ИҶТИМОЪ
БОНУВОН ДАР ҚИЁС БО МАРДОН БЕШТАР СОҲИБҲУНАРИ МАРДУМИАНД
- Подробности
-
20 Нояб 2018
- Опубликовано 20.11.2018 14:38
Ба рӯйхати онҳое, ки ба ҳунарҳои кулолгарӣ, табақтарошӣ, шероздӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сабадбодфӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, ҷомадӯзӣ, қуроқдӯзӣ шонатарошӣ, навозандагӣ, рассомӣ, рафидадӯзӣ, дегдонсозӣ, чолбанду давридӯзӣ, ресмонбофӣ, ҷӯроббофӣ, сари либоси арӯсӣ, кулчаи калону нони тунуку таҳмолпазӣ, тоқидӯзӣ, намадмолӣ, пахтазанӣ, кандакорӣ ва ғайраҳо машғуланд, назар карда андеша мекунем, ки бонувон бештар ба ҳунарҳои мардумӣ сару кор доранд.
НАВОЮ САДОИ ХУШИ «АНДАЛЕБ»
- Подробности
-
20 Нояб 2018
- Опубликовано 20.11.2018 14:35
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ду сол пас Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ мегузаронанд. Ин чорабинии фарҳангии сатҳи ҷумҳурӣ солҳои ҳафтодум (дар даврони шӯравӣ) «Бӯстон» унвон дошт. Баъд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ба «Андалеб» табдил ёфта эҷодиёти халқи тоҷикро ташвиқу тараннум менамояд.
АСКАРӢ- МАКТАБИ ОБУТОБ
- Подробности
-
08 Окт 2018
- Опубликовано 08.10.2018 10:47
Дар асоси фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати шаҳрвандони солҳои 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ» аз 28 августи соли 2018 №1095 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат сар аз 1 октябри соли ҷорӣ маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллии кишвар бо баргузории «Рӯзи даъватшаванда» оғоз ёфт.
ҶАМОЛА АЗ НЕПАЛ БАРГАШТ
- Подробности
-
05 Нояб 2018
- Опубликовано 05.11.2018 15:35
Аз соли 1999 қатори даҳҳо ташкилоту созмонҳои хориҷӣ, ки ба мардуми диёр кӯмаки башардӯстона мерасонанд, фонди Оғохон бештар назари хайру саховату беминнат ба мардум духтааст. Номи ташкилот «Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон» (яке аз бахшҳои фонди Оғохон) ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти он дар шаклҳои гуногун миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба роҳ монда шудааст. Тайи чанд соли охир сарвари ин ташкилот, яъне менеҷери Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар ноҳияи мо Ҷамола Валдошева мебошад.
ИСРОФКОРӢ ВА ИСТИФОДА АЗ ВАКОЛАТ АЗ РУКНҲОИ КОРРУПСИЯ ҲАСТАНД
- Подробности
-
08 Окт 2018
- Опубликовано 08.10.2018 10:39
Аксарият дар ҳамин ақидаанд, ки коррупсия танҳо азхудкунии маблағҳои давлатӣ ва додану гирифтани пора аст. Аммо мафҳуми коррупсия бо ин ба охир намерасад. Афзалияттҳои хешу таборӣ ҳангоми ҷобаҷогузории кадрҳо дар муассиса, истифодаи кормандон дар корҳои хоҷагидорӣ, сӯиистифодаи нақлиёти давлатӣ, аз ҳади ваколатҳо берун рафтани роҳбар ва ба зиёдарвию исрофкорӣ роҳ додан низ аз шохаҳои амалҳои коррусионӣ маҳсуб меёбанд.
ДАРАХТИ САХО РЕШААШ ДАР БИҲИШТ АСТ
- Подробности
-
05 Нояб 2018
- Опубликовано 05.11.2018 14:25
Дар тантанаҳои ҷашни омӯзгорон бо фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сархатиби масҷиди марказии ноҳия Носирхӯҷа Раҳимов барои ҳамкорию дастгирии муассисаҳои таълимӣ ба ифтихори Рӯзи муаллим бо унвони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид. Хабарнигори «НФ» Т. Соҳибназар бо Носирхӯҷа Раҳимов атрофи сахову саховатмандӣ бо чанд савол муроҷиат намуд.
ИМТИЁЗҲО БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН
- Подробности
-
08 Окт 2018
- Опубликовано 08.10.2018 10:26
Рушди соҳаи маориф ва ғамхорӣ ба омӯзгорон дар маркази диққати ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои корӣ, суҳбату вохӯриҳо зимни сафарҳои кориашон ба манотиқи гуногуни кишвар ва Паёмҳои ҳамасола диққати роҳбарон ва шахсони масъулро ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ҷалб менамоянд ва ҷиҳати ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, таъмини рушди босуботи соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
ДАРАХТИ САХО РЕШААШ ДАР БИҲИШТ АСТ
- Подробности
-
05 Нояб 2018
- Опубликовано 05.11.2018 14:23
Дар тантанаҳои ҷашни омӯзгорон бо фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сархатиби масҷиди марказии ноҳия Носирхӯҷа Раҳимов барои ҳамкорию дастгирии муассисаҳои таълимӣ ба ифтихори Рӯзи муаллим бо унвони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид. Хабарнигори «НФ» Т. Соҳибназар бо Носирхӯҷа Раҳимов атрофи сахову саховатмандӣ бо чанд савол муроҷиат намуд.
«МО БЕ ШУМО ҲЕҶЕМ!»
- Подробности
-
08 Окт 2018
- Опубликовано 08.10.2018 10:22
Муаллим, омӯзгор - вожаҳои бароямон ошною дӯстдоштаниянд. Бале, ӯст, ки барои навиштани ҳарфе ё рақаме рӯзҳои умри худро баромон қурбон сохта. Ва ин рӯзҳо ба ҳафтаҳову моҳҳову солҳо табдил шудаанд. Кунун он устодон умри ҷавону орзуҳову омоли хешро ба сарфи донишандӯзии наслҳо бахшидаанду симои пири хирадмандро аз умр туҳфа гирифтаанд…