Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҲАЙФ, КИ НАОМАДЕД

Дастаи шашмақомсароёни назди Филармонияи халқии ба номи Нигина Раупова ба консерти мукамали худ, ки дар доираи чорабиниҳои бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша даромада буд, тайёрии пухта дид. Барномаи мураттабгардида аз 13 баромад иборат буда, оҳангҳои “Соқиномаи мустазоди наво” (ғазали Ҳофиз), “Қашқарчаи савти калом” (ғазали Соиб), “Таронаи баёт”  (ғазали Ҷомӣ), “Талқинчаи муғулчаи наво” (ғазали Аттор), “Қашқарчаи муғулчаи бузург” (ғазали Таҷаллӣ), “Талқинчаи сабо” (рубоёти Хайём), “Рок” (ғазали Шоҳин), “Ироқи Бухоро” (ғазали Парии Ҳисорӣ), “Уфари  узол” (ғазали Саъдӣ) ва чанд мақоми дигарро дар бар мегирифт. Сарояндагон Ҳабибулло Мирзошарифов, Бахтиёр Исмоилов, Ҷаҳонгул Аслонова, Нусратулло Салимов, Парвина Маҳмадиева, Раҷабмурод Алиев, Қурбоналӣ Одинаев бо дастаи навозандагон ба истиқболи тамошобинон омодагӣ гирифтанд, то дар доираи як-якуним соати барномаи консертӣ рӯҳи онҳоро болида гардонанду ғизои маънавӣ бахшанд. Афсӯс, соати баргузорӣ фаро расида, аз интизорӣ, ба қавле, кӯки чашмон канда шуду ақаллан аз чор як гӯшаи толор пур нашуд. Мегӯянд, ки санъаткор барои як нафар тамошобин ҳам бояд хизмат кунад. Ҳамин буд, ки мақомхонон ба хотири 40-50 нафар тамошобин пардаро боз намуданд. Ҳозирин, гуфтан мумкин, куллан аз муаллимон иборат буданд. Воқеан ҳам, хуб аст, ки шашмақом мусиқии хосса, ба қавле, шоҳона буда, ба ҳар гуна шунаванда ниёз надорад. Шашмақом зиёпарвар аст, ҳамонеро меписандад, ки завқу дарки мусиқифаҳмӣ дошта бошад.

Лекин ҷониби дигари масъала аст: толори пур иштиёқу завқи суруданро боло мебардорад. Ва ба сароянда рӯҳу  илҳом медиҳад.

Бояд бигӯем, ки чиптаҳо ду рӯз пеш ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо тақсим шуда буд. Ин чорабинии фарҳангӣ, ки ба шарафи ҷашни бузурги Ватан, яъне 25-умин солгарди Истиқлолият бахшида шуда буд, бояд масъулияти роҳбаронро ба вуҷуд меовард ва тамошои дастаҷамъонаи кормандонашонро ташкил мекарданд.

Шашмақом қуллаи баландтарини фарҳанги мусиқии суннатии халқи тоҷик аст. Он хизмати шахсони нуктадону нуктасанҷро чун обу ҳаво, ҳамчун нону ғизо иҷро мекунад. Шашмақом парваришгари рӯҳи инсон буда, ба муҳаббатсароӣ, маънавиётпарастӣ, дунёфаҳмию меҳру садоқат, ба тафаккури худшиносӣ даъват мекунад.

Инро ҳам бояд зикр намоем, ки мақом дар гузаштаи халқи тоҷик мусиқии марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Бухорою Самарқанд буд. Бо мақсади ташаккулу тарғиби “Шашмақом” Сардори давлат соли 2000-ум фармон ирсол кард. Хушбахтона, ҳамон сол бо кӯшиши мудири бахши фарҳанг Ҳ.Мирзошарифов дар Файзобод ансамбли мақомхонон таъсис ёфт, ки асосгузори он Арбоби ҳунари Тоҷикистон зодаи Самарқанди бостон Алмос Абдуллоев мебошад. Чаро нагӯем, ки Ваҳдат барин шаҳри калон ансамбли мақом надорад. Дар дигар шаҳру навоҳии тобеи марказ, ба ҷуз Ҳисор, низ дастаҳои мақомхон мавҷуд нест. Санъатдӯстони диёр бояд фахр кунанд, ки Файзобод дар қатори шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакенту Истаравшан, Исфараву Конибодому Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Ашту Айнӣ ансамбли мукамали мақомхонон дорад, ки ҳунарпешаҳояш ҳамагӣ фарзандони маҳаллианд. Иштирокчиёни даста аз устодашон марди хоксору шариф, донандаи хуби мусиқӣ Алмос Абдуллоев беҳад миннатдорӣ карда,  аз ин кас нозукиҳои илми мусиқии классикиро меомӯзанд.

Ҷӯрабек МУЪМИН.