
Муаллими муассисаи таълимии рақами 5 А. Сулаймонов Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, уҳдадориҳои падару модар дар тарбия ва таълими фарзанд ва чораҳои пешгирӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани қонуни мазкур муфассал баромад намуд.
Ҳамчунин сари масъалаҳои муҳокимашуда имомхатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Файзобод А. Ҳалимов, директори муассисаи таълимии рақами 21 М. Кабиров, раиси занони деҳаи Кабкрез Т. Воҳидова андешаронӣ карданд.
Дар кори семинар - машварат муовини раиси ноҳия Раҷабзода С.Б, мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи дасгоҳи раиси ноҳия Нурзода С.П, мудири бахши кор бо занон ва оили назди мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳия Г. Халифаева иштирок доштанд.
Дар анҷоми чорабинӣ муовини раиси ноҳия Раҷабзода С.Б баромади бисёр муфиду ҷолиб намуданд.
Ф. Юсупов, сармутахассиси дин,
анъана ва ҷашну маросимҳо ҷамоати деҳоти ба номи Дӯсмурод Алиев.