ИҶТИМОЪ
ФАЙЗОБОД - ДИЁРИ ЗЕРИ ГАРДУН
- Подробности
-
30 Окт 2017
- Опубликовано 30.10.2017 10:56
Солҳои охир тавассути саховатмандиву меҳнати босуботи ҳамдиёронамон дар ҳар гӯшаи ноҳияи зебоманзари Файзободи азиз дигаргуниҳо ба чашм мерасад. Ҳамаи ин баробари ободу зебо намудани маҳалли зистамон ва афзун намудани ҳусни ноҳия гувоҳ аз нангу номуси диёрдорӣ, сарҷамъии мардум ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мебошад. Бо дарназардошти фикру андешаи хонандагони нашрия мо тасмим гирифтем, ки зери рубрикаи «ОБОДКОРӢ МАРОМИ МО» аз хусуси ободкориҳои дар ноҳия амалишуда ҳарф бизанем. Андешаҳои поёнӣ нахустнавишта дар мавзӯи мазкур аст.
Файзобод як гӯшаи ободи Тоҷикистони азиз аст, ки бо табиати афсункору таърихи бою рангинаш, бо оби шифобахшу помидори сурхи сергӯшташ, фарзандони фарзонаву шоирони тавонояш кайҳост, ки дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта, шуҳрат пайдо кардааст. Тайи ду соли охир ҳар шахсе, ки аз ин ноҳияи мо гузар кунад, бо матонату ҷасорат ва созандагиву ободкории ин мардум аҳсант мехонад, чаро ки дар ҳақиқат ин куҳандиёр симои худро ба куллӣ тағйир дода ободу дилрабо гардидааст.
Аз талу теппаҳои ваҳшатангези ду тарафи шоҳроҳи Душанбе - Рашт, ки бехабар аз қудрати инсонӣ бо виқор қомат баланд намуда, дар синаи худ лонаи парандаҳоро ҷой дода, як макони ноободу нодаркорро аз худ мемонданд, имрӯз асаре намондааст. Ҳамаи онҳо тахту ҳамвор гардида, дар он дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шудаанд, ки имрӯз сабзу мунавваранд. 4-5 сол пеш дар маркази шаҳраки Файзобод шабона касро тарсу воҳима зер карда, намегузошт, ки аз хонаҳо берун шаванд. Ягон-ягон корафтодаеро дучор шудан мумкин буд, ки барои роҳи худро равшан кардану аз чуқуриву сагҳои дайду муҳофизат намудан, чароғакҳо дар даст аз пайи кори худ буданд. Имрӯз чӣ?
Чароғон шудани ду тарафи роҳ аз даромад то баромади маркази шаҳрак ба мардум имконият фароҳам овардааст, ки шабона бо аҳли оилаашон ба сайру саёҳат баромада, аз хизмати нуқтаҳои хизматрасонӣ, чархофалаку майдончаи варзишии боғи фарҳангу-фароғатӣ, аз гулгаштҳои назди Парчаму Нишони давлатӣ ба таври бояду шояд баҳрабардорӣ намоянд, хастагии рӯзонаро дур карда як дами хуш зананд.
Рушди се самти соҳаи афзалиятнок - маориф, тиб ва фарҳанг низ аз мадди назар дур намондааст. Сохта ва мавриди истифода қарор додани мактабҳои наву замонавӣ дар деҳаҳои Бӯстон, Кенҷаобод ва Кӯлобиён, муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳои Меҳрободу Бӯстон, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Оби сангбур, Офтобрӯя, китобхонаҳо дар деҳаҳои Яккабед, Файзобод, Элок, Кабкрез ва Заркамар нишонаи бофазилатӣ, хирадмандиву фарҳангдӯстии роҳбари аввали ноҳия аст.
Ҷавоб ба ҳамаи ин ғамхориҳост, ки дар соҳаи маориф сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон баланд гардида, мардум аз хизматрасонии кормандони соҳаи тиб изҳори миннатдорӣ менамоянд.
Бори аввал аст, ки санъаткорони ноҳия ба дастоварди бузург ноил гардида, дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардиданд. Имсол бошад онҳо дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ҳаҷвнигорон «Биё, бо ҳам бихандем», шашмақомсароёни наврас «Ганҷҳои ҳунар», «Бӯстон-2017» ва гайра бомуваффақият баромад намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Дар «Соли ҷавонон» сохта ба истифодадиҳии варзишгоҳи марказии ноҳия фоли нек буда, оянда ба рушди варзиш дар ноҳия мусоидат хоҳад намуд ва бо шарофати кушодашавии ин иншооти муҳим роҳи кӯчаи Розиқзода мумфарш гардида чароғон шуд.
Мо ҳама бояд шукргузорӣ аз тинҷиву амонӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро намоем, ки ба ин рӯзҳои хуш расидем.
Бешубҳа дар амалӣ гаштани ҳамаи ин ниятҳои ободкорӣ саҳми тамоми сокинони ноҳия, соҳибкорон ва бахусус ҷаҳду талошҳои бевоситаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ хело калон аст, ки мардумро боз ҳам муттаҳид сохтаву баҳри ободии диёру кишвар сафарбар менамояд.
ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ
- Подробности
-
30 Окт 2017
- Опубликовано 30.10.2017 10:49
Бо шамшери забон марди суханвар,
Кунад олам мусаххар чун Сикандар.
Ин суханҳои пурҳикмат ба он далолат мекунад, ки ҳеҷ чиз дар олам муқаддастар ва азизтар аз забону сухан нест.
Забони модарии мо инъикоскунандаи илму фарҳанги мо буда, яке аз қадимтарин ва ширинтарин забонҳои ҷаҳон мебошад. Забон ба халқ тааллуқ дорад ва соҳиби забон низ халқ аст. Шоирон ва олимони тавоно чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Розӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав, Умари Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Турсунзода ва садҳо адибони дигар бо ин забон осори ҷовидонӣ офаридаанд, ки имрӯз бо шарофати он забони модарии мо бою ғанӣ мегардад. Ин уламову шуаро бо забони адабии тоҷикӣ асарҳои оламгир таълиф намудаанд, ки осори онҳо бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, то давраи эҳё китобҳои рӯимизии олимони Аврупо ба шумор мерафтанд. Забони модарӣ дар замонҳои пеш бо номҳои форсӣ ва дарӣ шуҳрати зиёд доштааст. Инҳо номҳои як забонанд. Агар лаҳзае чанд ба дарозои таърих назар андозем, дарк мекунем, ки забон аз байни хоку хуни мақдуниҳо убур карда миллати моро нигоҳ доштааст. Чунки ҳар қавмияту миллатро бо забони модариаш мешиносанд. Хусусан дар замони истилои ваҳшатзои муғулон, ҳангоми ба сарзамини Осиёи Миёна чун мӯру малах рехтани анбӯҳи муғулону ӯзбекҳои кӯчӣ, ҷангҳои хонумонсӯзи аҳди Аштархониён ва ғайра мардуми фирорӣ ба ҷои молу манол китоб мебурданд, то ин ки дастбурди аҷнабиён нагардад, то забони модарии моро ба нестӣ набаранд. Инқилоб ҳам бо суръат халқҳоро ба сӯи худогоҳии иҷтимоию синфӣ бурдан гирифт. Сиёсати расмии онвақта бар зидди тоҷикон равона карда шуда буд. Мавҷудияти тоҷиконро инкор карда, забони тоҷикиро аз мактабу маориф, матбуоту нашриёт ва идораҳои давлатию ҷамъиятӣ, умуман аз доираи расмият берун кард. Ин ҳама ба ҳастии забони модарӣ бетаъсир намонд. Аммо равшанфикрони ҳақиқӣ хизмати шоистае карданд, ки дурдонаҳои забони халқро гирд оварда, анъанаҳои суфтаву коркардашудаи он дурдонаҳоро ба дараҷаи баланд ва қобили истифода расонанд. Анъанаҳои беҳтарини забонро дар муддати тӯлонӣ зара-зара ҷамъ карда, хазинаи пурганҷеро ҷамъоварӣ намуданд. Ва нахустин Қонуни забон 22 июли 1989 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон қабул карда шуд, ки тӯли 20 сол вазифаи худро содиқона иҷро намуд. Ин Қонун рисолати таърихии худро дар давраи муайяни таърихии мардуми мо пурра ба анҷом расонид.
Хушбахтона дар даврони Истиқлолият халқи тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикии моро аз нав зинда гардонданд. Ҳамин буд, ки Қонуни нави забон қабул шуд. Забон дар даврони Истиқлолият боз ҳам рушду нумӯ ёфт. Сарвари давлат аз аксари минбарҳои баланди дунё бо забони фасеҳи тоҷикӣ ҳарф зада, чунин фармудаанд: «Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар халқу миллат аст».
Аминем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи забони давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ решаҳои ҳаётии онро устувор намуда, дӯстию рафоқати ҳақиқии форсизабонҳоро таъмин месозад. Чунки зерсутуни бинои маънавиёти ҳар халқ забони ӯст.
Худшиносӣ бо забони миллат аст,
Ҳар касе дорад забон бодавлат аст.
ИФТИХОР АЗ САРВАРИ ОҚИЛ КУНЕМ
- Подробности
-
12 Сен 2017
- Опубликовано 12.09.2017 10:40
Инак, тӯли 26 соли Истиқлолияти давлатӣ мардуми сарбаланди тоҷик аз файзу баракати он баҳравар буда, дар давлати соҳибистиқлол, дар фазои сулҳу ваҳдати комилу деринтизор кору пайкор доранд. Шояд ин 26 соли ободию ободкорӣ ва озодӣ дар назди таърих муддати зиёду чашмгире нест, аммо дар ҳамин муддати кӯтоҳи таърих халқи сарбаланди тоҷик бо пешрафтҳои назаррасе дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ноил гардиданд. Ҳамаи ин ва дигар дастоварду пешравиҳо аз файзу баракати санаи хотирмони 9 сентябри соли 1991 буд. Дар ин рӯзи сарнавиштсозу мардумсоз Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки он ибтидои ҳаёти нав, низоми нав, тафаккури нав, масъулияту вазифаҳои нав дар назди мардум гардид. Бо ин ҳама ибтидои неку умедворкунанда сарнавишти талху ҷонгудозе мардуми моро дар пай будааст. Зеро ашхосу қудратҳои манфиатҷӯе аз ҳастии худ дарак доданд, ки халқи тоҷикро, ҷомеаи моро, ки мехостанд аз ҳавои озодию истиқлолият нафас бигиранд, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Таърих паёмадҳои ногувори гузаштаро дар тақдири ин миллат боз як бори дигар ва барои охирин бор такрор намуд. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби шоири маъруф Бозор Собир аст, ки гуфта:
Қиссаи мурғи Самандар пеши ман афсона нест,
Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст.
Он ки месӯзад, вале аз тӯдаи хокистараш
Мекунад парвоз чун парандаи оташпараст.
Бо он ки хатари пурра аз байн рафтани давлати тозабунёди тоҷикон сарзамини моро таҳдид мекард, боз ҳам Худованд марди шариферо ба сари қудрат овард, ки бо ивази ҷавонмардии бемонанд, нотарсии тоҷикона ва хираду маърифати аз гузаштаи пурифтихори худ ба ирс гирифта, яъне Эмомалӣ Раҳмон тавонист ватанро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшад. Нафақат ӯ ватанро аз вартаи нобудӣ раҳо кард, балки давлате бунёд намуд, ки имрӯз таҷрибаи онро дар мақоми давлатсозӣ дигар кишварҳои ҷангзада мавриди омӯзиш қарор додаанд ва мо бо он фахру сарбаландӣ дорем. Ҳамин аст, ки имрӯз шукӯҳ ва шаҳомати Истиқлолияти Тоҷикистон бо қудрату неруи нав дар ҳоли пеш рафтан қарор дорад. Ҳамин аст, ки сокинони кишвар ифтихор бо сарвари оқилу донои худ мекунанд.
Бунёди шоҳроҳҳои азим, барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар, неругоҳҳои хурду миёна, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, бунёди нақбҳо, ташкилу баргузории ҷашнвораҳои фарҳангию таърихӣ, ҳамкориҳо бо кишварҳои дуру наздик ва пешрафтаи ҷаҳон ва ғайра гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Пас, дар назди мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин ба баъд танҳо масъалаи ҳифзу нигаҳдошти ин арзишҳои муқаддасу пок меистад, ки онро ҳифз намоянд. Зеро манфиатҷӯёну бадкорон ва душманон ҳоло ҳам дар каминанд.
Итминони комил дорем, ки мардуми сарбаланду сарафрози тоҷик ин дастоварду пешрафтҳо ва ваҳдату истиқлолияти бо нархи гарон бадастовардаи худро дигар ҳаргиз аз даст раҳо нахоҳанд кард.
Ҳ. БУЗУРГЗОДА.
ҲУНАР - ЧАШМАИ ЗОЯНДАЮ ДАВЛАТИ ПОЯНДА
- Подробности
-
30 Окт 2017
- Опубликовано 30.10.2017 10:48
Дар шароити кунунӣ на ҳама ба ҷои кор таъмин мегарданду аз ҳисоби таҳсилашон соҳиби қути лоямут мегарданд. Мусаллам аст, ки агар дар ҷамъият сафи нафарони бекор зиёд шуд, ҷинояткорӣ, дӯздиву қаллобӣ ва дар умум, ҳама корҳои бад низ зиёд мешавад. Дар ин росто ободонию пешрафт низ рӯ ба таназзул ниҳода пешрафту бунёдкорӣ кам мегардад. Барои дар ҳаёт бекор намондан ва машғул будан, ҳар фардро месазад, ки ҳатман як ҳунарро аз худ кунад ва ба василаи он роҳу равиши зиндагии худро муайян намояд. Ҳолати кунунӣ низ аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки барои таъмини оила ва пеш бурдани оилаву зиндагӣ, ҳатман бояд ягон ҳунар дошта бошему ба василаи он рӯзгорамонро сомон бахшем. Боиси хушбахтию сарфарозии мо ҷавонон аст, ки имрӯзҳо маҳз бо ташаббуси Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳо барои аз худ намудани касбу ҳунарҳо муҳайё гардидааст. Ҳунарманд вақти худро манфиатнок истифода мебарад, ба беҳудакорӣ машғул намешавад, ба шарофати ҳунар ва меҳнати ҳалоли худ нони худро меёбад. Ҳунар омӯхтан ҳам аз кас танҳо фаҳмиши баланд ва завқ доштанро талаб мекунад. Омӯзиши он агар як моҳ ва ё як солро дар бар гирад, манфиати он то охири умр ба ҳунарманд басанда аст. Албатта ҳунарманд шудан аз омӯхтани касб сарчашма мегирад. Вақто ки дар бораи касб омӯхтан сухан меронем, бояд шавқу ҳаваси омӯзандаро низ ба инобат гирем. Дар баъзе ҳолатҳо интихоби дурусту мустақилона ва озоди касб шахсро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Аммо баъзан бемасъулиятона ва нодуруст пеша кардани он боиси дилмондагию пушаймонӣ шуда, дар оянда инсонҳоро ба ташвишҳои зиёд рӯ ба рӯ месозад. Боиси фараҳмандист, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар тамоми манотиқи кишвар шуъбаҳои алоҳидаи худро, махсусан барои ҳунарманду касбомӯзони қишри мухталифи ҷомеа роҳандозӣ намудааст. Аз рӯи кору фаъолияти шуъбаҳо дақиқ мегардад, ки имрӯз онҳо дар самти пешгирифтаашон ба таври назаррас муваффақ гардидаанд. Аз ҷумла шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи мо низ аз соли таъсисёбӣ то инҷониб фаъолияти судманду самарабахш карда истодааст. Чуноне маълум аст, шуъбаи мазкур ҳамеша баҳри ҷавононе, ки қобилияти дар макотиби олӣ таҳсил карданро надоранд, пайваста курсҳои кӯтоҳмуддатро аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, муҳандисӣ, гулдӯзӣ ва ғайраҳо ташкил мекунад. Ҳамасола 120 нафар бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои худ, шомили таҳсили курсҳои кӯтоҳмуддат дар назди Агентӣ мешаванд. Аз ин ҳисоб 90 то 95 фисади касбомӯзони курсҳои кӯтоҳмуддатро хатмнамуда, соҳиби ҳунар мегарданд. Шуъбаи Агентии меҳнат дар баробари дигар вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо бо назардошти «Соли Ҷавонон» имсол шумораи ҷойҳоро барои таҳсили курсҳо зиёд намудааст. Дар соли 2017 то моҳи август 161 нафар ҳуҷҷатҳои худро барои таҳсил пешниҳод намуданд. Ҳамчунин шуъбаи Агентӣ дар ноҳия барои шахсони бекор ва кам кардани сафи корҷӯён дар як сол ду маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холиро мегузаронад. Маҳз ба василаи гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ 11 нафар мутахассисони бекор ба ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Имрӯз бо ин ҳама шароит ҳар нафар метавонад, дар як муддати кӯтоҳ дилхоҳ касбу ҳунарро аз худ намояд. Аммо мушкилии асосӣ дар он аст, ки алҳол як қисми ҷавонони мо вақти худро беҳуда сарф карда, майли омӯхтани ин ё он касбу ҳунарро надоранд. Таассуфангез аст, ки баъзе ҷавононамон ҳунару ҳунаромӯзиро масрафи вақт ва кори беҳуда медонанд. Дар ҳоле, ки Саидои Насафӣ ҳамоно ба мо панд медиҳад:
Ҷӯйи шир ояд бурун аз кӯҳ баҳри кӯҳкан,
Ризқи худ соҳибҳунар аз санг ҳосил мекунад.
ИСТИҚЛОЛИЯТ- БЕҲТАРИН НЕЪМАТИ ЗИНДАГӢ
- Подробности
-
12 Сен 2017
- Опубликовано 12.09.2017 10:39
Истиқлолият меваи ширини зиндагист, ки ба даст овардани он орзуву омоли ҳар миллату давлат мебошад. Истиқлолияти миллати тоҷик таҷассумгари Сулҳу Ваҳдати бемисл, оромиши бепоён, зиндагии арзанда, озодии тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Ҷавонони кишвари азизамон ҳамсину ҳамрадифи истиқлоланд ва имрӯз аз меваи шаҳдбори он лаззат мебаранд. Ҷашни 26–умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо дар қалбу рӯҳи наврасон бо оҳанги савганду вафодорӣ садо дода, онҳоро ба сӯйи ояндасозии давлати навину мутамаддин ҳидоят менамояд.
Сулҳу ваҳдати миллӣ, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмии миёни мардумро таҷассум мекунад. Бинобар ин, Истиқлолият – беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди кишвар ва ҳастии инсон дар замин аст. Имрӯзҳо иттифоқу ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид гардидааст. Инчунин таҷриба ва роҳҳои чӣ гуна ба даст овардани истиқлолият барои хурду бузурги ватанамон мисли рӯз равшан аст. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши худро ба рушди давлату миллат равона кард. Кушодашавии роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, насби пулҳо миёни давлатҳои ҳаммарз ин далолат аз сиёсати дари бозу беғаразонаи давлати соҳибистиқлоли миллати тоҷик мебошад. Дастоварду натиҷаҳои назаррас дар бахшҳои гуногун далели ифтихору худогоҳии миллии ҳар як соҳибватани тоҷик аст.
Мардуми тоҷик бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, аз мулоҳизакору дурандеш будани худ дарак дод, ки имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд ва миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷораташонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол мебошад.
Дар ҳақиқат баъди ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар тамоми рукнҳои давлатдорӣ, ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии ҷомеа ба амал овардани тағйироти куллӣ шароити мусоид фароҳам омад. Бо шарофати истиқлол кишвари азизамон дар роҳи бунёди ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пирӯзмандона пеш меравад. Инкишофи устувор ва пай дар пай дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва миллӣ назаррас буда, гузариш ва муносибатҳои нави иҷтимоию иқтисодӣ ҳарчи бештар густариш меёбанд. Иқтисоди миллӣ тадриҷан ба талаботи иқтисоди бозории ҷаҳонӣ мутобиқ мегардад.
Миллати тоҷик аз қадимулайём мардуми озодипарасту озодихоҳ буданд. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буд, вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав барои таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ба мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид, ки хушбахтона бо ташаббуси Пешвои миллат ин мушкилиҳо бартараф шуд. Мо, тоҷикон танҳо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона метавонем истиқлолияти худро ҳифз бикунему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа, оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат аз дараҷаи маърифатнокии ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан, насли ояндасози миллат-ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки ояндаи тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши онҳо гузошта мешавад. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати сохибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем. Ҳарчанд бо шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.
Мақсад аз таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ расидан ба қадру манзалати иттиҳоду ҳамбастагӣ ва дар асоси маърифати инсондӯстонаи ниёгонамон ҳифз кардану муқаддас нигоҳ доштани ваҳдату якдилӣ мебошад.
Бигузор, ба бахти мову шумо ва наслҳои ояндаи Ватани маҳбубамон тинҷию амонӣ, сулҳу салоҳ, ваҳдату якпорчагӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ пойдору ҷовидон бимонад.
Исмоилзода У.С., и.в. прокурори ноҳия, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1.
ШУКӮҲИ ТАҶЛИЛИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
- Подробности
-
27 Сен 2017
- Опубликовано 27.09.2017 10:15
Дар саросари кишварамон ҷашни 26 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Рӯзе, ки дар саҳифаҳои таърихи кишвари мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаву фаромӯшнопазир аст ва барои ҳар фарди баору номуси тоҷик азиз аст, фаро расид. Аз ин санаи тақдирсози миллат 26 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, он садсолаҳо аҳамияти таърихии худро гум нахоҳад кард. Зеро ин санаи тақдирсоз ифодагари ба даст овардани неъмати бузург Истиқлолияти кишварамон буда, аз гом гузоштани мардуми тоҷик ба ҳаёти осоиштаву дастовардҳои калон дар ҳамаи самтҳои ҳаёт гувоҳӣ медиҳад.
Сокинони ноҳияи Файзобод ҳам Рӯзи Истиқлолияти кишварро бо дастовардҳои калони меҳнатӣ таҷлил намуданд. Қариб дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ноҳия дигаргуниҳо меҳнаткашони Файзободро даст додааст.
Дар рӯзи ид бошад, маркази ноҳия, шаҳраки Файзобод намуди идона дошт. Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил шуда буд, харидорони зиёдеро ҷалб намуд.
Арафаи иди соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия иншооти гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ дар ҳамаи деҳоти ноҳия мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд. Оғози рӯзи ид меҳмонону ҳозирин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани рамзи “Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон”, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе –Хоруғ бунёд шудааст, иштирок карданд. Сипас дар маркази ноҳия маркази савдои соҳибкор Маҳмадшариф Комилов, майдончаи варзишӣ дар боғи “40-солагии Ғалаба”, кушода шуда, Парчами миллӣ дар маркази шаҳраки Файзобод парафшон шуд.
Тантанаҳои идонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Варзишгоҳи марказии ноҳия, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои 4000 ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст, оғоз гардид. Роҳбарияти Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, меҳмонон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба базмгоҳ ворид шуда, сараввал аз намоишгоҳҳои оростаи ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, ки бозгӯи фаъолияти меҳнаткашони ноҳия аст, дидан намуданд. Ҳама ҷо мардум хурсандӣ мекард ва чеҳраҳошонро рӯҳияи идона фаро гирифта буд.
Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллӣ Раҷабзода Миралӣ сокинони ноҳияро бо фарорасии ин рӯзи Саиду хотирмон табрик намуда, таъкид дошт, ки меҳнаткашони ноҳия барои дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани рӯзи Истиқлолияти миллӣ бо тамоми ҳастӣ кору пайкор намуданд ва боварӣ бахшид, ки сокинони Файзобод ҳам баҳри ободии ватан, пешрафти Тоҷикистони азиз, пурмаҳсул меҳнат менамоянд, то кишвар дар миқёси ҷаҳон боз ҳам шинохта бошад.
Намояндаи Ҳукумати мамлакат, мушовири бахши ёрдамчии Президенти мамлакат Фаррух Умаров аз номи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар сокинони ноҳияро табрик гуфт.
Сипас саҳнаи театрикунонидашудаи санъаткорони ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки он хеле диданӣ ва хотирмон буд.
Таҷлили пуршукӯҳи иди Истиқлолият дар ноҳия бозгӯи рӯзгори хушу сарбаландии мардуми ин диёр буд.
Иди Истиқлол
- Подробности
-
12 Сен 2017
- Опубликовано 12.09.2017 10:35
Ид омаду ид омад, эй мардуми некиқбол,
Меҳан тарабафшон шуд аз мақдами Истиқлол.
Раҳбар ба бари мардум, мо фахр ба он дорем,
Бин, рӯзи саид омад, хурсандии беамсол.
Озодию ободӣ, хушбахтию ҳам шодӣ,
Бо савту наво созем онро ҳама истиқбол.
Ин шодиву оромӣ акси самари сулҳ аст,
Истиқлолу ҳам Сарвар дар тантана садҳо сол.
Сериву фаровонӣ, хушҳолию арзонӣ,
Кишвар чу гулистон шуд, кардем чу дарки ҳол.
Истиқлолу истеҳсол, танзим дар истеъмол,
Маҳсул фаровон шуд, гаштем ҳама хушҳол.
Аз давлати осуда сад шукру сипос имрӯз,
Истиқлолу истиқбол дар даҳр бишуд хушбол.
Хуҷанду Ҳисору Рашт гардида басо обод,
Кӯлобу Бадахшон шуд пайванд ба ҳам алҳол.
Бо ҳикмати Сарвар мо гаштем накуомол,
Мулкам чаманистон шуд бо сарвату бо амвол.
Ниҳонӣ.
БАҲОИ БАЛАНД БА ҲУНАРМАНДОНИ ФАЙЗОБОД
- Подробности
-
12 Сен 2017
- Опубликовано 12.09.2017 10:57
Аввали моҳи август даромадгоҳи филармонияи халқии ноҳия ба худ намои идонае дошт. Гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонону наврасон ва калонсолон бо ваҷоҳати пур аз шодию хурсандӣ ба сӯи ин бинои боҳашамат раҳсипор буданд.
Вақте ки мо дохили долони васею барҳавои бинои ин қаср гардидем, он ҷо аллакай пур аз тамошобин ва онҳое, ки аз ҷамоатҳои дуру наздики ноҳия намунаҳое аз ҳунару фарҳанги маҳали худро ба тамошобинон омодаи намоиш додан буданд.
Ин қисмати аввали барномаи Низомномаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷадиёти халқ “Бӯстон - 2017” буд, ки ба унвони “Бахши ҳунарҳои мардумӣ” намоиш дода мешуд.
Мусаллам аст, ки ҳамасола ноҳияи Файзобод яке аз пештозони ин бахши барномаи озмунҳои баргузоргардида ба шумор меояд. Зеро ҷамоатҳову маҳаллаҳои алоҳидаи ноҳия дар ташкилу баргузории ин бахш анвоъи гуногуни ҳунарҳои худро ба намоиш гузошта буданд, ки он аз тарафи ҳакамони Фестивал-озмун низ баҳои баланд гирифт.
Барномаи ҳунарии санъаткорони ноҳияи Файзобод дар доираи Низомномаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷадиёти халқ “Бӯстон - 2017” бо “Базми наво” ном оҳанги Амирбек Мӯсоев ва Қурбони Қурбониён дар иҷрои ансамбли созҳои миллӣ оғоз ёфт.
Қарсакҳои бардавому пурмавҷи аҳли толор аз навозиши зебову дилнишин ва маҳорати иҷрокунандагони созҳои миллӣ гувоҳӣ медод.
Тамошобинони толор пайи ҳам суруди “Тоҷикистон” дар иҷрои Сангова Шукрона, бадеҳа “Ба ғам ёрам ту кардӣ” иҷрокунандагон Ғазозода Оятулло ва Рамзия Набиева, рақси умумии “Дугонаҳо” дар иҷрои гурӯҳи гулдухтарон, рақси якка “Рақс бикун” дар иҷрои Нурализода Садорат, “Савти кӯҳистон” навозиш бо дутор дар иҷрои Султонмурод Ҳасанов, рақси мардона “Савти Бадахшон” дар иҷрои Мирзомуродзода Умедҷон, саҳначаи ҳаҷвӣ “Танзим аз нигоҳи шумо” ва хониши бадеиро дар иҷрои Рӯҳафзо Гулова бо як кайфияти волову рӯҳи болида тамошо карданд.
Вале бештар аз ҳама рақси зебову дар ҳадди касбӣ иҷронамудаи духтараки резапайкару зебо ва хандонрӯ Садорати Нурализода тамошобинонро ба ҳайрат оварда буд. Бахши аз нисф зиёди тамошогарон дар зери навои “Рақс бикун” ҳамроҳи Садорат дар толор ба рақс омада буданд.
Вақте ки хониши бадеии шеъри “Модар” дар иҷрои духтараки хурдпайкари зебо Гулова Рӯҳафзо садо дод, дар толори бузурги қасри фарҳанг ҳама гӯшу ҳуш шуда буданд. Ҳам сару либоси мувофиқ, ҳам ҳаракатҳои ба мазмуни матни шеър баробар, бар замми ин овози ниҳоят ширадору пуртаъсир ва талаффӯзи софу беғаш кулли тамошобинонро ончунон мафтун гардонида буд, ки ҳама худро як лаҳза дар дунёи пурумеду пурармони модари дилогоҳ тасаввур менамуданд. Дар ҳақиқат ин қироат дар иҷрои ин зебодухтар дар ҳадди олии касбӣ иҷро гардид, ки ҳакамон ва ҳам тамошобинон инро бараъло эҳсос намуда, якдилона баён ва эътироф намуданд.
Дар бахши баҳогузорӣ ба истеъдод ва ҳунари иштирокчиёни озмун гурӯҳи ҳакамон бо роҳбарии ҳунарманд ва оҳангсози маъруфи кишвар Амирбек Мӯсоев ба саҳна баромаданд. Амирбек Мӯсоев аз номи гурӯҳи ҳайати ҳакамон изҳори назар намуда, бардошти худро аз ин барномаи ҷолибу рангин баён намуд. Махсусан, ӯ қайд кард, ки ба бахти ҳаводорони фарҳангу санъати ноҳияи файзбори Файзобод, мо, ҳайати ҳакамон бо мақсади аслии худ расидем. Чунки мақсад аз ташкилу баргузории ин Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷадиёти халқ “Бӯстон - 2017” дарёфти истеъдодҳои наву нодир аз гӯшаю канори дуру наздики кишварамон мебошад, ки мисоли инро мо дар ноҳияи Файзобод мушоҳида кардем. Хусусан дар хониши бадеӣ Рӯҳафзо Гулова, дар рақси якка Нурализода Садорат, дар навозиши дутор Султонмурод Ҳасанов ва иҷрокунандагони саҳначаи ҳаҷвии “Танзим аз нигоҳи шумо” аллакай истиеъдодҳои нотакрору беназиранд, ки рушду шукуфоии санъату фарҳанг дар оянда ба ҳаминҳо марбут мешавад. Дар анҷом ӯ ба ҳамаи аъзоёни нуҳ номераи интихобшуда барои даври оянда диплому ифтихорномаҳо супорид.
Ҳамчунин ҳайати ҳакамони озмун сипос ва миннатдории худро аз ташкилу баргузории чунин барномаи ҷолибу рангин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ба мудири бахши фарҳанги ноҳия Кароматулло Соҳибназаров, ба коргардон, роҳбари бадеӣ ва роҳбари мусиқӣ баён намуданд.
Ҷонишини раиси ноҳия Раҷабова Н. Ҷ. аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба тамоми аҳли нишаст ва дастандаркорони чунин як барномаи ҳунарии ҷолибу зебо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Ба ҳайати ҳакамони озмун барои ҳақиқатнигорона ва шаффофона баҳогузориашон изҳори ташаккур намуда, ҳамзамон ҳозиринро бовар кунониданд, ки мардуми сарбаланду санъатдӯсту санъатофарини ноҳияи Файзобод дар ин самт дорои анъанаҳои неку қавианд ва ба кишвари азизамон санъаткорони шуҳратёру некномро додаанд ва дар оянда ҳам ин анъанаи худро идома дода, дар даврҳои навбатӣ низ номи диёрамонро ба қуллаҳои баландтар боло мебаранд.
Ҳикматуллои БУЗУРГ.
Ганљи бебањо
- Подробности
-
10 Авг 2017
- Опубликовано 10.08.2017 08:16
Дониш зи китоб асту китоб асту китоб,
Хониш, ки савоб асту савоб асту савоб.
Аз бузургии китоб ва ањамияти он дар тарбияи ахлоќии инсон бисёр гуфтаанду фаровон навиштаанд. Китоб сайќалдињандаи фаросати инсон аст. Њар ки пайваста мехонад, гуфтораш, рафтораш аз нохондањо фарќ мекунад. Чизе, ки аз одам бо дуздї гирифта намешавад, донишест, ки аз китоб бо машаќќату шабзиндадорї ба даст овардааст.
Рањматии бародарам Њомид Љомизода аз омўзгорони шинохтаи забон ва адабиёти тољик дар ноњияи Фаизобод эътироф мешуд. Солњои зиёд гузашт аз рафтанаш, вале шогирдонаш имрўз њам бо некї ёдаш мекунанд. Ў дар тўли 27 соли омўзгорї шогирдони зиёд ба камол расонд. Хизматњояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон», медали «100-солагии В.И.Ленин» ва чандин ифтихорномањои Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ќадрдонї шуд. Њ.Љомизода саводи динї њам дошт. Шеър менавишту суруд мехонд. Думбура, дутор, ѓижжак менавохт.
Мо, бародарон Ќурбон, Љамшед, Шодиро мудом талќин мекард, ки бештар китоб хонем. Мегуфт:-«Китобро хор накунед, ки хор мешавед». Баъзан ману Љамшедро назди мизаш рост монда аввал аз тайёриамон ба дарсњо пурсон мешуд, баъд аз китобњои бадеие, ки супориш дода буд. Аз мо ќаноат њосил карда, ба корњои худ машѓул мешуд.
Ў аввалин маротиба ба мо хондани китобњои устод Айнї «Ёдоштњо», романи «Дохунда», повестњои «Одина» ва «Марги судхўр»-ро тавсия дод. Бо маслињати ў «Обутоб ёфтани пўлод»-и , Н.Островский, «Субњи љавонии мо»-и Сотим Улуѓзода, «Духтари оташ», «Дувоздањ дарвозаи Бухоро»- и Љалол Икромї, «Нанг ва номус»-и Муњиддин Хољаев, «Њар беша гумон мабар, ки холист»-и Фотењ Ниёзї, романи «Модар»-и Максим Горкийро мутолиа кардем. Њамчунин моро ба хондани адабиёти љањон, аз бар кардани шеъри шоирони классик ва муосир роњнамої мекард.
Ин мисолњоро барои он овардем, ки њаёти љовонии мо, бачањои дењотї, ана њамин тавр мегузашт. Вале, афсўс, имрўз мењру муњаббат, самимияту мењрубонї байни њамсояњо, муаллимон, ходимони дин, бародарону калонсолон коста гаштааст. Чуноне, ки мегўянд, «Њар киву њар чї». Мешунавем, мушоњида мекунем, ки љавонон ба хондани китоби бадеї, рўзномаю маљаллањо кам раѓбат дошта, бештар ба тамошои филмњои фањшу зўроварї, куштору вайронкорї, истифодаи бемавриди телефонњои мобилї машѓуланд. Ана њамин гуна амалу рафтор наврасону љавононро ба бадањлоќию вайронкорї мебарад. Љавоне, ки майлу њаваси хондан надорад, бовар кунед, падару модари худ, дењаи худ, мактабу њамсинфи худро дўст намедорад. Ин бадбахтист! Мушоњида карда бошед, аксари наврасону талабањои мактаб, донишљўёни донишкадањо соњиби якто не, дуто телефони мобилї њастанд. Онњо рўи роњу дохили наќлиёт, дар бозору маѓоза хуллас, куљое рост ояд, суханњои зишту ѓализ мегўянд. Боварї дорам, ки ин ќабил љавонон аз китоб бўе набардоштаанд. Дигар ин ки ба љавонони имрўза таќлиди либоспўшии мардуми бегона таъсир расондааст.
Мо намегўем,ки љавонони мо техникаю технологияи замонро истифода набаранд. Вале њар чиз меъёр дорад. Бояд таълиму тарбияи насли наврас доир ба омўзиши технологияи навин ба мактаббачагон дар мадди аввал бошад. Хуб аст, ки бештари љавонон бо технологияи замон хуб кор мекунанд, вале калонсолон бояд гўянд, ки онњо аз сомонањои интернетї чиро истифода баранду чиро не. Љавонони имрўза бештар ба шабакањои интернет мисли «Однокласник», «Фейсбук», «Яндекс», «Вайбер», «Ватсаб», «Факсдок», «В контакте», «Твитер», «Инстогррам» ва ѓайра пайваст шуданро бештар мехоњанд. Хуб аст, вале хондани асарњои тарбиявї мисли «Футуватнома»-и Њусайн Воизи Кошифї, «Маснавии маънавї»-и Мавлавї, «Шоњнома»-и Фирдавсї, «Кимиёи хирад», «Кимиёи саодат» фоидабахштаранд. Ин асарњо дар сайтњои интернетї љой дода шудаанд. Њама амалњо дар меъёри аќлу хирад натиља медињад, вале кам хондану кам азбар кардан касро бо гумроњї мебарад. Як нуќтаро ќайд кунам, шояд хато нашавад: нависандагон, рўзноманигорон, кормандони радиову телевизион, асарњои хонданбоб, барномањои шуниданбоб, намоишњои бењтарини тарбиявї пешкаш мекунанд. Ин кори осон нест. Зањмати зиёдро талаб мекунад. Вале аз пешнињоди онњо боз њамон эљодкорон истифода мебаранд. Нохондањо, ба ифодаи дигар, ба хондан раѓбат надоштањо дар канор мемонанд.
Чизи дигар касро дар њайрат мемонад: њангоми обуна шудан ба маљаллаю рўзномањо, байни сарварону кормандони ташкилоту муассисањо норозигї ба амал меояд. Намеандешем, ки барои корњои бефоидаю зараровар чї ќадар маблаѓ масраф мекунему барои номнавис шудан ба рўзномаю маљаллањо пофишорї мекунем. Банда боре хостам як рисолаи таърихї оид ба маорифчиёни Файзобод нависам. Мудири шуъбаи ваќт Шаъбон Восеев маќсади маро хело хуш ќабул кард ва ба шўрои директорон даъват намуд. Дар маљлисгоњ сухани аввалро ба ман дод, то маќсадамро баён кунам. Аз толор Зайдулло Давлатов, корманди шуъбаи маориф гуфт:- «Мо аз мактабњо мавод омода кунем, худамон китоб менависем». Дарро задам, девор кафид. Агар китобнависї кори сањлу осон мешуд, њама ќалами нависандагї мегирифт. Мисоли дигар. Дар маъракае муллои нахонда аз Шайх Аттор сухан кард ва чанд шеърро ѓалат хонд. Ман гуфтам:- «Мураттиби «Чањор китоб» Шайх Аттор аст, ки аз назми Саної, Ѓаззолї ва дигарон оварда шудааст». Мулло гиребон дошта тавбакунон таъкид кард: «Муаллим, тавба кунед, ки гунањгор шудед». Албатта, ман суст наомада нимчамуллоро дар «љояш шинондам». Лекин гап њамин аст, ки агар мулло хондагї мешуд, моро «гунањгор» њукм намекард.
Пешвои миллат Эмомалї Рањмон таъкид мекунад, ки китобхониву китобдўстї инсонро ба ќуллаи мурод мерасонад, ўро њиматбаланду ќадршинос мегардонад. «Эњтиром ба Ватан, ифтихор бо Тољикистони азиз, дўст доштани њар гўшаю канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар кардани матнњои он ба даст меояд». Модоме Роњбари давлат чунин аќида пешнињод менамояд, чаро мо рў ба китобу китобхонї наорем?! Дар шањраки Файзобод, дар маркази маъмурии њар љамоат ва мактабњо китобхонањои пур аз ганљ мављуданд, вале муштариёни онњо ангуштшуморанд.
Китоб пойдевори мактабу нигоњдорандаи таърихи њар миллат аст. Аз замоне, ки инсон хешро шинохт, барои худ, фарзандон, миллат ва ояндааш рў ба китобу мактаб овард. Муаллифи асари «Филобиблон», яке аз ходимони давлатии асри сездањи Англия Ричард Берї навиштаљоте дорад: «Манорањо аз рўйи замин нест шуданд, давлатњо аз байн рафтанд, пештоќњои нуќрагини зиёде пўсида ба хок яксон шуданд. Ягон шоњ ё пешвои дин чизе барои гарави абадият пайдо накардааст, ба љуз китоб». Дар њаќиќат китоб абадияти инсониятро нигоњ медорад. Њар кас, ки адабиёти замони шўравиро вараќ гардонад, мебинад, ки муаллифони зиёде навиштаанд: «Тољикон то инќилоб чизе надоштанд». Њатто дар эљодиёти нависандагони ватанї суханњои зикршуда такрор мешаванд. Магар ба ин андешаи ѓалат метавон розї шуд?! Моро лозим аст, ки таърихи худро омўзем ва дониста нависем. Агар то инќилоб мо чизе надошта бошем, пас он давлатњои пешин, марказњои илмї, мадрасањои тоинќилобї, забон, расму оин, сару либос, фарњангу адабиёт, миллат аз куљо мављудият пайдо карданд?!
Имрўз шукронаи истиќлолияту ободии ватанро карда дар фазои софу беѓубораш озодона нафас гирем, аз пешравињои фарњанг, илму адабиёт бархурдор бошем. Хуб мешавад, ки насињати Абдурањмони Љомиро дар гўш бигирем:
Хуштар зи китоб дар љањон ёре нест,
Дар ѓамкадаи замона ѓамхоре нест.
Њар лањза аз ў ба гўшаи танњої,
Сад роњате њаст, њаргиз озоре нест.
Ќ.ЉОМЇ, рўзноманигор.