Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ОБОДКОРИҲО ДАР ҶАВОНОН

Наврӯз ҷашнест, ки бо омад-омади худ аз эҳёи табиат, оламу одам мужда мерасонад. Беҳтарин ва зеботарин анъанаву одатҳои қавмҳои ориёӣ маҳз аз Наврӯз шакл гирифтаву густариш ёфтаанд. Дар ҳамаи деҳу ҷамоатҳои кишвар бо аваллин муждаи баҳору омади Наврӯз мардум пайи ободонию зебогардонии хонаву манзил, деҳаву маҳалла ва навоҳии худ камари   ҳиммат мебанданд. Нақши инро мо дар меҳнати дастҷамъонаи сокинони Ҷамоати деҳоти Ҷавонон мушоҳида менамоем. Дар ин ҷамоат деҳае нест, ки барномаи ободкории худро матраҳ накарда бошад. Заҳмати мардуми деҳаи Арзановаи ҷамоати мазкур тасдиқи гуфтаҳои мо мебошад. Аҳли ин деҳа бо сарварии раиси маҳалла-ҷавони серғайрату пуркор Суҳроб Саидов аллакай аз масофаи 7,5 км ба деҳа хати оби нӯшокиро овардаанд ва ният доранд дар арафаи ҷашни Наврӯз расми ифтитоҳи онро баргузор намоянд.

Бунёди майдони варзишии футболбозӣ , ки дар сатҳи ҳозиразамон қарор дорад, аз дигар ободкории ин мардуми меҳнатқарин ва сарвари оқилу некандеши он Суҳроб Саидов гувоҳӣ медиҳад. Ва имрӯзҳо мардуми деҳа бо сарварии ин ҷавонмарди ободпеша амали неку хайри дигар-девор бардоштани   атрофи оромгоҳи деҳаро, ки он ҳам яке аз фазилатҳои маъруфи Наврӯз аст, рӯи кор гирифтаанд.

Аслан ободии ҳар як деҳа пеш аз ҳама аз чӣ аҳвол доштани роҳҳои байни маҳаллаҳои он баҳо дода мешавад. Зеро ба назари ҳар як шахси вориди деҳа гашта аввалтар аз ҳама ҳолати ободии роҳҳои он бармехӯрад. Ин аст, ки мардуми деҳаи Арзанова қарор додаанд, ки дар арафа ва рӯзҳои ҷашни Наврӯзи дилафрӯз роҳҳои байни кӯчаҳои деҳаашонро аз сари нав сангфарш ва тахту ҳамвор намоянд.

Дар саргаҳи ин ҳама ободсозию бунёдкории сокинони ин деҳа эҳтиром ва иттифоқу дастҷамъии мардумаш меистад, ки раиси маҳалла Суҳроб Саидов тавонистааст, онро ба вуҷуд биёрад. Аз иттилое, ки аз намояндагони ин ҷамоати деҳот гирифтем, онҳо тасмим доранд дар арафаи ин ҷашни пуршукӯҳ муассисаи таълимии дорои 200 ҷойи нишастро дар деҳаи Навобод, бунгоҳи нави тиббиро, ки муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ   дар деҳаи Хамисавра бо дастгирию роҳбарии бевоситаи раиси маҳалла Асадулло Шарипов қомат рост кардааст, майдончаҳои варзиширо дар деҳаҳои Обисангбур ва Арзанова, ҳамчунин оғози бунёди ду бунгоҳи тиббиро бо дар назардошти утоқҳои ташхисӣ ва доругузаронӣ дар деҳаи Карсанг, хати оби нӯшокии деҳаи Арзановаро расман ифтитоҳ бахшанд. Ҳамчунин равшаникунонии деҳаҳои атрофи шоҳроҳи Душанбе-Роғун дар ҳудуди ҷамоат ба анҷом расид.

Вақте ки сухан дар бораи сохтмону ба истифода додани муассисаи таълимии деҳаи Навобод меравад, нақши мутахассиси ҳамин ҷамоат Кароматулло Саидовро ёдовар нашудан имкон надорад. Зеро ӯ аз оғози корҳои сохтмони муассисаи мазкур то ба имрӯз рафти сохтмонро бевосита роҳбарӣ намудааст, ки инро раиси Ҷамоати деҳоти Ҷавонон Ҷаҳоногир Боев ва муовини раиси ноҳия Н. Раҷабова махсус қайд намуданд.  

Хулоса, гумон меравад, ки Наврӯзи имсола дар ёдҳо ва хотири мардуми Ҷамоати деҳоти Ҷавонон то дергоҳ ҳамчун фасли ободкорию бунёдсозӣ бо сарварии раиси ҷавону кордони он Ҷаҳонгир Боев нақш хоҳад баст.

ҲАЁТ АЗ ОБИ НОБУ ҶОВИДОН САРЧАШМА МЕГИРАД…

2018-2028  ДАҲСОЛАИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ
«ОБ - БАРОИ РУШДИ УСТУВОР»

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази қитъаи Осиё ҷойгир мебошад ва шароити он аз ҷиҳати захираҳои обӣ нисбат ба дигар Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна хубтару қулайтар аст. Дар ҷумҳурӣ қариб 1000 дарё ва дарёчаҳои гуногун аст. Сабабҳои дар ин сарзамин ба вуҷуд омадани дарёҳои серобу тезоб, кӯлҳо ва обҳои зеризаминии гуногун мебошанд. Масоҳати ҷумҳуриро қариб саросар кӯҳсорони баланд печонидаанд. Бар замми ин Тоҷикистонро аз шимол силсилаи кӯҳҳои азими Тян-Шан, аз шарқ кӯҳҳои Сарикол ва аз ҷануб кӯҳҳои Ҳиндукуш иҳота кардаанд. Сарчашмаи асосии аксарияти дарёҳои пуробу тезоби Тоҷикистон барфу пиряхҳои доимии силсилакӯҳҳо мебошанд, ки аҳамияти иқтисодии онҳоро пеш аз ҳама дар эҳтиёҷоти хоҷагии қишлоқ истифода кардан аст. Тоҷикистон вобаста ба мавқеи географӣ, масоҳат, сохти релеф, хусусиятҳои иқлим дорои захираи бузурги об аст. Масалан, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи гидроэнергетикӣ дар байни давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баъд аз Федератсияи Россия, ҷои дуюмро мегирад. Обҳои Тоҷикистон дар айни замон на танҳо барои ҷумҳуриямон, балки барои тамоми Осиёи Миёна аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд. Ин аст, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оид ба масоили об ташаббускори беназир аст. Алалхусус, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003-ум эълон шудани соли байналмилалии «Оби тоза», солҳои 2005-2015-ум даҳсолаи нави «Амалиёт об барои ҳаёт», соли 2010-ум дар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи соли 2013-ум «Ҳамкориҳо оид ба масоили об» қарор қабул карда шуд. Ва билохира бо пешниҳоди сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2028- ум даҳсолаи дуюми байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор» 21 декабри соли 2016-ум аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, расми кушодашавии он 22 марти соли 2018-ум дар пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт.

Мо фахр аз он дорем, ки солҳои охир дар пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе оид ба масоили об конфронсу семинарҳо ва маҷлисҳои бошукӯҳ дар сатҳи давлатию байналмилалии арсаи ҷаҳонӣ бо як шаҳомати хосса мегузарад. Ҳар яки моро зарур аст, ки аз ҳар як қатра оби софу зулоли ватанамон самаранок истифода барем, нисбати ифлосшавию заҳролудшавии обҳои шӯхи диёрамон бетараф набошем, барои аз байн нарафтани дарёҳо, кӯлҳо, обу чашмаҳои софу зулол саҳми босазои худро гузорем.

Ҳаёт аз оби нобу ҷовидон сарчашма мегирад,

Ва об аз қуллаи боми ҷаҳон сарчашма мегирад.

Ҳаёту об пайванду андар созмони даҳр,

    Зи файзи Пешвои тоҷикон сарчашма мегирад.

ФАЙЗОБОД – ДИЁРИ ҲУНАРМАНДОН ВА МАКОНИ САЙРУ САЁҲАТ

Фарҳанг шиносномаи миллат ва муаррифгари халқияту тамаддунҳо буда, дар ҳама давру замон ҳамчун рукни асосӣ эътироф ва ҳифз карда мешавад. Дар саёраи замин миллату халқиятҳои гуногун ҳаёт ба сар мебаранд, ки дорои фарҳангу маданияти ба худ хос мебошанд. Вале фарҳангу тамаддуни халқҳои Осиёи Миёна, хусусан кишвари азизамон Тоҷикистон, нисбат ба дигар халқиятҳои курраи замин хеле фарқ мекунад. Фарҳангу маданияти водиҳои Зарафшону Ҳисор, Хатлону Бадахшон аз ҳамдигар тафовут доранд, вале дар заминаи фарҳанги хоси тоҷикӣ ба вуҷуд омаданд.

Ба хотири арҷгузорӣ ба таърихи гузаштагон ва эҳё намудани фарҳангу маданият ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки аз ин иқдом соҳаи сайёҳӣ дар кишвар рушд ёфта, ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё карда мешавад.

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, диёри Файзобод таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, давраҳои гуногуни таърихиро аз сар гузаронидааст. Мувофиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ дар ин мавзеи хушбодуҳаво тақрибан се ҳазор сол қабл шаҳре бо номи Вашгирд бунёд гардидааст, ки дар қатори шаҳрҳои бузурги Осиёи Миёна, ба монади Бухоро ва Самарқанд бо ҳашамату бузургии худ мавқеи назаррас доштааст. То ба имрӯз боқимондаҳои харобаҳои ин шаҳр дар деҳаи Сари чашма  бозгӯ аз таърихи қадим доштани диёри Файзобод мебошад.

Дар ин шаҳр яке аз шайхони Балх муриди Шақиқи Балхӣ Хоҷаи Ҳотами Асам замоне зиндагонӣ кардааст. Мақбараи ин шахсияти барҷастаи олами ислом дар ҳудуди шаҳри қадимаи Вашгирд ҷойгир мебошад, ки масофаи байни Қалъаи Сангин ва Қалъаи Фотимаи Заҳро бо мақбараи Хоҷа Ҳотами Асам тақрибан 500 метрро ташкил медиҳад. Мақбара бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст, ки ҳамчун ёдгории таърихӣ ба ҳисоб меравад. Гарчанде теппаҳои болои шаҳрро қабристон ишғол намуда бошад ҳам, вале ин мавзеъ ҳамчун мавзеи сайёҳӣ аҳамияти хоса дорад. Аз ин мавзеъ асбобу олотҳои рӯзгор ва дигар ашёи ба замонҳои қадим хос дарёфт гардидааст, ки имрӯз дар осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия нигоҳ дошта мешаванд.  Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳия мақбараи шахсиятҳои бузург чун Домулло Толиб, Абдураҳими Давлат, Маҳмуд ибни Аҳмад ва Бобои Валӣ бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст, ки диққати зиёраткунандагон ва сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Табиати афсункори диёри Файзобод  дили ҳазорон меҳмонону сайёҳонро тасхир месозад. Манзараҳои дилфиреби ин мулк ба бинанда кайфият мебахшад.

Диёри зебоманзару биҳиштосои Файзобод натанҳо табиати нотакрор дорад, инчунин ҳунармандони асил низ дорад, ки ҳунарҳои мардумиро аз гузаштагони худ мерос гирифтаанд ва барои имрӯзу ояндаҳо зинда нигоҳ медоранд. Яке аз ҳунарҳои мардуми Файзобод ин кулолгарӣ ба ҳисоб меравад, ки  дар даврони шаҳри бостонии Вашгирд рушд ёфта буд. Аксари бозёфтҳое, ки аз Қалъаи Сангин ва Қалъаи Фотимаи Заҳро ёфт гардидааст,   аз қабили хуму кӯзачаҳои кулолӣ, табақҳои сафолии наққошишуда ва қубурҳои аз кулол сохташуда тасдиқи гуфтаҳои болоиянд.

Кулолгарӣ дар диёри мо таърихи қадима дорад. Маҳсули дастони яке аз давомдиҳандагони ҳунари кулолгарӣ Зарафо-хола Раҳимова зимни намоишгоҳҳои байналмиллалӣ дар кишварҳои Ҳиндустон, Яман, Ҷопон, Италия, Франсия, Германия ва шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ба намоиш гузошта шуда, сазовори баҳои баланд гардидааст.  Дар айни ҳол ҳунари кулолгариро шогирди Зарафо-хола Сочигул Асоева идома медиҳад.

Дар қатори ҳунари кулолгарӣ ҳунарҳои чӯбкорӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзию кашидадӯзӣ ва рассомӣ дар   Файзобод маъруфият доранд.

Ҳунар баробари намоиш ба меҳмонону сайёҳон инчунин барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ хизмат мекунад.   Чун Файзобод макони ҳунармандон ва мавзеи тамошобоб барои сайёҳон ба ҳисоб меравад, ҳунармандони ин диёр ҳамеша дар паи эҷоданду мардумаш сарфароз.

УСТОШАМС – МАКОНИ КУЛОЛӢ

Ё МАКТАБИ ҲУНАРИ КУЛОЛГАРИИ ЗАРАФО РАҲИМОВА ОМӮХТАНИСТ

Мардуми он авлодан ба касби кулолгарӣ машғуланд. Кӣ аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон шодравон Зарафо Раҳимоваро намешиносад? Офаридаҳои ин зани ҳунарманд дар намоишгоҳҳои Ҳиндустон, Яман, Япония Италия, Франсия, Германия, Москваю Ленинград ва дигар ҷойҳо баҳои баланд гирифтанд. Ӯ ҳангоми ҳаёт будан ҳунари зебои худро ба Ҳоҷимо Зоирова (равонаш шод бод), Ҷумъагул Қурбонова, Сайлӣ Муродова, Анор Ҳусейнова, Сочигул Асоева ва даҳҳои дигар омӯхтааст, ки маҳсули меҳнати онҳо аз устодашон монданӣ надорад. Имрӯз муаррифгари ин намуди ҳунари мардумӣ – кулолгарӣ сокини ҳамин деҳа Сочигул Асоева мебошад. Мо аз Сочигул Асоева, ин кулолгари хушзеҳну гулдаст боре ҳангоми меҳмони хонадонашон шудан, пурсида будем, ки аз рӯи ҳисоби худ чанд намуди асбоб аз хоки кулолӣ сохтаанд?

- Ростӣ, ҳисоб накардам. Лек, ана нигаред, ба чанд намуде, ки дар наздам истодааст: табақ, коса, чойҷӯш, офтоба, сиба, чармидон, хум, тағора, кӯза, чахдек, ҷӯликӣ, чироғ, қошуқдон, қулқулак, қалпӯшакча, ҳуштак… Имрӯз ягон маъракаи ноҳиявию ҷумҳуриявие нест, ки бе намоиши ҳунарҳои апаи Сочигул Асоева гузарад. Чанд сол пештар дар саҳнаи толори муҷтамеи давлатии «Кохи ваҳдат»-и пойтахт маросими ифтитоҳи нахустфестивали байналмилалии ҳунар ва муди «Диёри ҳусн» баргузор гардида буд. Дар нахустфестивал меҳмонони зиёде аз кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ғайра иштирок доштанд. Ба фестивал беҳтарин дастовардҳои кишварҳои ҳамҷавор таҳти навою таронаҳои миллии минтақаҳо ба намоиш гузошта шуда буд. Дар ин намоиш аз 120 давлати дунё 103 намунаи маҳсули ҳунармандӣ пешниҳод шуда буд, ки аз байни онҳо 12 намудаш соҳиби Сертификати «Нишони сифат» гардид. Хушбахтона, аз ҷумҳуриамон маҳсули ҳунари дасти кулолгари деҳаи Устошамс Сочигул Асоева соҳиби ин нишони олии ҳунармандӣ гардид. Дар ин  нахустфестивал ҳусну таваҷҷуҳи зиёди одамон ба ҳунари ин зани файзободӣ бештар дар он буд, ки маҳсули ҳунари ӯ соф дастию эҷодкорона буд. Меҳмонон гаштаю баргашта намунаҳои ҳунари пешниҳоднамудаи ӯро тамошо карда, ба сеҳри дастони ҳунарманди ӯ таҳсину офарин мехонданд. Собиқ раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев дар ҷамъбасти нахустфестивал изҳор намуд, ки ба чунин шарафи бузург ноил гардидани маҳсули ҳунармандии ин зани деҳотӣ ифтихори ҳамаи мо, мардуми тоҷик аст. Яъне ӯ бо ҳунараш мардуми Файзободро дар ҷаҳон муаррифӣ намуд.

- Эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро хеле бо хушнудӣ пазируфтам. Кулолгарӣ, ки як намуди ҳунарҳои мардумист, рушду такомули нав мехоҳад. Агар дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Меҳробод як корхонаи кулолгарӣ ташкил карда шавад, мо, шогирдон пеш аз ҳама мактаби ҳунарии устодамон Зарафо Раҳимоваро аз нав эҳё мекардем ва бар замми ин нафарони зиёде ба ин намуди ҳунар рӯзгорашонро пеш мебурданд ва ҷавонону бонувони бешуғл ин ҳунари миллиро ёд мегирифтанд, умедворона мегӯяд Сочигул Асоева.

«БӮСТОН - 2017» - МАЙДОНИ НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Чуноне дар шумораи гузаштаи рӯзнома иттилоъ дода будем, имрӯз таваҷҷуҳ ва ниёз ба самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ зиёд аст. Рӯзи 12 январи соли 2018 даври дуюми намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва консерти санъаткорони ноҳияи Файзобод, шаҳрҳои Ваҳдат, Норак ва Роғун дар доираи Низомномаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Бӯстон -2017» дар қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ду бахш иборат буда, дар бахши аввал навъу намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба тамошо гузошта шуда буд. Дар бахши дуюм истеъдодҳои нави санъаткорони ноҳияҳо рӯйи саҳна баромаданд.

-Баргузории чунин як чорабинии муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ, агар аз як тараф дарёфти истеъдодҳои нав дар дунёи санъат бошад, аз паҳлуи дигар тарғибу ташвиқ ва рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аст.

Пӯшида нест, ки мардуми тоҷик аз қадим эҷодкор, ҳунарманд ва ободкор буд ва боиси ифтихор ҳам ҳаст, ки ҳунари волои ҳунармандони тоҷикро оламиён эътироф намудаанд. Дар замони истиқлолият, даврони бозгашти миллат ба асли хеш, ба ин ҷанба таваҷҷуҳи бештар равона карда шуд, ки далели равшани инро мо дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар мебинем. Сарвари давлат рушди ҳунарҳои мардумиро аз вазифаҳои муҳими давлат арзёбӣ карда, аз соли нави 2018 фурӯши чунин молу маводро аз пардохти ҳамаи андоз озод намуд. Албатта, ин иқдоми ояндасоз ба рушди ҳунармандӣ дар навоҳиву маҳалҳои кишварамон бетаъсир намемонад.

Ҳунармандони ноҳияи мо, ки овозаи истеъдоду ҳунару офаридаҳои онҳо кайҳо боз дар дохили кишвар ва берун аз он паҳн гаштааст, имрӯз ҳам таҷассуми фарҳангдӯстию зебопарастии худро дар мисоли навъҳои гуногуни ҳунармандӣ ба маърази тамошо гузошта буданд. Хусусан қароқидӯзӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, гулакдӯзии Ҳомидова Гулбаҳор аз Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, маснуоти дастбофи Одинаева Идимоҳ аз Ҷамоати деҳоти Дӯстмуроди Алӣ, асбобу олоти аз чӯб тайёркадаи Ғаюров Сабур аз Ҷамоати деҳоти Мискинобод, ҳамаи намудҳои ҳунармандии Шарипова Ҳалима ва духтараш Ғафурова Шукрона аз литсеи касбӣ-техникии ноҳия, кулолгарии Сочигул Асоева аз Ҷамоати деҳоти Меҳробод ва ғайра тамошобинонро ба дунёи пурафсуни зебоӣ ва зебоидӯстӣ мебурд.

Дар гӯшаи дигари толор маҳсулоти нонии кадбонуҳои файзободӣ мавриди тамошо қарор гирифт. Дар ҳақиқат ғизое, ки кадбонувони мо аз орд тайёр мекунанд, бо хусусиятҳои нотакрории худ аз навъҳои гуногуни нон ва маҳсулоти қаннодии дигар ноҳияву маҳалҳои ватанамон фарқ дорад. Ғизои аз орд тайёркардаи онҳо бо таъму лаззати худ нотакроранд.

Агар ба таърихи халқи тоҷик назар андозем, аз давраҳои қадим ҳунарҳои бофандагию кулолгарӣ  қариб дар ҳамаи табақаҳои ҷомеа рушд ёфта буд. Хусусан дар ноҳияи Файзобод, дар хонадони ҳар як сокини он намудҳои хурду бузург ва гуногуни ин навъи санъати халқиро дидан мумкин буд. Афсӯс, ки солҳои охир ин намуди санъати мардумӣ ба маротиб дар ҳоли аз байн рафтан аст. Хушбахтона дар ноҳияи мо шогирди кулолгари номии кишвар Зарафо Раҳимова, ки намунаҳои эҷоди ӯ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ сазовори ҷоизаҳо гардидааст - Сочигул Асоева ин навъи санъати мардумиро зинда нигоҳ медорад. Ҳамчунин Гулбаҳор Ҳомидоваро, ки маҳсули дастони моҳири ӯ имрӯз хонадони аксари аҳолии Ҷамоати деҳоти Ҷавононро зиннат медиҳад, ном бурдан мумкин аст.

Тоҷикон дар зоти худ мардуми ҳунарманданд. Бисёр муҳим аст, ки анъанаи суннатии устодию шогирдӣ аз байн наравад ва ҳунармандони асил касби худро бо тамоми нозукӣ ба шогирдон ёд диҳанд.     

 

«МАРШАЛ»-И ОРИФОН

Маликахоларо хурду бузурги деҳаи Орифон мешиносанд. Аммо на бо исми аслӣ. Рӯзи ба аёдаташ рафтан аз мардуми муқими русто хонаи Малика Шамсиеваро пурсон шудем. Ин ном чандон ба онҳо ошно набуд. Вақто ки аз ҳунараш гуфтем, бо табассум ҷавоб гирифтем: “Кампири маршал гӯед”. Вақти суҳбат бо ӯ бароямон рӯшан гардид, ки воқеан сазовори ин унвони халқ аст. Синни мубаракаш ба 80 расида бошад ҳам, ҳанӯз аз ранҷи кафи даст рӯзӣ мебарад. Манзили зисташ коргоҳи бофандагиву ресандагиро мемонад. Мо ӯро дар ҳалқаи пайвандон, келину духтару наберагон машғули кор дарёфтем. Маҳсули дастранҷи офаридааш, аз қабили чолбанди кокулу дастбанди гаҳвора, рафидаву қуроқу гулдӯзӣ ва давриҳои пурнақшу нигораш дар чор девори хона ва рӯйи тахти кӯрпаҳо овезон буданд. Чалаки миёни хона овезон аз машғул буданаш ба ресидану тофтани риштаҳо гувоҳӣ медод. Бо рафтани умраш ба синни муборак равшании дидагонаш тиратар гаштаанд. Лек дилбастагӣ ба касбу меҳнати ҳалол ӯро водор намудааст, ки ба сар фурӯзонак (фанарик) баста, зери равашании он рӯйи матои якрангро пурнақшу нигор созад.

Ӯ аз хурдӣ дар тарбияи бобову бибӣ ба воя расидааст. Мегӯяд, ки ҳамаи ин ҳунарҳоро аз бибии марҳумаш овони хурдсолӣ омӯхтааст. “Бибиям барои нав-хонадорони маҳаллаву ҳамсоядеҳаҳо гулдӯзиву давридузӣ мекард. Мани хурдсол пешаш шишта тамошо мекардам. Оҳиста-оҳиста ба бофтану дӯхтан дилбастагӣ пайдо намудам. Ва баъдтар бо кӯмаки модаркалонам худам мустақилона даврӣ медӯхтам”.

Ӯ ба ҳар кӯки дӯхтаву печи риштаи тофтааш хуб диққат медиҳад, то маҳсули дастранҷи офаридааш сӯфтаву босифат бошад. Ҳамин аст, ки офаридаҳояш ба қавле бозоргир шудаву аз пойтахту шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдату Роғун ва навоҳии ҳамсоя барои тайёр намудани чолбанду дастбанд ва гулдӯзиву давриҳои нақши қадимадошта фармоиш мегирад. Аз нақли пайвандон чолбанду дастбандҳои офаридаи модарашонро бо арзиши 50-70 сомонӣ мефурӯшанд. Духтарони холаи Малика мегӯянд, ки арзиши маҳсулот ба фармоиш вобастагӣ дорад. Агар мизоҷон чолбандро бо риштаи тофташуда фармоиш диҳанд, заҳмату масрафи он зиёдтару вақти бештарро металабад. Табиист, ки нархи ин чолбандҳо аз чолбанди муқаррарӣ баландтар аст.

Маликахола меӯяд, то чанд соли пеш барои бофтани як ҷуфт чолбанд як - якуним рӯз вақт сарф мекард. Имрӯз бошад, чунин корро тӯли як ҳафта ба анҷом мерасонад. Аммо аз ин ҳеҷ дилшиката нест, зеро ба қавли худаш офаридани ҳар нақшу дӯхтани ҳар кӯк дар рагу паяш нишастааст. Ҳанӯз ҳам медӯзаду мебофаду рӯйи матои сафед нақшу нигор меофарад.

Дасти мубораки ӯ ба ҳамаи сокинони деҳ расидааст. Имрӯз ӯ маслиҳатгари зиндагии хурду бузурги Орифон аст. Роҳнамову маслиҳатчӣ ва дастгири халқ буданаш, ӯро миёни сокинони деҳ бӯзург, яъне “Маршал” кардааст.

Мардуми маҳалла эътирофкунон мегӯянд, ки воқеан кампири табаррук аст. Зеро ӯ имрӯз болои сари 12 фарзанду 60 набера ва 12 абера бо ин ҳунару маҳорат шоистазани Орифон аст.

САХОВАТ КОРИ МАРДОН АСТ

 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ саховатмандӣ ҳамчун ҷузъи ҳаёти иҷтимоӣ ба расмият даромад. Сарвари давлат ба саховатмандони кишвар эътимод доштани эҳтиёҷмандонро, таъкид намуда, аз кӯмаку дастгирии ҷавонмардонаи онҳо ҳамеша изҳори қаноатмандӣ мекунад.

Дар Файзобод соҳибкорони муваффақ, ки ба қишри эҳтиёҷманд кӯмаки доимӣ ё қаноаткунанда расонда бошанд, шумораи хеле камро ташкил мекунанд. Ягона шахсе, ки се-чор соли охир номашро матбуоти маҳаллӣ, ва, албатта, кӯмакдидагон, бо некӣ ба забон меоранд, Ҷамшед Ғафуров аст. Бояд зикр кард, ки ӯ аз ёрмандиҳои «реза-реза» ба калон-калон гузашт.  Манзури мо аз ҷониби ӯ барои таълимгоҳҳои ноҳия ҷудо намудани маблағҳост. Ҷамшед ба таълимгоҳи хатмкардаи худ - МТМУ-и №1 50 ҳазор доллар бахшид. Аз ҳиммати баланди ин ҷавонмард мудири шуъбаи маорифи ноҳия Файзулло Наҷмиддинов  миннатпазирона маълумот дод. Ҷамшед барои сохтмони мактаби деҳаи Кенҷаобод маблағи зарурӣ ҷудо кард.

Дар радифи суханҳои мудири маориф пурсон шудем, ки ҷараёни сохтмони таълимгоҳҳои нав бо маблағҳои саховатмандон чӣ гуна сурат гирифтааст? Ҷавоб шунидем:- соли гузашта бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Кӯлобиён 100 ҷойи нишасти таълимӣ, дар деҳаи Навобод 200 ҷойи нишасти таълимӣ ва дар деҳаи Меҳробод 100 ҷоқи нишасти таълимӣ ба истифода дода шуд. Мактабҳои  рақамҳои 23,24,26,32,29 низ соҳиби синфхонаҳои  иловагӣ  шуданд. Новобаста ба он ки ҳамасола аз буҷаи ноҳия ба соҳаи маориф маблағҳои калон ҷудо мегарданд, бо мақсади муҳайё намудани шароитҳои хуби таълимгирӣ ва, умуман таъмини рушди соҳа, зарур мешавад, ки таҷҳизоти муассисаҳои таълимӣ зина ба зина иваз карда шаванд. Бинобар ин ҷиҳати беҳтар кардани базаи моддӣ ва таълимӣ бо кӯмаку дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҶДММ «Олами мебел» ва ташкилоти ҷамъиятии «Глобус» ба таври ройгон ба маблағи 6072 сомонӣ маводҳои таълимӣ ҷудо намуданд. Ҷавонмардони саховатпеша  Нусрат Саломов ва Темур Юнусов роҳбарони ин идораҳо ҳастанд.

Файзулло Наҷмиддинов ба Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид миннатдорӣ баён намуд, ки соли гузашта ба муассисаҳои таълимии Файзобод 50 тахтаи синфӣ, 1256 адад парта, ҷевони китоб ва дигар мавод ҷудо кард.

Ин чиз ҳам боиси қайд аст, ки барои муассисаҳои таълимии рақамҳои 2, 33, 35 ва 59 ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ (барои ҳар муассиса) маводи таълимӣ, дигар таҷҳизот дастрас карда шуда, аз тарафи ташкилоти байналмилалии «Наҷоти кӯдакон» ба муассисаҳои таълимии ноҳия 116 номгӯи адабиёти бачагона тақдим гардид. Синф-марказҳои таълими хонандагони маъюб ва имконияташон маҳдуд, ки дар назди МТМУ №35 ва 59 ташкил карда шудаанд, бо тамоми ашёҳои зарурӣ таъмин мебошанд.

Минбаъд ҳам умед намекунем, ки соҳибкорон дасти саховаташонро аз сӯи эҳтиёҷмандон барканор бигиранд. Зеро саховатмандӣ аз оинҳои ҷавонмардӣ ва одамият аст.

КУШТОРИ РӮШАНДИЛОН АЗ ДАСТИ РАЗИЛОН

11 март - рӯзи матбуоти тоҷик

Дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (солҳои 1992-1997), ки дар таърихи миллат бори аввал буд ва ҳама дасти дуо мебардорем, ки дигар ҳеҷ гоҳ такрор наёбад, беш аз 150 ҳазор кас ҳалок шуд. Хисороти молӣ ба 10 миллиард доллар расид. Дар баробари зиёни молию ҷонӣ бар сари миллат зарари зеҳнию ақлонӣ, мафкуравию маданӣ бор шуд, ба ифодаи дигар, ин ҷанг сиёҳии маърифаткушӣ ҳам гузошт: аз шумораи кушташудагон, тибқи маълумоти расонаҳои хабарии кишвар, 100 нафарашон журналистонанд. Дар ин шумур олимони шинохта, сарсупурдагони илму фарҳанги Ватан ҳам ҳастанд. Аксари онҳо зану фарзанд доштанд, ки имрӯз азоби ятимию бесаробонӣ мекашанд. Матбуоти тоҷик мегӯяд, ки 10 журналисти рӯшандилу рӯшанфикр, даҳ журналисти варзида, даҳ журналисти соҳибноми кишвар даҳ рӯзноманигори номбардори касб маҳз бо дастури ТЭТ ҲНИТ ба қатл расиданд.

Ҳар кӣ аз мутбуоти тоҷик хабардор аст, медонанд, ки Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Почохон Сайфиддин, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский ва рӯзноманигору нависандаю кинодрамнавис Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар сарои мутафаккирони кишвар чӣ мартабаю манзалат доштанд.

Журналисткушӣ аз соли 1992 оғоз гардид. 5 майи ҳамон сол дар саҳни бинои Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯзноманигор, аввалин муҳаррири «Садои мардум» Муродулло Шерализода бо дастури Худойдодов Абдуғаффор (мулло Абдуғаффор) ба қатл расид. 19 майи соли 1994 котиби масъули рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (имрӯза «Ҷумҳурият») Хушбахт Ҳайдаршоро куштанд. Аҷаб ҷавонмарди зебою хушчақчақе буд Хушбахт. Худи ҳамон сол (18 август) директори барномаҳои телевизиони Тоҷикистон Давлаталӣ Раҳмоналиев ҳадафи тири разилон гардид.

Амалҳои террористӣ бо дастури собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Назарзода, ҳамоне, ки 4 сентябри соли 2015 ба ғасби ҳукумат бархоста буд ва ин амалаш ду ҷавонмарди Файзобод – Исмоил Пиров ва Раҷабмурод Орифовро ҳам аз ҳаёт маҳрум кард, ба анҷом расонда мешуд.

Ҳаждаҳуми март рӯзи зода шудани Отахон Латифӣ аст. Агар ӯ ҳаёт мебуд, ба 82 медаромад. Ин марди фозилу донишмандро дар 62-солагӣ ба қатл расонданд. Куштори разилона субҳи 22 сентябри соли 1998 дар назди қароргоҳи Комиссияи оштии миллӣ (бинои меҳмонхонаи Вахш) аз дасти Турсунов Абдулло ба вуқӯъ омад. (Латифӣ раиси зеркомиссияи Комиссияи оштии миллӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ буд). Қотил 17 июли соли 2000-ум ба муддати 17 сол ҳукми зиндон гирифт. Вале магар журналисте ҳаст, ки Отахон Латифӣ шуда тавонаду мисли ӯ қалами эҷод дошта бошад?!

Латифӣ, зодаи Панҷакенти бостон, донишгоҳи бонуфӯзи Ленинградро хатм намуда буд. Фаъолияти журналистиаш соли 1963 аз рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» ва «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз гардид. Солҳои 1967-1973 хабарнигори махсуси «Комсомолская правда» дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд. Соли 1982, баъди муҳаррири «Тоҷикистони советӣ» таъйин шудани Ғоиб Қаландаров (ӯ мухбири махсуси «Правда» буд), Отахон хабарнигори «Правда» пазируфта шуд. Латифӣ бо андешаҳои солим Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамуд. Донишу фазилати худододаш соли 1989 ӯро ба курсии муовини Раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон овард.

Хушбахтона, муаллифи ин сатрҳо чанд бор аз суҳбати Отахон Латифӣ баҳра бардоштааст. Аввалин вохӯрӣ солҳои донишҷӯӣ дар Университети давлатии Тоҷикистон ба ном В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва кор дар журнали сиёсии Комитети марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон «Коммунисти Тоҷикистон» сурат гирифт. Латифӣ он солҳо (1963-1967) хабарнигори рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Комсомолец Таджикистана» буд. Вохӯрии дигар, ки дар шаҳри Москва, дар Анҷумани чоруми журналистони Иттиҳоди шӯравӣ (соли 1991) муяссар гардид, хотирмон ва арзандаи ёдоварист. Мо дар ин форуми журналистони умумииттифоқ аз Тоҷикистон 21 нафар будем, ки роҳбарамон Отахон Латифӣ буд. Ӯ дар Анҷумани журналистон дар раёсат менишаст.

Он солҳо, ки дар тамоми Иттифоқи Советӣ демократияву ошкорбаёнӣ дар авҷи аъло буд, Отахон Латифӣ аз ояндаи Тоҷикистон басо бошуурона муҳокимаронӣ менамуд. Ин сиёсатмадори сатҳи баланд, гуфтан равост, барои барқарорсозии сулҳу суботи миллӣ арзанда хизмат кард. Ба ҳамин хотир ӯро бо ордени «Шараф» сазовор донистанд.

Имконияти маҳдуди шумораи идонаи «Набзи Файзобод» даст намедиҳад, ки аз хизматҳои бузурги журналистони терроршуда як-як қисса кунем.

ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ - МАВРИДИ ОМӮЗИШИ УМУМ

Нахуст вохӯриҳои гурӯҳи кории тарғибгари Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти сарварии муовини аввали раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбек Бекназарзода, сарходими илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев, сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Лоиқназар, устоди ДМТ Барфиев Қобилҷон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Хайрулло Асозода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир шуд.

Вохӯриро раиси ноҳия, узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии кишвар Раҷабзода Миралӣ кушода,таъкид дошт, ки дар Паёми худ сарвари давлат бурду бохти мамлакат ва ҳамаи соҳаҳои зиндагии мардум-иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу сиёсатро мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода, самтҳои асосии фаъолиятро барои як соли оянда мушаххасан муайян намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Хайрулло Асозода низ зимни баромади худ зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ба тозагӣ ироа кардаашон таъкид намуданд, ки ” Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.”

Воқеан ҳам, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба давлати мо муяссар шуд, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ иншооти хурду бузурги муҳимро оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта, ба истифода диҳад,-иброз дошт Х. Асозода.

Муовини аввали раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбек Бекназарзода зимни баромадаш таъкид сохт, ки як рукни бисёр муҳими давлатдорӣ дар тамоми ҷаҳон фиристодани Паём ба ҳамаи сокинони кишвар ба ҳисоб меравад. Сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат дар навбати аввал ба таъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона шудааст.

Ҳамчунин Амирбек Бекназарзода бобати дастгирии соҳибкорон, ки дар суханронии Сарвари давлат махсус таъкид доштанд, истода гузаштанд.

Сарходими илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев дар суханронии хеш бобати пешрафти соҳаи кишоварзӣ истода гузашт.

Сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Лоиқназар ва устоди ДМТ Барфиев Қобилҷон доир ба дигар паҳлуҳои Паёми навбатии сарвари давлат ҳарф заданд.

Вохӯрии мазкурро раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ ҷамъбаст намуда, таъкид дошт, ки ин ҷамъомади судманд бо дилгармӣ аз ҷониби ҳозирин бо умеди фардои дурахшони мамлакат қабул гардид.

Дар нимаи дуюми рӯз дар толори Филармонияи халқии ноҳия вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони шаҳраки Файзобод доир шуд.

Гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини аввали раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбек Бекназарзода то 17 январи соли 2017 ҷиҳати шарҳ додани Паёми Пешвои миллат бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вохӯриҳо доир намуданд.

Подкатегории