ИҶТИМОЪ
АСКАРӢ- МАКТАБИ ОБУТОБ
- Подробности
-
08 Окт 2018
- Опубликовано 08.10.2018 10:47
Дар асоси фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати шаҳрвандони солҳои 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ» аз 28 августи соли 2018 №1095 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат сар аз 1 октябри соли ҷорӣ маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллии кишвар бо баргузории «Рӯзи даъватшаванда» оғоз ёфт. Дар асоси фармони мазкур комиссияи босалоҳият созмон ёфтааст. Чорабинии Рӯзи даъватшаванда дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки васеи даъватшавандагон ва падару модарон хотирмон гузашт.
Он рӯз зиёда аз 30 нафар ҷавонон ихтиёрӣ барои хизмати Модар-Ватан ҳозир шуданд.
Раиси ноҳия, Раҷабзода Миралӣ зимни баромади худ ҳамаи даъватшавандаҳоро барои ба хизмати Ватан омода шудан табрик гуфта, қайд кард, ки ҷавонмардони диёрамон қатори дигар фарзандони баору номуси Ватан дар ҷузъу томҳои артиши кишвар сарбаландона хизмат намуда истодаанд ва боварӣ ҳаст, ки шумо, наваскарон, идомадиҳандаи кори неки онҳо хоҳед гашт.
Сипас барои иштироки фаъолона дар оғози маъракаи даъватии соли равон ба нӯҳ нафар раисони кумитаҳои маҳалли ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин ба ҳашт нафар даъватшавандаҳо шаҳодатномаҳои хатми курсҳои ронандагӣ супорида шуд.
Ҷавононе, ки он рӯз ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гардиданд, ҳамагӣ бо табъи хушу рӯҳи болида аз комиссияи тиббӣ гузашта зимни сафарбаршавӣҷавонони ноҳияро даъват карданд, ки қарзи фарзандии худро дар назди Ватан- Модар содиқона иҷро намоянд.
С. ЮНУСЗОДА, хабарнигори «НФ».