Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ИНТИЗОРИ ОМАДАНАТ БУДЕМ, НА РАФТАНАТ!

Устоди арҷманди мо, шоири маҳбуби халқи тоҷик Бозор Собир, ки имрӯз барояш аз Худо омурзиш мехоҳем, 19 сол дар ғурбат, дар Америкаи аз зодгоҳи шоир даҳҳо ҳазор километр дур мезист. Дар ин миён се бор, бо пайдо шудани имкониятҳои сафар, ба дидорбинии пайвандон, баҳри хуморшиканӣ, ба хотири нафаси тозаи ҳавои Ватан ба Тоҷикистон омад. Қабл аз омаданҳо алам карда буд :

«Даҳ сол гул начидам

Аз пуштаҳои қишлоқ.

Обу ҳаво нахӯрдам

Аз обу аз ҳавояш.

Дар осмон надидам

Арғамчини дарозу

Ғирболи турнаҳояш.

Дар ҳар кулӯхи хушкаш

Бигзор, ман бигирям.

Даҳсола буғзи ғурбат

Печида дар гулӯям».

Ҳар дафъаи омаданаш ҳатман бо ӯ вомехӯрдам, аз суҳбатҳои ширину хандарезаш баҳра мебурдам. Дар ду дафъае, ки ба хотири омаданаш дар театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва «Боргоҳи сухан»-и Бӯрӣ Каримов ҷамъомад барпо гардид, аз лаззати шеърхониаш, ком мебардоштему тавсифи ӯро аз ҷониби мухлисони ашъораш, шоирону олимону донишмандон шунида, қабат-қабат гӯшт гирифтем, сари ифтихор бардоштем, ки Устоди мо, новобаста аз сиёҳкуниҳои нотавонбинон, дар кишвари худ, дар Тоҷикистоне, ки унвонаш садои шоирона дорад, чӣ қадар маҳбубият доштааст. Воқеан, устод Бозор Собир барои онҳое азизу муътабару мукарраму шарафманд аст, ки ба қадри сухану воло, ба қадри шеъру адабиёт мерасанд, тавони қудрату фазилату маърифати сараро аз носара ҷудо кардан доранд.

Устод Бозор дар ҳар дафъаи омаданаш эътибор доштани худро дар Тоҷикистон ҳис кард, ба маҳбубияти доштааш боварӣ ҳосил намуд. Аз сӯи Сарвари давлати Тоҷикистон шоҳона пазируфтани шоир магар шаҳодати ҳамин маҳбубияту эътироф нест! Соли 2013, моҳи май, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устоди азизи мо Бозор Собирро расман ба Ватан даъват кард, ки ин футувату ҷавонмардиашро адабиёти тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Бандаи камтарин барои устод аз лавҳи дил пойандозе ороста ба рӯзномаи дӯстдоштаи худ «Ҷавонони Тоҷикистон» фиристодам. Сармуҳаррири рӯзнома эҷодкори асил, дӯстдори чеҳраҳои фарҳангии кишвар Самариддин Асоев, оне, ки ҳоло сармуҳаррири «Садои мардум» аст, «гармогарм» дар нахустин шумораи моҳи июни соли 2013 дар саҳифаи як чоп кард.

Ай мардуми фарзонафар, Бозори Собир омада,

Бар кишвари зебои худ бо даъвати мир омада.

“Бозори Собир омада аз Амрико” – ин хушхабар

Дар ҳар нафас, дар ҳар қадам моро фарогир омада.

Мо ташнаи ашъори ӯ, дар ҳасрати дидори ӯ.

Баҳри давои дарди мо доруи иксир омада.

Бо мӯйи чун борони шаб аз Тоҷикистон рафта буд,

Бар пахтаи ришаш нигар, олудаи шир омада.

Андар дилаш ёди Ватан дур аз Ватан мезист ӯ,

Номи Ватан бар даври лаб марди муҳоҷир омада.

Пирӣ фарогираш шуда, дар пой занҷираш шуда,

Ҳайфо, дареғо, сӯйи мо дер омада, дер омада.

Шоир ба амри доварӣ дар синаи миллат дил аст,

Дар синаи миллат чу дил Бозори шоир омада.

Аз омадани ӯ, хаёл кардам,Тоҷикистон ранги дигар гирифт, гулҳо накҳати нав пайдо карданд, шаршараи обшорон фузунтар, ғубори дилҳои дӯстдорони шеъру адаб бедортар, як гӯшаи адабиёт ғанитар шуд. Охир, Бозор Собир, шоири тавонои миллат, як рукни барҷастаи адабиёти тоҷик, ба Ватан баргашта буд! Бо ин ҳам ӯ хеле дер омад, охир, аз ҳиҷраташ, аз ғурбаташ қариб 20 сол гузашт. Дар ин миён ду фарзанди падарро аз даст дод, ба ҷанозаи онҳо аз дурии дур дасти дуои мағфират бардошт. Устод аз Америка аз номи дӯстдорони тоҷикистониаш гуфт:

Дубора моҳ бадар шуд, чаро намеоӣ?

Дубора моҳи дигар шуд, чаро намеоӣ.

Парандаҳои муҳоҷир ба лона баргаштанд,

Дубора чаҳ-чаҳа сар шуд, чаро намеоӣ?

Бародарони мусофир ба хона баргаштанд,

Дубора қаҳ-қаҳа дар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳазор нола ба дил лолазори Файзобод

Дубора хуни ҷигар шуд, чаро намеоӣ?

Ниҳоли пушти дарат ба қадат баробар буд,

Чанори хушқаду бар шуд, чаро намеоӣ?

Гули пиёда ба манзил пиёда боз омад,

Ба рафтанат чӣ қадар шуд, чаро намеоӣ?

Ин мисраъҳои пурсӯзро устод моҳи апрели соли 1998, чордаҳ сол пеш аз даъваташ, аз дил ба коғаз рехта буд.

Баъди “тарки”Америка кардани устод чанд карати дигар вохӯрдем, ки ҳама лаҳзаҳо хотирмону нақшинанд. Аз онҳо хоса-хоса ёд чиндан метавон...

Тирамоҳи соли 2016, пештар аз сафари навбатиаш ба Америка, ӯ бо даъвати раиси вақти ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ дар рӯзҳои таҷлили Иди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи шоираи маҳбуб Гулрухсор Сафиева, Раҳмат Назрӣ ва ҳунарпешаи ҳамдиёри мо Муҳаррама Шарифова ба Файзобод омад. Рӯзи омадани устод барои аҳли фарҳанги ноҳия иди калон буд. Ва дар Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова маҳфили шукӯҳманде барпо гардид. Ба ифтихори қадами ӯ ҳофизи хушадои мо Ҳабибуллои Мирзошариф 15 шеъри ба суруд табдилдодаашро замзама карду ба аҳли толор лаззати шеърро танин андохт. Он рӯз Гулрухсор дар баробари қироати ашъори худ устодро васф намуд.

Пас аз анҷоми базми шеъру суруд меҳмонони олиқадр ҳамроҳи раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, муовини ӯ Нурия Раҷабова, раиси собиқ Имомназар Каримиён ва чанде дигар сари “як пиёла чой” ба фароғатгоҳи Чаноро рафтем. Онҷо қадаҳгӯӣ шуду тавсифи Файзободу обу ҳавои дилкаш ва мардумони шоирпарасту соҳибмаърифату санъатпазир. Устод зодгоҳаш – Файзободро дӯст медошт. Даҳҳо шеъри ӯ “Файзобод”-ро ном мебаранд. Дар фаҳмиши банда нест касе, ки Файзободро беҳтар аз Бозор Собир сароида тавонад.

Мавҷи лола мехезад аз канори Файзобод,

Хуни хуфта меҷӯшад дар баҳори Файзобод.

Аз ҳарорати хокаш, аз таби арақнокаш

Донаҳои табхол аст киштукори Файзобод.

Лола шуълавар кардаст кӯчаҳои хокистар,

Шамъи лола месӯзад дар мазори Файзобод.

Лола дар лаби бомаш, лола дар сари девор,

Ин ливои гулгунаш, он шиори Файзобод.

Фавҷи лола дар бармол, дар миёни гандумзор

Лола дар бағал дорад сангу хори Файзобод.

Мо аз оташи гулҳо фасли оташин дорем,

Равшан оташи Зардушт дар шамоли Файзобод.

Ҳарчанд Устод “Боди Файзобод чун дар пушта гардон мешавад; Косаҳои чашмҳоям чаппагардон мешавад; Зери кӯрак монда меборад агар кӯҳи Мазор; Хонаҳои чашмҳоям мечакад беихтиёр”-мегӯяд, аз зодгоҳаш, айёми кӯдакиаш бошавқу суруру ифтихор ёд мекунад:

Гӯиё ин лаҳзаҳо дар гардани Файзоваам,

Дар таги лабгӯшаи як боми беандоваам.

Ёд дорам, ин иморат хонақоҳи куҳна буд,

Дина ман даҳсолаю ин хона чумчуқхона буд.

Ман нахустин шеъри худро ба қалам не, бо қадам

Дар ғубори роҳҳои хокиам кардам рақам.

Дар ғубои роҳҳои хокӣ шеъри беғубор,

Дар ғубори рӯзҳои покӣ шеъри беғубор.

Устод Бозор дар “қадаҳ”-гӯии расмиаш ҳам чун дар “раҳ-раҳ” ҳарф мезад, яъне бе расмият, озод, шоирона. Он рӯзи дар Чаноро будан чаро нагӯям, ки ин ҳарфҳои устод ба гӯши ман сахт расиданд: “Дафъаи охирини ба Файзобод омадани ман аст”. Магар ҷуръати мо рӯ зада метавонист гӯем, ки “Устод, ин тавр нагӯед? “ Пеш аз гирди дастурхон шиштан, ҳине, ки даст шӯсту чой хост, низ ҳамин ҳарфҳоро ба забон оварда буд.

Мегӯянд, ки оқилон ғайри миоди мурдан ҳама чиро медонанд. Устод Бозор дар куҷо мурданашро ҳам пешгӯӣ кард. Вақте бори охир ба Америка, ба аёдати набераҳояш расипор шудан, назди гуселкунандаҳо ин ҳарфҳоро ба забон овард: “Ман Америка мурданӣ меравам”. Ба хонандаи ноогоҳ аён бод, ки устод дар Америка ҷарроҳии дил гузаронд. Духтури ҷарроҳ ӯро дилпур кардаст, ки 30 соли дигар умр мебинад. Афсӯс, сад афсӯс, ки гапи духтур ғалат баромад. Мо умед доштем, ки чанд бори дигар бо устод вомехӯрем ва аз рӯзгори америкоиаш пурсон мешавем. Чӣ суд аз ин гуфтанҳо, ки “Банда миранда аст”. Бо ин ҳарф худро тасалло медиҳем, аз лаззати лафзаш баҳра мегирем. Дили ғамгин, марги устод мемонад, ки тасалло ёбӣ?!

Моро хабари ба бемористони шаҳри Сиэтли Иёлоти Муттаҳидаи Америка хобондани устод хеле ғамгин карда буд. Ва аз рӯзи шунидамон, 3 апрели соли 2018, аз ҳавои ҳамин ғам берун нестем. Ҳарчанд ин хабари матбуоти тоҷик андаке оромамон кард: “Бозор Собир, шоири муҳбуби тоҷик, ки чанде пеш ба аёдати фарзандон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карда буд, бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид. 5 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин хабар огоҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ доданд, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, ёриву дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд”.

Аз ҷараёни табобати шоир огоҳ шудани Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро хеле хуш омад ва умед доштем, ки устод шифо меёбад ва бо пои худ ба зодгоҳ бармегардад. Вале...

Магар марг ба касе раҳм кардааст?

Рӯзҳои дар бемористон будани устод Бозор Собир китобҳои –“Пайванд”, “Варақи санг”, “Гули хор”, “Офтобниҳол”, “Чашми сафедор”, “Бо чамидан, бо чашидан”, “Симхор”, “Аз гули хор то симхор”, “Шоиру шеъре агар ҳаст”, “Хуни қалам”, “Садбарги хунин”-ро варақ мезадаму ба бузургии ӯ тан медодам:

На дигар хирмани гандум, на дигар хирмани моҳам,

Ба ҳаво тудаи абрам, ба замин тудаи коҳам.

Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,

Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам...

Устод аз пирии худ шиква карда бошад, гиряи марги ӯ моро гулӯгир кардааст.

Умеду бовариамон ба он буд, ки ҷашни 80-солагии устодамонро ҳини барҳаёт буданаш мебинем. Ин сана он қадар дур набуд – 20 ноябри ҳамин сол. Акнун дигар чӣ гӯем?! Бо дидаи ашкбор ҳасрат мекунем:

Қишлоқ рафта будам, дулонаи қатораш

Аз дурӣ зардӣ мекард дар пуштаи мазораш.

Аммо туро надидам дар сояи дарахтон,

Дар пушт лӯлаболишт аз пояи дарахтон.

Рафтам ба боғи токат, ангур пухта будаст,

Як боғи пухта бе ту чун оби дида будаст.

Сурхида буд анорат, аммо намефушурдам,

Оби анори дилро аз дида мефушурдам.

Рафтам сари мазорат, рафтам, ки ҷон супорам,

Во ҳасрато, ки сад бор ҷон додаму намурдам.

Аз насли хуби Собир бо ман ту монда будӣ,

Аз насли хуби Собир бо ман ту ҳам намондӣ...

Ҷӯрабек МӮМИН.