ИҶТИМОЪ
ШУКРУЛЛОИ РУБОБӢ
- Подробности
-
14 Авг 2019
- Опубликовано 14.08.2019 15:29
Рубоб - сози қадимаи мусиқии халқи тоҷик буда, овози рӯшану дилошӯб ва гӯшнавоз дорад.
Ана, ҳамин овози дилошӯбу гӯшнавоз ба торҳои дили кӯчаку нозуки Шукруллои 10-сола нохун заду ӯро ба даргоҳи ҳунар, мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев овард.
КӮМАКИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ КИҲО БОЯД АЗ ОН БАРХӮРДОР БОШАНД?
- Подробности
-
14 Авг 2019
- Опубликовано 14.08.2019 15:27
Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ. Бисёриҳо дар бораи он маълумот надоранд. Мо аз мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия Темур Қаҳҳоров хоҳиш намудем, ки ба чанд суоле,ки аз забони сокинони ноҳия садо медиҳанд, посух диҳанд.
ВАҲДАТ – ҲАМ НЕЪМАТ, ҲАМ ИҚБОЛ ВА ҲАМ БАХТУ САОДАТ
- Подробности
-
05 Июль 2019
- Опубликовано 05.07.2019 14:36
Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ин ҳуҷҷат моҳияти як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд. Он рӯз ашки шодӣ дар чашми азизон ҳувайдо буд, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад. Барои мардуми азияткашидаи Тоҷикистон алҳол неъмати беҳтарин ва бебаҳотарин сулҳ аст. Аз ин рӯ сулҳ ҳам неъмат аст, ҳам иқбол аст, ҳам бахту саодат.
ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ
- Подробности
-
14 Авг 2019
- Опубликовано 14.08.2019 15:20
Чанде пеш дар толори МИҲД-ии ноҳия вохӯрии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар бо масъулини Комиссияи ноҳиявии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", раисон ва котибони ҷамоатҳои деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолон доир гардид.
ТОҶИКИСТОН АЗИЗИ МОСТ
- Подробности
-
05 Июль 2019
- Опубликовано 05.07.2019 14:34
Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ доир мегарданд, ки якеашон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад.
Тоҷикистон барои ҳар як сокини ватандӯст азизу муътабар аст. Меҳри он дар қалби зодагонаш ҷой гирифтааст. Ин меҳр аз васфу тараннуми Ватан ҳувайдост.
КИТОБ - САРЧАШМАИ ДОНИШ
- Подробности
-
05 Июль 2019
- Опубликовано 05.07.2019 14:51
Китоб беҳтарин махзани маърифат аст. Кас дар он замон донишманду илмдӯст мегардад, ки агар ба китобхона рӯ оварад. Имрӯз китобҳои нодиру пурарзиши гузаштагонамон дар китобхонаи марказии ноҳия дастраси хонандагон мебошад. Соли гузашта ба шуъбаи бачагонаи китобхона беш аз сад нусха асарҳои адибон, ки бо сифати хуб аз чоп баромадаанд, ворид карда шуд.
ХУШ ОМАДӢ, МОҲИ ХАЙРУ САХО
- Подробности
-
10 Май 2019
- Опубликовано 10.05.2019 11:21
Боиси қаноатмандист, ки бо оғози моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути васоити ахбори оммаи аҳли муслимини кишварро муборакбод намуд. Сарвари давлат зимни ироаи муборакбодии хеш бори дигар аз фазилатҳои ин моҳи муборак ёдовар шуда, ҳамагонро ба накукориву хайру саховат ҳидоят намуданд.
ХИТОБ
- Подробности
-
05 Июль 2019
- Опубликовано 05.07.2019 14:50
Ҳар касе, ки даҳ соли охир ба пойтахти азизи кишвармон шаҳри Душанбе нарафта бошаду имрӯз равад, бешубҳа ангушти ҳайрат мегазад. Зеботарину диққатҷалкунандатарин биноҳои даҳ сол пеш ҳоло пастаку ночиз менамоянд. Садҳо биноҳои ба фалак саркашидааз бузургию ҳашамати даврони соҳибистиқлолии Ватан шаҳодати воқеӣ медиҳанд.
ХУШУНАТ ДАР ОИЛА
- Подробности
-
10 Май 2019
- Опубликовано 10.05.2019 11:19
Пеш аз он ки атрофи ин ибора ҳарф занем, сараввал бояд донист, ки хушунат чист? Хушунат аз калимаи арабии «хашуна» (яхшуну) гирифта шуда, дағал будан, ба касе дағалӣ кардан, «дуруштӣ» мебошад. Мутаассуф, хушунат имрӯз ба дарде табдил ёфта, ки қисми зиёди оилаҳои моро фаро гирифтаву яке аз сабабҳои аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо гардида, сабабгори сарзании он аксаран аз ҷониби зану мард баробар сурат мегирад. Пӯшида ҳам нест, ки дар баъзе мавридҳо хушунати хонаводагӣ ба худкушӣ оварда мерасонад.