Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

НОНВОЙХОНА ДАР ДЕҲАҲО ДАРКОР АСТ!

Дар идораи нашрия масъалаи зарур будан ё набудани нонвойхона дар деҳаҳо ба миён омаду мо ба кӯча баромадем, то фикри мардумро бипурсем. Аз чанд ҳамсуҳбате, ки бо онҳо назди ду-се нонвойхонаи мавҷуда ва роҳи сӯи беморхона вохӯрдем, аксарашон, ба хости дили мо, аз деҳот будаанд. Яке ду, дигаре чор, саввумӣ зиёдтар нон харидорӣ карда, ба суоли мо: «Оё дар қишлоқ нонвойхона даркор аст?»- саросар ба ҳамин мазмун ҷавоб гардонданд: «Бошад, хуб мешавад». Мақсад: агар дар деҳа нонвойхона мебуд, инҷо, дар маркази ноҳия навбат напоида, бемалол нон мегирифтанду ба аёдат меомаданд. Чанде аз ҳамсуҳбатон гилагузорӣ карданд, ки ташкили нонвойхона, ва, умуман воситаҳое, ки кори бонувонро сабук мегардонаду ба ҷойи аз паси хамиру фатир шудан, ба тарбияи фарзандон вақт сарф менамуданд, ё хубтар аз ин, беҳтар ғами роҳати худро медиданд, вазифаи ҷамоатҳои деҳот аст, ба дигар ифода мақомоти маҳаллӣ бояд шарики ғаму шодии мардум бошад.

Подробнее...

РАМАЗОН МОҲИ ХАЙРУ САХОСТ

Боиси қаноатмандии аҳли муслимини кишвар аст, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқот доир намуд ва боиси сарфарозист, ки ман ҳам дар он ширкат доштам. Сарвари давлат бори дигар аз фазилатҳои ин моҳи муборак ёдовар шуда, ҳамагонро ба накукориву хайру саховат ҳидоят намуданд.

Подробнее...

МАКТАБИ ДӮСТМУРОД БАРҶОСТ

Дӯстмурод Алиев баъди хатми Донишгоҳи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар боғи санъати кишвар камтар аз бист сол ҳунарнамоӣ карда, дар синни сиву нуҳ, авҷи камолоти эҷодӣ, аз олам гузашт. Аз сар рафтани ӯ як гӯшаи санъати сарояндагии кишварро холӣ гузошт.

Дӯстмурод умри зиёд надида бошад ҳам, сурудҳои мондагор ба пойдор монд, аз ҳама муҳим, дар зиндагиаш мактаби хоси худро пайдо кард. Соли 1990, пас аз як соли фавташ, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Дӯстмуродхонӣ» ташкил шуд. Ин нишони соҳибмактабии ӯст. Дар бисёр шаҳру навоҳии кишвар пайравони шодравон Дӯстмурод Алиев ҳастанд. Маҳфилҳои фарҳангие, ки ҳамасола дар рӯзи таваллуди ӯ (19 апрел) дар Файзобод баргузор мегардад, собит менамояд, ки пайравону мухлисонаш кам не, зиёд мешаванд. Дуруст аст, ки ҳеҷ кадоме аз пайравон лаҳну садои Дӯстмуродро надорад. Садои Дӯстмурод худодод буд. Кӣ медонад, ки кадом садсолаи оянда чунин ҳунарманд тавлид мекунад.

Аз шаҳру навоҳии дур ҳамасола ба маҳфили гиромидошти Дӯстмурод омадани мухлисон нишони эҳтироми бузург ба санъати асил аст. Маҳфил имсол қариб 30 нафар пайравони Дӯстмуродро сарҷамъ кард. Байни онҳо ба мушоҳида расид, ки Мусулмонзода Вафо, ҷавон бошад ҳам, бартарӣ дораду услубу шеваи хониши Дӯстмуродро риоя мекунад. Вафо дар мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев аз устодон дарси мусиқию сарояндагӣ мегирад.

Дӯстмурод 15 июни соли 1978, дар бисту ҳаштсолагӣ ба унвони давлатии Ҳофизи халқии Тоҷикистон шарафёб гардид. Ин унвон ба ин ҳофизи булбуловоз арзанда аст. Муовини раиси ноҳия Нурия Раҷабова ҳини оғози маҳфили гиромидошт аз ҳунари волои Дӯстмурод ҳарф зад. Номбурда мужда дод, ки дар зодгоҳи ҳофиз осорхонаи ӯ бунёд карда мешавад.

Онҳое, ки дар рӯзи 19 апрел дар филармонияи халқии ноҳия ба хотири шодравон Дӯстмурод Алиев ҳунарнамоӣ карданд:

1.   Мӯсоев Маҳкам аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

2.   Қосимов Раҳматшо аз шаҳри Роғун.

3.   Бобохонов Рустам аз ноҳияи Дӯстӣ.

4.   Сайдалиев Шарифхон, аз ноҳияи Кушониён.

5.   Ҷалилов Аскар аз шаҳри Душанбе.

6.   Сироҷиддини Киромзод, аз шаҳри Душанбе.

7.   Аҳлиддин Камол аз ноҳияи Ҳисор.

8.   Мирзоев Хуршед аз шаҳри Ваҳдат.

9.   Давлатов Илҳомиддин аз ноҳияи Рашт.

10. Назаров Сайфулло аз шаҳри Ваҳдат.

11. Файзуллоев Пирхон аз ноҳияи Кушониён.

12. Сангинов Худоёр  аз ноҳияи Кушониён.

13. Ҳакимов Иброҳим аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

14. Алиев Наврӯз аз Ансамбли «Дарё» (фарзанди Д.Алиев).

15. Идиев Қурбоналӣ аз шаҳри Душанбе.

16. Саидҷалолов Маъмурҷон аз ноҳияи Ҷайҳун.

17. Тағоев Давлатмурод аз ноҳияи Восеъ.

Аз ноҳияи Файзобод:

1. Одинаев Қурбоналӣ.

2. Шамсов Сайдалӣ.

3. Шарипов Ҳасан.

4. Гулмуродов Бекмурод.

5. Искандаров Абдулҳақ.

6. Шамсов Сафаралӣ.

7. Авлиев Раҷабмурод.

8. Мусулмонзода Вафо.

9. Сулаймонов Абдуҷабор.

10. Зукуллоев Абдуҷабор.

ИНТИЗОРИ ОМАДАНАТ БУДЕМ, НА РАФТАНАТ!

Устоди арҷманди мо, шоири маҳбуби халқи тоҷик Бозор Собир, ки имрӯз барояш аз Худо омурзиш мехоҳем, 19 сол дар ғурбат, дар Америкаи аз зодгоҳи шоир даҳҳо ҳазор километр дур мезист. Дар ин миён се бор, бо пайдо шудани имкониятҳои сафар, ба дидорбинии пайвандон, баҳри хуморшиканӣ, ба хотири нафаси тозаи ҳавои Ватан ба Тоҷикистон омад. Қабл аз омаданҳо алам карда буд

Подробнее...

МЕҲМОНХОНА БАРОИ САЙЁҲОН

Дар деҳаи Дубеда ва деҳоти атроф ӯро «Ҳоҷӣ Ашӯр» ном мебаранд. Ӯ бологузари тӯю маъракаҳои ҳамдеҳагон аст. Чунин эҳтирому самимияти мардумро ҳоҷӣ Ашӯр бо дасти сахову амалҳои ободкорияш соҳиб гардидааст. 

Иншооти бунёдкардаи  ин марди сахо баробари ҳусни маҳалро афзудан чандин нафарро бо ҷойи кор фаро гирифтааст. Ҳанӯз чанд сол пеш дар шаҳраки Файзобод,  рӯ ба рӯи бозори марказӣ,  маркази савдои «Сабрина»-ро  бунёд намуд, ки имрӯз чандин нуқтаҳои хизматрасониву фарҳангӣ дар  он ҷо гирифтаанд. Соли гузашта бошад,  поёнтари деҳаи Дубеда, дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ маркази техникӣ ва меҳмонхонаю ошхонаи замонавиро бунёд намуд. Ҳоҷӣ Ашӯр хуб дарк намуд, ки  бо дарназардошти сулҳу суботи сартосари кишвар ва бунёди НБО-и Роғун сафи меҳмонону  сайёҳон  даҳҳо маротиб зиёд гардида зарурат ба  бунёди чунин марказҳои фароғатӣ хоҳад афзуд.

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Аз ин иқдом соҳаи сайёҳӣ дар кишвар рушд ёфта, ҳунарҳои мардумӣ, ки баъзеаш ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, аз нав эҳё хоҳад гардид.

Ноҳияи Файзобод, ки дар гузашта  бо номи Вашгирд маъруф буду дар саргаҳи шоҳроҳи Абрешим ҷо гирифтааст, таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад. Ин макони биҳиштосо бо манзараҳои дилфиребу гӯшаҳои таърихӣ ва марқадҳои шахсони орифи худ чун Хоҷаи Ҳотами Асам, Бобои Валӣ, Домулло Толиб, Эшони Шайхи элокӣ, эшони Абдураҳмонҷон ва даҳҳои дигар  таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳонро ба худ хоҳад кашид. Бешак сайёҳон  марқади  ин шахсиятҳои бузургро зиёрат намуда, аз обу ҳавои ҷонбахши он  баҳра хоҳанд бардошт.

Барои дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонону сайёҳон ҳоҷӣ Ашӯр иқдоми наверо амалӣ гардонд. Ӯ дар шафати дарёи Элок, мавзеи сангистону ноободеро интихоб кардаву бо сарфи зиёди маблағ ва меҳнати шабонарӯзӣ дар фурсати кӯтоҳ онро ба макони хушманзарае табдил дод. Он ҷо меҳмонхона ва ошхонаи миллӣ  бино кард, ки ҳар бинанда аз дидани он ва шароитҳои фароҳамовардааш ҳаловат мебарад.

Барои истироҳати бофароғати сайёҳону меҳмонон ва ҷалби таваҷҷуҳи эшон  дар атрофи меҳмонхона ҳавзи моҳигирию ҷойҳои махсуси нигоҳубини бедона, мурғобию қозро ташкил кардааст. Ҳамчунин дар майдони ду гектари наздики он, ки санглох буд, бо КамАЗ беш аз ду ҳазор мошин хок овардаю ниҳолҳои гуногуни дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда  шинонидааст, ки баъди чанд соле онҳо ба самар даромадаву  ба ҷойи дӯстдоштаи мардум табдил хоҳад ёфт.

Ҳамаи ин  ободкориҳои ҳоҷӣ Ашӯрро дида ба ҳавсалаву ғайрати ӯ аҳсану офарин мехонанд.

Шуғли дӯстдоштаи ман боғпарварист, - мегӯяд ҳоҷӣ. Ҳакиме мефармояд: «Хоҳӣ, ки рӯзи умрат хуш гузарад, ниҳол шинон ва хоҳӣ, ки соли умрат хуш гузарад, боғ бунёд кун». Ин ҳикмат маро водор мекунад, ки ҳарчӣ зиёдтар боғ бунёд кунаму барои ояндагон мерос гузорам. Боғҳои бунёдкардаи ман аллакай дар  30 гектар доман паҳн кардааст.

Соли 2011 ба Ашӯр Абдурауфов муяссар гашт, ки Хонаи Худоро зиёрат кунад. Баъди зиёрати Хонаи Худо ҳоҷӣ саховатмандиро пешаи   худ қарор дода, кӯмаки худро ба ятимону барҷомондаҳо ва ашхоси камбизоат  дареғ намедорад. Соли гузашта дар рӯзи ба истифода додани маркази техникиаш хатнатӯйи 20 нафарро аз оилаҳои  ятиму камбизоат гузаронида, ҳамчунин ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим кард.

Ниятҳои  ин марди  ободкор  баҳри ҷалби бештари сайёҳон ба диёрамон ва рушди сайёҳии дохилӣ  хеле калон аст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мехоҳад дар заминҳои санглоху бекорхобидаи шафати дарёи Элок, дар тарафи муқобили меҳмонхонааш ҷойи дамгирӣ ва истироҳатгоҳ барои шикорчиёну дӯстдорони табиат бунёд кунад.

Мо ҳам ба ҳоҷӣ Ашӯр баҳри пиёдасозии мақсадҳои ободгарию бунёдкорияш, ки хеле зиёданд барор мехоҳем.

ҲУНАРҲОИ МАРДУМИ ЭҲЁ МЕШАВАНД

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 дар қатори дигар хусусиятҳояш таъкид ба он аст, ки тоҷикон аз қадим мардуми ҳунардӯсту ҳунарманд буданд. Ҳунарҳои зиёдеро аз худ карда, аз ҳосили ин ҳунарҳо зиндагии осоишта ба сар мебурданд. Масъалаи мазкур дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид.

Дар қатори дигар ҳунармандони кишвармон ноҳияи Файзобод низ ҳунармандони варзида ва машҳур дорад.

Таърихи деҳаи хушманзараи Сарой, ки ба зиёда аз 80 сол мерасад, мардуми меҳнатдӯст, ҳунармандони шинохта ва устоҳои моҳир дошт. Нахуст он чизе, ки ман ёд дорам, дар деҳа устохонаи усто Насриддин буд. Дар похсагини 7-болора сангдон ҷойгир буд, дар кунҷи дигараш оташдон ва саночҳои дамкунӣ, ки лахчаҳои оташи сӯхтаро равшан мекард. Усто аз оҳанҳои дар оташ сурхшуда дос, каланд, табар, теша, зоғнул, оҳани испор ва наъли асп тайёр мекард. Ин устохона то солҳои 70-уми асри гузашта барҷо буд. Дар солҳои охир бо пешрафи илму техника ин касб қариб аз байн рафт.

Боз дар деҳа осиёби Сафар мавҷуд буд, ки ба воситаи об кор мекард. Талаботи мардуми деҳа ва гирду атрофро таъмин менамуд. Имрӯзҳо баъди такмили системаҳои нави осиёбҳо, ки бо барқ кор мекунанд, писаронаш ҳоло ҳам ин ҳунарро давом медиҳанд.

Инчунин дар деҳа ду ҷувози равғанкашӣ, ки равғани зағир истеҳсол мекарданд: яке ҷувози Зариф, дигаре ҷувози Ғаюр, ки солҳои зиёд ба мардум хизмат карданд. Усто Ғаюр боз устои гаҳворатарош ҳам буд, ки аксарияти кӯдакони деҳ дар гаҳвораҳои сохтаи ӯ ба камол расидаанд.

Табар устои заргар буд. Аз тиллою нуқра чала, гӯшвор ва сару зебҳои занона тайёр мекард. Ҳунари ӯ дар гирду атроф машҳур буд.

Дар ҳунари чӯбкорӣ ва хонасозӣ ҳиссаи усто Собир хеле калон аст: аз чӯб ашёҳои рӯзгор – қошуқ, кафлес, курчак, чахниқ, чахчу ва дигар асбобҳоро месохт. Ин ҳунарро минбаъ устоҳои чӯбкор бародарон Маҳмадӣ ва Сабур Ғаюровҳо, амакашон Тағой Ҳакимов давом доданд.

Ин ҳунарро имрӯз устои дигар Сафомиддин Асоев ҳамчун табақтароши маъруф давом дода истодааст.

Устоҳо Сабур Ғаюров ва Сафомиддин Асоев чандин маротиба дар озмунҳои ҷашнӣ дар ноҳия ва чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шудаанд.

Ҳунарҳои занҳои деҳа низ қобили қайд мебошад. Онҳо ҳунарҳои тоқидӯзӣ, танурсозӣ (чаҳлак), ҷомадӯзӣ, зардӯзӣ, дӯхтани сару либосҳои арӯси доштанд.

Намадмолӣ аз дӯстдоштатарин ҳунари мардуми деҳа буд. Агар ин ҳунарҳо аз нав эҳё шаванд, дар пешрафти иқтисодиёт ва фарҳанги миллии мо ҳиса мегузоранд.

АШКИ ШОДӢ

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Бале, миллати тоҷик аз қадимулайём нисбати дигар халқу миллатҳо дӯст, меҳрубон, ғамхору мушфиқ, ҳалиму хоксор аст. Хусусан бо ӯзбекони ҳамсоя аз давраҳои пеш дӯсту бародар, ҳамдину ҳаммазҳаб ва қарину решапайванд мебошад. Ин аст, ки фарзандҳои ҳарду миллат бо якдигар унс гирифта, оила барпо мекунанд. Шоирони бузурги ду миллат - Мавлоно Абдурамони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ бо ҳам дӯсту бародар буданд.

Чанд соле гузаргоҳҳо баста шуданду рафтуо байни ду ҷумҳурӣ қатъ гардид.

Дар деҳаи Заркамар оилаҳои бобои Ҳамид, Саид, Наҷмиддин, Фураймон ҳастанд, ки ҳамсарони онҳо аз вилоятҳои Тирмизу Сурхандарё ва Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳастанд. Онҳо зиёда аз 20 сол мешавад, ки падару модар, хоҳару бародар, наздикону пайвандони худро надида, баъзеашонро аз даст додаанд.

Пас аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чеҳраҳоии мардуми ҳарду миллат ашки шодӣ, хурсандӣ, табъи болида дида шуд.

Ҳангоми тамошои наворҳои ҷолиб  аз телевизиони Тоҷикистон оилаҳои бобои Ҳамид, Саид, Наҷмиддин ашки шодӣ рехта, дар ҳаққи сарони ҳарду давлат дуои хайр намуданд. Чунки онҳо акнун  ба дидори хешу табори худ бемалол мерасанд.

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

Сари ятимеро сила кардан, дасти кӯмаку ёрӣ дароз намудан ба ятимон аз накӯтарин сифатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ба Худованд аз ҳама бештар ятимнавозу ятимпарвар наздиктар аст. Ва чунин сифатҳои маҳбубу ҳамидаи инсониро мо аз рӯзҳои авалли ба сари қудрат омадани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз бараъло эҳсос менамоем. Вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 марти соли 2018 бо ятимони кулл дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд боз як бори дигар собит сохт, ки тақдири ин қишри ҷомеа ҳамеша мадди назари эшон қарор дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия яке аз пештозони чунин амалҳои неку хайр башумор меравад. Дар  ин самт нақши Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хело чашмрас аст. Мувофиқи супориши   раиси ноҳия дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллӣ, ба хусус остонаи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идҳои Рамазон ва Қурбон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорон ба ҳар як ятими кулл, ки шумораи онҳо дар ноҳия 28 нафарро ташкил медиҳад, 4 кг гӯшт ба маблағи 3548 сомонӣ, аз тарафи заводи мурғ 500 сомонӣ, аз нозироти андози ноҳия 500 сомонӣ, аз тарафи соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ҷавонон 350 сомонӣ, аз ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон 300 сомонӣ, аз ташкилоти ҷамъиятии “Ҷайҳун” маводи хӯрока, аз қабили биринҷ, макарон, шакар, картошка, пиёз кӯмак расонида шуд. Ҳамзамон дар арафаи иди соли нави мелодии 2018 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорон дастурхони идона ороста ба ҳар як ятими кулл 50 сомонӣ маблағи нақд ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Ин иқдом дар рӯзҳои иди Наврӯз ҳам амалӣ шуд.

Бо тасмими бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мувофиқи супориши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзи  20 апрели соли 2018 ҳамоиши ҷавонони ятими кулл  таҳти унвони  “Пешвои миллат- ғамхори ятимон” доир гардид. Мақсад аз ин ҳамоиш  баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҷонибдорӣ аз ғамхориҳои падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар чорабинии мазкур, ки дар сатҳи хеле баланд доир шуд, муовини  раиси ноҳия Н. Раҷабова иштирок намуда, ба он ҳусни ифтитоҳ бахшид.  Ӯ қайд кард, ки масъалаи дастгирии ятимон, бахусус ятимони кулл, ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати кишвар ва дар зимн дар маркази диққати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Дар ҳамоиш Бахши кор ба ҷавонон ва варзиши ноҳия ба ҳамаи 28 нафар ятимон тӯҳфаҳо тақдим намуд.

Ба хотири болидарӯҳии иштирокчиёни ҳамоиш бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолибу диданиеро пешкаши иштирокдорон гардонд.

Ҳамчунин масъулини чорабинӣ ба  иштирокдорон дастурхон густурданд.

Ин иқдом дар оянда низ идома хоҳад ёфт, зеро бузургон  хуб гуфтаанд, ки:

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз созад ҷаннати дарбастаро.

ОБ – ҶОНБАХШИ МО

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» бори дигар обрӯи мардуми тоҷикро боло бурда, рушди пешрафти Тоҷикистонро баланд гардонид.

Ҳаёт аз оби нобу ҷовидон сарчашма мегирад,

Ва об аз қуллаи Боми ҷаҳон сарчашма мегирад.

Ҳаёту об пайванданду андар созмони даҳр,

Зи фазли пешвои тоҷикон сарчашма мегирад.

Дар ҳақиқат об муъҷизаи бебаҳои табиат буда, асоси пайдоишу пойдории олами зинда мебошад. Об ибтидои ҳамаи ибтидоиҳост ва хислатҳои гуногун дорад. Дохили кадом зарфе шуд, шакли онро мегирад. Шаффофӣ хислати он буда, бо тағйирёбии ҳарорат ноустувор аст. Дар ҳолати муқаррарӣ ором ботинан чунон ботамкин мебошад, ки аз сардӣ хоб мекунад (ях мебандад). Аммо ҳамин ки ғазабаш омад, парвозкунон оламро фаро мегирад (бухор мешавад). Ғазабаш, ки паст шуд, шармгинона бахшишпурсон боз ба замин мерезад ва ба ҳамаи мавҷудоти зинда ҷонбахш мегардад.

Гарчанде қисмати бештари оламро об фаро гирифта бошад ҳам, нодиру бебаҳост.

Оби наёфта гарон бошад,

Чун биёбанд, ройгон бошад.

Подкатегории