Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

«БӮСТОН - 2017» - МАЙДОНИ НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Чуноне дар шумораи гузаштаи рӯзнома иттилоъ дода будем, имрӯз таваҷҷуҳ ва ниёз ба самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ зиёд аст. Рӯзи 12 январи соли 2018 даври дуюми намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва консерти санъаткорони ноҳияи Файзобод, шаҳрҳои Ваҳдат, Норак ва Роғун дар доираи Низомномаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Бӯстон -2017» дар қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ду бахш иборат буда, дар бахши аввал навъу намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба тамошо гузошта шуда буд. Дар бахши дуюм истеъдодҳои нави санъаткорони ноҳияҳо рӯйи саҳна баромаданд.

-Баргузории чунин як чорабинии муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ, агар аз як тараф дарёфти истеъдодҳои нав дар дунёи санъат бошад, аз паҳлуи дигар тарғибу ташвиқ ва рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аст.

Пӯшида нест, ки мардуми тоҷик аз қадим эҷодкор, ҳунарманд ва ободкор буд ва боиси ифтихор ҳам ҳаст, ки ҳунари волои ҳунармандони тоҷикро оламиён эътироф намудаанд. Дар замони истиқлолият, даврони бозгашти миллат ба асли хеш, ба ин ҷанба таваҷҷуҳи бештар равона карда шуд, ки далели равшани инро мо дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар мебинем. Сарвари давлат рушди ҳунарҳои мардумиро аз вазифаҳои муҳими давлат арзёбӣ карда, аз соли нави 2018 фурӯши чунин молу маводро аз пардохти ҳамаи андоз озод намуд. Албатта, ин иқдоми ояндасоз ба рушди ҳунармандӣ дар навоҳиву маҳалҳои кишварамон бетаъсир намемонад.

Ҳунармандони ноҳияи мо, ки овозаи истеъдоду ҳунару офаридаҳои онҳо кайҳо боз дар дохили кишвар ва берун аз он паҳн гаштааст, имрӯз ҳам таҷассуми фарҳангдӯстию зебопарастии худро дар мисоли навъҳои гуногуни ҳунармандӣ ба маърази тамошо гузошта буданд. Хусусан қароқидӯзӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, гулакдӯзии Ҳомидова Гулбаҳор аз Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, маснуоти дастбофи Одинаева Идимоҳ аз Ҷамоати деҳоти Дӯстмуроди Алӣ, асбобу олоти аз чӯб тайёркадаи Ғаюров Сабур аз Ҷамоати деҳоти Мискинобод, ҳамаи намудҳои ҳунармандии Шарипова Ҳалима ва духтараш Ғафурова Шукрона аз литсеи касбӣ-техникии ноҳия, кулолгарии Сочигул Асоева аз Ҷамоати деҳоти Меҳробод ва ғайра тамошобинонро ба дунёи пурафсуни зебоӣ ва зебоидӯстӣ мебурд.

Дар гӯшаи дигари толор маҳсулоти нонии кадбонуҳои файзободӣ мавриди тамошо қарор гирифт. Дар ҳақиқат ғизое, ки кадбонувони мо аз орд тайёр мекунанд, бо хусусиятҳои нотакрории худ аз навъҳои гуногуни нон ва маҳсулоти қаннодии дигар ноҳияву маҳалҳои ватанамон фарқ дорад. Ғизои аз орд тайёркардаи онҳо бо таъму лаззати худ нотакроранд.

Агар ба таърихи халқи тоҷик назар андозем, аз давраҳои қадим ҳунарҳои бофандагию кулолгарӣ  қариб дар ҳамаи табақаҳои ҷомеа рушд ёфта буд. Хусусан дар ноҳияи Файзобод, дар хонадони ҳар як сокини он намудҳои хурду бузург ва гуногуни ин навъи санъати халқиро дидан мумкин буд. Афсӯс, ки солҳои охир ин намуди санъати мардумӣ ба маротиб дар ҳоли аз байн рафтан аст. Хушбахтона дар ноҳияи мо шогирди кулолгари номии кишвар Зарафо Раҳимова, ки намунаҳои эҷоди ӯ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ сазовори ҷоизаҳо гардидааст - Сочигул Асоева ин навъи санъати мардумиро зинда нигоҳ медорад. Ҳамчунин Гулбаҳор Ҳомидоваро, ки маҳсули дастони моҳири ӯ имрӯз хонадони аксари аҳолии Ҷамоати деҳоти Ҷавононро зиннат медиҳад, ном бурдан мумкин аст.

Тоҷикон дар зоти худ мардуми ҳунарманданд. Бисёр муҳим аст, ки анъанаи суннатии устодию шогирдӣ аз байн наравад ва ҳунармандони асил касби худро бо тамоми нозукӣ ба шогирдон ёд диҳанд.