ИҶТИМОЪ
МАЪЮБОН БО МО БАРОБАРАНД
- Подробности
-
25 Июнь 2018
- Опубликовано 25.06.2018 16:37
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷомеа аз ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон бахшида ба «Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯзҳо дар саросари мамлакат чорабиниҳои гуногуни маърифатию сиёсӣ ва оммавию варзишӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст. Дар ҳамин замина, бо дастгирӣ ва маблағгузории Хазинаи маъюбони Финландия “Абилис” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷомеа оид ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқуи маъюбон ва ба тасвибрасонии он дар Тоҷикистон» чанде пеш чорабинии зикргардида гузаронида шуд, ки шарикони лоиҳаи мазкур ташкилоти ҷамъиятии «Пешравӣ», Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе-“Имконият”, Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд ва Созмони занони маъюб- “Иштирок” дар ҷараёни он ҳамоҳангсоз буданд.
14 ИЮН БА ТАЪСИСЁБИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД 87 СОЛ ПУР ШУД- КИШВАРЕ АЗ ВАШГИРД ЁДГОР
- Подробности
-
14 Июнь 2018
- Опубликовано 14.06.2018 10:28
Ҳар кӣ аз ин мулк бо табъи равоне меравад,
Меҳри Файзобод дар дил бо ҷаҳоне меравад.
Санаи 14 июни соли 1931 барои ноҳияи Файзобод ҳамчун рӯзи ҷудокунии марзи ҳудудӣ ва шинохти маъмурӣ дар даврони шӯравӣ эътироф гардидааст. То ба ин рӯз, пас аз сарнагун шудани Аморати Бухоро ва ташкил гардидани Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро, Файзобод яке аз туманҳои водии Ҳисор маҳсуб мешуд. Вақте Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон (соли 1924) ва Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) ташкил ёфтанд, ҳудуди имрӯзаи Файзобод (ба ғайр аз ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод) дар тобеияти ноҳияи Янгибозор, шаҳри Ваҳдати ҳозира қарор дошт. Мустақилияти ноҳияи Файзободро Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон бо қарори № 32 аз 14 июни соли 1931 қонунӣ гардонд. Ба тобеияти ноҳияи Файзобод нуҳ ҷамоат дохил мешуд: Файзобод, Гумбулоқ, Хоҷамард, Дубеда, Диишо, Шолипая, Норак, Чакалӣ, Меҳрозӣ, ва қисми деҳаҳои ҷамоати Яккабед (аз рӯи салоҳдиди кумитаҳои иҷроияҳои Файзободу Янгибозор). Маркази ноҳияи Файзобод деҳаи Дарагиён муқарар карда шуда буд.
НОЛАИ ҶОНСӮЗИ ПАДАР
- Подробности
-
13 Июнь 2018
- Опубликовано 13.06.2018 09:11
Падару модар дарахти сабзи низоми ҳар як халқият аст, ки фарзандон меваҳои шодоби он мебошанд. Волидайн замини пурбаракатеанд, ки бо неруи меҳрашон метавонанд насли наврасро барои рушду шукуфоии ояндаи миллат роҳнамоӣ кунанд.
БЕМОРИИ БРУТСЕЛЛЁЗ ЧИСТ?
- Подробности
-
13 Июнь 2018
- Опубликовано 13.06.2018 09:43
Солҳои охир, хусусан дар ҳудуи як қатор ҷамотҳои ноҳия бемории сироятии буғумдард (брутселлёз) хурӯҷ кардааст. Аз сабаби риоя накардани ҳолати беҳдоштӣ шумораи гирифторони бемории буғумдард зиёд шудааст, ки, албатта, ин ташвишовар ва боиси хароҷоти зиёди беморон шудааст.
ҲАММОМ
- Подробности
-
13 Июнь 2018
- Опубликовано 13.06.2018 09:08
Покӣ ва назофат аз сифатҳои ҳамидаи инсонӣ ба шумор меояд. Зеро масъалаи покӣ дар ҳамаи адабиётҳои халқ ва миллатҳои гуногун ва бо беҳтарин сифатҳо ёд ва васф шудааст. Чун гоҳи дар мавриди покӣ сухан рафтан, гуфтор аз боби ҳам покии ҷисмонӣ ва ҳам покии рӯҳӣ меравад. Чаро ки покии рӯҳ аз покии ҷисм бармеояд. Аз ин нигоҳ ҳар як инсон бояд ба покии ҷисм аҳамияти бештаре диҳад
МУАРРИФГАРИ САНЪАТИ НИЁГОН
- Подробности
-
13 Июнь 2018
- Опубликовано 13.06.2018 09:15
Тоҷикон дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои бостон то имрӯз бо ҳунарҳои гуногуни мардумии худ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классик ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик назар андозем, пеши рӯ ҳунарҳои зебое ҷилвагар мешаванд, ки ҳазорон сол умр доранд.дар тӯли солҳо мо нишонаҳои фарҳанги бостонии хешро дар пайванд бо табиат, инкишоф додем. Ин нукта дар “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» садо дод
ТАЛХИҲОИ ЗАБОНИ ШИРИН
- Подробности
-
13 Июнь 2018
- Опубликовано 13.06.2018 09:06
Ҳар касе, ки аз ҷониби роҳи калон ба бозори шаҳрак ворид мешавад, ҳатман ибораи «зелен гире, зелени свежий»-ро мешунавад. Зеро ин ифода аз забони як касу ду кас не, аз панҷ-шаш нафар холаҳою апаҳою хоҳарони ду ҷониби дарвоза шунида мешавад. Банда ҳар дафъаи пиёзу гашничу ҷавҳарӣ гирифтанам, чун калимаи «зелен»-ро мешунавам, таъкид мекунам: «Холаҷон, зелен не, кабудӣ гӯед». Холаҷону хоҳарҷонҳои мо «хайр, ина кабутӣ» гӯянд ҳам, бори дигар ояндагонро ба гирифтани «зелен» андармон мекунанд.
НОЛАИ ҶОНСӮЗИ ПАДАР
- Подробности
-
13 Июнь 2018
- Опубликовано 13.06.2018 09:12
Падару модар дарахти сабзи низоми ҳар як халқият аст, ки фарзандон меваҳои шодоби он мебошанд. Волидайн замини пурбаракатеанд, ки бо неруи меҳрашон метавонанд насли наврасро барои рушду шукуфоии ояндаи миллат роҳнамоӣ кунанд.
ШУКРГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ БОШЕМ
- Подробности
-
13 Июнь 2018
- Опубликовано 13.06.2018 08:51
Шукронаи Худованди бузург, ки моҳи мубораки Рамазон фаро расидаву мо дар даҳаи сеюми он қарор дорем, ва дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи онро озодона иҷро менамоем. Моҳи Рамазон давраи имтиҳони нафсу ҷисми инсонӣ буда, одамонро ба парҳезкорию боинсофӣ, футуввату саховатмандӣ, сабру таҳаммул, эҳтирому қадршиносӣ водор менамояд.