Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ХУШУНАТ ДАР ОИЛА

Пеш аз он ки атрофи ин ибора ҳарф занем, сараввал бояд донист, ки хушунат чист? Хушунат аз калимаи арабии «хашуна» (яхшуну) гирифта шуда, дағал будан, ба касе дағалӣ кардан, «дуруштӣ» мебошад. Мутаассуф, хушунат имрӯз ба дарде табдил ёфта, ки қисми зиёди оилаҳои моро фаро гирифтаву яке аз сабабҳои аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо гардида, сабабгори сарзании он аксаран аз ҷониби зану мард баробар сурат мегирад. Пӯшида ҳам нест, ки дар баъзе мавридҳо хушунати хонаводагӣ ба худкушӣ оварда мерасонад.

Дурӯғ гуфтан, ситез, бемасъулиятӣ дар оила, мушкилоти ахлоқӣ, рашки бади беасос, дилсардӣ (бемеҳрӣ), яъне мушкилоти иҷтимоӣ аз қисмҳои хушунати оилавӣ ба ҳисоб меравад, ки аксаран дар оилаҳои ҷавон рух додаву гувоҳи ба ҳаёти мустақилона тайёр набунади онҳост.

Бино бар ин аз ташкили оилаҳои ҷавон аввалан дар фикри ҳамаҷониба омода будани навхонадорон бошем. Бояд бигӯем, ки баробари падару модарон мактаб ва ҷамъият низ дар ин самт масъулияти чашмрасеро ба уҳда дошта бошанд. Огоҳем, ки дар дигар кшварҳо, аз ҷумла дар Ҳиндустон мактабиён курсҳои махсуси оиладориро хатм менамоянд. Барои ҳамин ҷудошавии оилаҳо ва хушунати оилавӣ дар ин кишвар хело кам ба чашм мерасад.

Надонистани ҳуқуқҳои хеш дар ҷомеа ба поймол шудани ҳуқуқҳои шахс оварда мерасонаду сабабгори сар задани хушунат мегардад. Айни замон, ки таъсири дин дар ҷомеа бараъло ба чашм мерасад, қисме аз ҷавонони мо ҳамсарони худро дар кунҷи хона нишаставу ба тарбияи кӯдак машғул шудан маҷбур мекунанд. Тасаввур кунед, ки модари «кунҷи хона» ба кӯдак чиро меомӯзонад, модоме, ки худ аз ҷомеа чизе наомӯхтааст.

Дар соли 2018 130 нафар навхонадорон бо сабаби рост наомадани хулқу ахлоқ, якдигарнофаҳмӣ ба бахши сабти асноди шаҳрвандӣ барои бекор кардани ақди никоҳашон муроҷиат кардаанд. Аз ин 102 муроҷиат бо ҳалномаи судӣ ва 27 муроҷиат бо аризаи якҷояи оилаҳо пош хӯрда, 148 ноболиғ ва дар се моҳи аввали соли равон 37 нафар оилаҳои ҷавон аз ҳам ҷудо шуда 36 нафар кӯдаки ноболиғ ҳар яке аз парасторони худ ҷудо гаштаанд. Аксарияти ҷавононе, ки аз оилаҳояшон ҷудо мешаванд, худ мустақилӣ надоранду ба пошхӯрии оилаҳои ҷавон асосан падару модарон, апаю хоҳарони ҳарду тараф гунаҳгоранд. Ба ҷои фарзандвор омӯхтани пухту паз, рафтору гуфтор ва сабру таҳаммулро пеша кардани оилаҳои ҷавон ва дар аксар мавридҳо дағалӣ нишон додан сабабгори ҷудошавии онҳо аз оила мегардад.

Бояд қайд кард, ки пеш аз ҳама сабаби асосии оромиву осудагӣ ва хушҳолӣ дар оила, ин муносиб будани ҳамсарон аз ҷиҳати фикру андеша, фарҳангу маданият, ахлоқ, ақлу заковат, фаҳмиш ва ҳатто ба урфу одат наздик будани онҳост. Аз ин лиҳоз, барои барпо кардани оила набояд марду занро маҷбур кард. Ғайриихтиёр амал кардан, аллакай хушунат аст.

Барои пешгирӣ ва бартараф намудани хушунати хонаводагӣ марду зан ҳаматарафа дар барпо кардани оила омодагӣ гирифта, аз ҳуқуқи шаҳрвандию қонунҳои мавҷудаи кишвар огоҳӣ доштан аст. Зеро мақсад аз қабули қонун ин ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият буда, вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мусоидат менамояд, пешгирӣ ва бартарафсозии зӯроварӣ дар оила ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон мебошад.

Тибқи моддаи 91 (1) ҚҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят ба шахсони воқеӣ аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Дар моддаи 117 барои хушунат дар оила ва азобу уқубати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ бо роҳи латукӯби мунтазам ё бо усули дигари зӯроварӣ, агар он боиси оқибатҳои дар моддаҳои 110 ва 111-и ҳамин кодекси зикршуда нагардида бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки оилаҳое, ки зану мард босаводанд, муҳити хонавода созгор буда, фарзандони неку ба нафъи ҷамъият манфиатовар ба воя мерасанд. Агар хоҳем, ки амали зӯроварию хушунат дар оилаҳои мо рух надиҳад, бояд эҳтироми якдигариро ба ҷо биёрему аз ҳуқуқу манфиатҳои хеш огоҳ бошем.

Ғ.С.САФАРЗОДА, судяи суди ноҳия.