Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ШАҲНОЗАИ ОРМОНӢ

Шаҳнозаи хушноми оча, гуларӯси нозании оча, ғами додари 18-солаи ғурамаргат – Илҳомҷон кам набуд, ки боз марги бемаҳалу ногаҳонии ту афгору бехудам кард. Охир дирӯзакак якҷоя палҳои гашничу райҳонро хишоваю ягона кардем. Шӯхиҳо мекардиву механдидӣ.Аз бӯи хуши ниҳолакҳои рӯида ҳаловат мебурдӣ. Аз куҷо медонам, ки рӯзе баъд миёни хона пайкари нозукат сарду хамӯш мегардад. Орзуи дидани қади арӯсиатро мекардам. Маълумоти олӣ доштӣ, духтари донишманди оча. Чанд сол дар донишкадаи хатмкардаат ва се соли дигар дар Кумитаи амнияти миллӣ хизмати ҳалолу поквиҷдонона кардӣ. Оҳ, чӣ қадар мезебид сари китфон ситораҳои рутбаи гирифта ва дар танат либоси низомӣ. Бадиёр ба кор омадӣ. Дар як муддати кӯтоҳ ҳама туро дӯст доштанд. Махсусан пирони корафтоде, ки онҳоро хуш қабул карда гусел мекардӣ, дар ҳаққат дуои нек мекарданд. Вақтҳои охир аз ноадолатиҳо гила доштӣ,  рӯҳафтодаю касалманд гардида будӣ, духтари меҳрубону ғамгусори оча. Ҷон, Шаҳнозаҷон, хумори рӯи банурат гаштаам. Баҳри дидорат дилам гуму гиреҳ мезанад, ҷигарам месӯзаду фироқро таҳаммул карда наметавонам. Орзӯи омоли нотамомам, зеби хонадонам, гули армонаи сисолаам...

Рӯзе баъд аз марги Шаҳноза Баҳодурова, ки баҳри таъзия ба хонадони онҳо омада будем модари фарзандгумкарда алам мекарду мегуфту мегирист. Тақдири азалро чораву тадбир нест. Аз Худованди мутаъол умедворӣ мекунем, ки ин андӯҳи гаронро аз дили аҳли байти Шаҳнозаи ормонӣ, падару модари ҷигархунаш осону сабри ҷамилро барояшон арзонӣ бидорад.

Дар гулистон на баҳору на хазон мемонад,

Самари боғи ту некист, ҳамон мемонад.

Ҳар кӣ бошад, бувадаш роҳ ба дарвозаи марг,

На баду нек, на пиру на ҷавон мемонад.

Т. МУНАВВАРА.