ИҶТИМОЪ
МАКТАБИ ДӮСТМУРОД БАРҶОСТ
- Подробности
-
02 Май 2018
- Опубликовано 02.05.2018 09:15
Дӯстмурод Алиев баъди хатми Донишгоҳи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар боғи санъати кишвар камтар аз бист сол ҳунарнамоӣ карда, дар синни сиву нуҳ, авҷи камолоти эҷодӣ, аз олам гузашт. Аз сар рафтани ӯ як гӯшаи санъати сарояндагии кишварро холӣ гузошт.
Дӯстмурод умри зиёд надида бошад ҳам, сурудҳои мондагор ба пойдор монд, аз ҳама муҳим, дар зиндагиаш мактаби хоси худро пайдо кард. Соли 1990, пас аз як соли фавташ, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Дӯстмуродхонӣ» ташкил шуд. Ин нишони соҳибмактабии ӯст. Дар бисёр шаҳру навоҳии кишвар пайравони шодравон Дӯстмурод Алиев ҳастанд. Маҳфилҳои фарҳангие, ки ҳамасола дар рӯзи таваллуди ӯ (19 апрел) дар Файзобод баргузор мегардад, собит менамояд, ки пайравону мухлисонаш кам не, зиёд мешаванд. Дуруст аст, ки ҳеҷ кадоме аз пайравон лаҳну садои Дӯстмуродро надорад. Садои Дӯстмурод худодод буд. Кӣ медонад, ки кадом садсолаи оянда чунин ҳунарманд тавлид мекунад.
Аз шаҳру навоҳии дур ҳамасола ба маҳфили гиромидошти Дӯстмурод омадани мухлисон нишони эҳтироми бузург ба санъати асил аст. Маҳфил имсол қариб 30 нафар пайравони Дӯстмуродро сарҷамъ кард. Байни онҳо ба мушоҳида расид, ки Мусулмонзода Вафо, ҷавон бошад ҳам, бартарӣ дораду услубу шеваи хониши Дӯстмуродро риоя мекунад. Вафо дар мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев аз устодон дарси мусиқию сарояндагӣ мегирад.
Дӯстмурод 15 июни соли 1978, дар бисту ҳаштсолагӣ ба унвони давлатии Ҳофизи халқии Тоҷикистон шарафёб гардид. Ин унвон ба ин ҳофизи булбуловоз арзанда аст. Муовини раиси ноҳия Нурия Раҷабова ҳини оғози маҳфили гиромидошт аз ҳунари волои Дӯстмурод ҳарф зад. Номбурда мужда дод, ки дар зодгоҳи ҳофиз осорхонаи ӯ бунёд карда мешавад.
Онҳое, ки дар рӯзи 19 апрел дар филармонияи халқии ноҳия ба хотири шодравон Дӯстмурод Алиев ҳунарнамоӣ карданд:
1. Мӯсоев Маҳкам аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
2. Қосимов Раҳматшо аз шаҳри Роғун.
3. Бобохонов Рустам аз ноҳияи Дӯстӣ.
4. Сайдалиев Шарифхон, аз ноҳияи Кушониён.
5. Ҷалилов Аскар аз шаҳри Душанбе.
6. Сироҷиддини Киромзод, аз шаҳри Душанбе.
7. Аҳлиддин Камол аз ноҳияи Ҳисор.
8. Мирзоев Хуршед аз шаҳри Ваҳдат.
9. Давлатов Илҳомиддин аз ноҳияи Рашт.
10. Назаров Сайфулло аз шаҳри Ваҳдат.
11. Файзуллоев Пирхон аз ноҳияи Кушониён.
12. Сангинов Худоёр аз ноҳияи Кушониён.
13. Ҳакимов Иброҳим аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
14. Алиев Наврӯз аз Ансамбли «Дарё» (фарзанди Д.Алиев).
15. Идиев Қурбоналӣ аз шаҳри Душанбе.
16. Саидҷалолов Маъмурҷон аз ноҳияи Ҷайҳун.
17. Тағоев Давлатмурод аз ноҳияи Восеъ.
Аз ноҳияи Файзобод:
1. Одинаев Қурбоналӣ.
2. Шамсов Сайдалӣ.
3. Шарипов Ҳасан.
4. Гулмуродов Бекмурод.
5. Искандаров Абдулҳақ.
6. Шамсов Сафаралӣ.
7. Авлиев Раҷабмурод.
8. Мусулмонзода Вафо.
9. Сулаймонов Абдуҷабор.
10. Зукуллоев Абдуҷабор.