Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

МЕҲМОНХОНА БАРОИ САЙЁҲОН

Дар деҳаи Дубеда ва деҳоти атроф ӯро «Ҳоҷӣ Ашӯр» ном мебаранд. Ӯ бологузари тӯю маъракаҳои ҳамдеҳагон аст. Чунин эҳтирому самимияти мардумро ҳоҷӣ Ашӯр бо дасти сахову амалҳои ободкорияш соҳиб гардидааст. 

Иншооти бунёдкардаи  ин марди сахо баробари ҳусни маҳалро афзудан чандин нафарро бо ҷойи кор фаро гирифтааст. Ҳанӯз чанд сол пеш дар шаҳраки Файзобод,  рӯ ба рӯи бозори марказӣ,  маркази савдои «Сабрина»-ро  бунёд намуд, ки имрӯз чандин нуқтаҳои хизматрасониву фарҳангӣ дар  он ҷо гирифтаанд. Соли гузашта бошад,  поёнтари деҳаи Дубеда, дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ маркази техникӣ ва меҳмонхонаю ошхонаи замонавиро бунёд намуд. Ҳоҷӣ Ашӯр хуб дарк намуд, ки  бо дарназардошти сулҳу суботи сартосари кишвар ва бунёди НБО-и Роғун сафи меҳмонону  сайёҳон  даҳҳо маротиб зиёд гардида зарурат ба  бунёди чунин марказҳои фароғатӣ хоҳад афзуд.

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Аз ин иқдом соҳаи сайёҳӣ дар кишвар рушд ёфта, ҳунарҳои мардумӣ, ки баъзеаш ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, аз нав эҳё хоҳад гардид.

Ноҳияи Файзобод, ки дар гузашта  бо номи Вашгирд маъруф буду дар саргаҳи шоҳроҳи Абрешим ҷо гирифтааст, таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад. Ин макони биҳиштосо бо манзараҳои дилфиребу гӯшаҳои таърихӣ ва марқадҳои шахсони орифи худ чун Хоҷаи Ҳотами Асам, Бобои Валӣ, Домулло Толиб, Эшони Шайхи элокӣ, эшони Абдураҳмонҷон ва даҳҳои дигар  таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳонро ба худ хоҳад кашид. Бешак сайёҳон  марқади  ин шахсиятҳои бузургро зиёрат намуда, аз обу ҳавои ҷонбахши он  баҳра хоҳанд бардошт.

Барои дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонону сайёҳон ҳоҷӣ Ашӯр иқдоми наверо амалӣ гардонд. Ӯ дар шафати дарёи Элок, мавзеи сангистону ноободеро интихоб кардаву бо сарфи зиёди маблағ ва меҳнати шабонарӯзӣ дар фурсати кӯтоҳ онро ба макони хушманзарае табдил дод. Он ҷо меҳмонхона ва ошхонаи миллӣ  бино кард, ки ҳар бинанда аз дидани он ва шароитҳои фароҳамовардааш ҳаловат мебарад.

Барои истироҳати бофароғати сайёҳону меҳмонон ва ҷалби таваҷҷуҳи эшон  дар атрофи меҳмонхона ҳавзи моҳигирию ҷойҳои махсуси нигоҳубини бедона, мурғобию қозро ташкил кардааст. Ҳамчунин дар майдони ду гектари наздики он, ки санглох буд, бо КамАЗ беш аз ду ҳазор мошин хок овардаю ниҳолҳои гуногуни дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда  шинонидааст, ки баъди чанд соле онҳо ба самар даромадаву  ба ҷойи дӯстдоштаи мардум табдил хоҳад ёфт.

Ҳамаи ин  ободкориҳои ҳоҷӣ Ашӯрро дида ба ҳавсалаву ғайрати ӯ аҳсану офарин мехонанд.

Шуғли дӯстдоштаи ман боғпарварист, - мегӯяд ҳоҷӣ. Ҳакиме мефармояд: «Хоҳӣ, ки рӯзи умрат хуш гузарад, ниҳол шинон ва хоҳӣ, ки соли умрат хуш гузарад, боғ бунёд кун». Ин ҳикмат маро водор мекунад, ки ҳарчӣ зиёдтар боғ бунёд кунаму барои ояндагон мерос гузорам. Боғҳои бунёдкардаи ман аллакай дар  30 гектар доман паҳн кардааст.

Соли 2011 ба Ашӯр Абдурауфов муяссар гашт, ки Хонаи Худоро зиёрат кунад. Баъди зиёрати Хонаи Худо ҳоҷӣ саховатмандиро пешаи   худ қарор дода, кӯмаки худро ба ятимону барҷомондаҳо ва ашхоси камбизоат  дареғ намедорад. Соли гузашта дар рӯзи ба истифода додани маркази техникиаш хатнатӯйи 20 нафарро аз оилаҳои  ятиму камбизоат гузаронида, ҳамчунин ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим кард.

Ниятҳои  ин марди  ободкор  баҳри ҷалби бештари сайёҳон ба диёрамон ва рушди сайёҳии дохилӣ  хеле калон аст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мехоҳад дар заминҳои санглоху бекорхобидаи шафати дарёи Элок, дар тарафи муқобили меҳмонхонааш ҷойи дамгирӣ ва истироҳатгоҳ барои шикорчиёну дӯстдорони табиат бунёд кунад.

Мо ҳам ба ҳоҷӣ Ашӯр баҳри пиёдасозии мақсадҳои ободгарию бунёдкорияш, ки хеле зиёданд барор мехоҳем.