ИҶТИМОЪ
БАҲОИ БАЛАНД БА ҲУНАРМАНДОНИ ФАЙЗОБОД
- Подробности
-
12 Сен 2017
- Опубликовано 12.09.2017 10:57
Аввали моҳи август даромадгоҳи филармонияи халқии ноҳия ба худ намои идонае дошт. Гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонону наврасон ва калонсолон бо ваҷоҳати пур аз шодию хурсандӣ ба сӯи ин бинои боҳашамат раҳсипор буданд.
Вақте ки мо дохили долони васею барҳавои бинои ин қаср гардидем, он ҷо аллакай пур аз тамошобин ва онҳое, ки аз ҷамоатҳои дуру наздики ноҳия намунаҳое аз ҳунару фарҳанги маҳали худро ба тамошобинон омодаи намоиш додан буданд.
Ин қисмати аввали барномаи Низомномаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷадиёти халқ “Бӯстон - 2017” буд, ки ба унвони “Бахши ҳунарҳои мардумӣ” намоиш дода мешуд.
Мусаллам аст, ки ҳамасола ноҳияи Файзобод яке аз пештозони ин бахши барномаи озмунҳои баргузоргардида ба шумор меояд. Зеро ҷамоатҳову маҳаллаҳои алоҳидаи ноҳия дар ташкилу баргузории ин бахш анвоъи гуногуни ҳунарҳои худро ба намоиш гузошта буданд, ки он аз тарафи ҳакамони Фестивал-озмун низ баҳои баланд гирифт.
Барномаи ҳунарии санъаткорони ноҳияи Файзобод дар доираи Низомномаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷадиёти халқ “Бӯстон - 2017” бо “Базми наво” ном оҳанги Амирбек Мӯсоев ва Қурбони Қурбониён дар иҷрои ансамбли созҳои миллӣ оғоз ёфт.
Қарсакҳои бардавому пурмавҷи аҳли толор аз навозиши зебову дилнишин ва маҳорати иҷрокунандагони созҳои миллӣ гувоҳӣ медод.
Тамошобинони толор пайи ҳам суруди “Тоҷикистон” дар иҷрои Сангова Шукрона, бадеҳа “Ба ғам ёрам ту кардӣ” иҷрокунандагон Ғазозода Оятулло ва Рамзия Набиева, рақси умумии “Дугонаҳо” дар иҷрои гурӯҳи гулдухтарон, рақси якка “Рақс бикун” дар иҷрои Нурализода Садорат, “Савти кӯҳистон” навозиш бо дутор дар иҷрои Султонмурод Ҳасанов, рақси мардона “Савти Бадахшон” дар иҷрои Мирзомуродзода Умедҷон, саҳначаи ҳаҷвӣ “Танзим аз нигоҳи шумо” ва хониши бадеиро дар иҷрои Рӯҳафзо Гулова бо як кайфияти волову рӯҳи болида тамошо карданд.
Вале бештар аз ҳама рақси зебову дар ҳадди касбӣ иҷронамудаи духтараки резапайкару зебо ва хандонрӯ Садорати Нурализода тамошобинонро ба ҳайрат оварда буд. Бахши аз нисф зиёди тамошогарон дар зери навои “Рақс бикун” ҳамроҳи Садорат дар толор ба рақс омада буданд.
Вақте ки хониши бадеии шеъри “Модар” дар иҷрои духтараки хурдпайкари зебо Гулова Рӯҳафзо садо дод, дар толори бузурги қасри фарҳанг ҳама гӯшу ҳуш шуда буданд. Ҳам сару либоси мувофиқ, ҳам ҳаракатҳои ба мазмуни матни шеър баробар, бар замми ин овози ниҳоят ширадору пуртаъсир ва талаффӯзи софу беғаш кулли тамошобинонро ончунон мафтун гардонида буд, ки ҳама худро як лаҳза дар дунёи пурумеду пурармони модари дилогоҳ тасаввур менамуданд. Дар ҳақиқат ин қироат дар иҷрои ин зебодухтар дар ҳадди олии касбӣ иҷро гардид, ки ҳакамон ва ҳам тамошобинон инро бараъло эҳсос намуда, якдилона баён ва эътироф намуданд.
Дар бахши баҳогузорӣ ба истеъдод ва ҳунари иштирокчиёни озмун гурӯҳи ҳакамон бо роҳбарии ҳунарманд ва оҳангсози маъруфи кишвар Амирбек Мӯсоев ба саҳна баромаданд. Амирбек Мӯсоев аз номи гурӯҳи ҳайати ҳакамон изҳори назар намуда, бардошти худро аз ин барномаи ҷолибу рангин баён намуд. Махсусан, ӯ қайд кард, ки ба бахти ҳаводорони фарҳангу санъати ноҳияи файзбори Файзобод, мо, ҳайати ҳакамон бо мақсади аслии худ расидем. Чунки мақсад аз ташкилу баргузории ин Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷадиёти халқ “Бӯстон - 2017” дарёфти истеъдодҳои наву нодир аз гӯшаю канори дуру наздики кишварамон мебошад, ки мисоли инро мо дар ноҳияи Файзобод мушоҳида кардем. Хусусан дар хониши бадеӣ Рӯҳафзо Гулова, дар рақси якка Нурализода Садорат, дар навозиши дутор Султонмурод Ҳасанов ва иҷрокунандагони саҳначаи ҳаҷвии “Танзим аз нигоҳи шумо” аллакай истиеъдодҳои нотакрору беназиранд, ки рушду шукуфоии санъату фарҳанг дар оянда ба ҳаминҳо марбут мешавад. Дар анҷом ӯ ба ҳамаи аъзоёни нуҳ номераи интихобшуда барои даври оянда диплому ифтихорномаҳо супорид.
Ҳамчунин ҳайати ҳакамони озмун сипос ва миннатдории худро аз ташкилу баргузории чунин барномаи ҷолибу рангин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ба мудири бахши фарҳанги ноҳия Кароматулло Соҳибназаров, ба коргардон, роҳбари бадеӣ ва роҳбари мусиқӣ баён намуданд.
Ҷонишини раиси ноҳия Раҷабова Н. Ҷ. аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба тамоми аҳли нишаст ва дастандаркорони чунин як барномаи ҳунарии ҷолибу зебо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Ба ҳайати ҳакамони озмун барои ҳақиқатнигорона ва шаффофона баҳогузориашон изҳори ташаккур намуда, ҳамзамон ҳозиринро бовар кунониданд, ки мардуми сарбаланду санъатдӯсту санъатофарини ноҳияи Файзобод дар ин самт дорои анъанаҳои неку қавианд ва ба кишвари азизамон санъаткорони шуҳратёру некномро додаанд ва дар оянда ҳам ин анъанаи худро идома дода, дар даврҳои навбатӣ низ номи диёрамонро ба қуллаҳои баландтар боло мебаранд.
Ҳикматуллои БУЗУРГ.