Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ

Чанде пеш дар толори МИҲД-ии ноҳия  вохӯрии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Шарофзода Гавҳар бо масъулини Комиссияи ноҳиявии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", раисон ва котибони ҷамоатҳои деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолон  доир гардид.  

Вохӯриро муовини раиси ноҳия Раҷабова Н.Ҷ кушод.  

Сипас Гавҳар Шарофзода зимни суханронии худ иброз намуд, ки мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур пеш аз ҳама иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2019   ва мактуби раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2019  оиди  назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барқарорсозӣ ва ҳифзи номҳои таърихӣ, инчунин ивази номҳои ғайримеъёрӣ  мебошад, ки суҳбат низ атрофи  ин мавзуҳо доир мегардад.

Дар рафти суҳбат  номбурда атрофи истифода аз «фарҳанги  имлои забони тоҷикӣ», «Феҳристи номҳои милии тоҷикӣ» ва дигар китобу дастурҳои тавсиявии омода намудаи кормандони Кумитаи мазкур  сухан рафт.

Раҷабова Н.Ҷ дар анҷоми вохӯрӣ таъкид сохт, ки нишасти мазкур барои ҳозирин     хеле муфид буд аз ин хотир  ба  Г. Шарофзода изҳори миннатдорӣ кард.

«НФ».