Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

КУШТОРИ РӮШАНДИЛОН АЗ ДАСТИ РАЗИЛОН

11 март - рӯзи матбуоти тоҷик

Дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (солҳои 1992-1997), ки дар таърихи миллат бори аввал буд ва ҳама дасти дуо мебардорем, ки дигар ҳеҷ гоҳ такрор наёбад, беш аз 150 ҳазор кас ҳалок шуд. Хисороти молӣ ба 10 миллиард доллар расид. Дар баробари зиёни молию ҷонӣ бар сари миллат зарари зеҳнию ақлонӣ, мафкуравию маданӣ бор шуд, ба ифодаи дигар, ин ҷанг сиёҳии маърифаткушӣ ҳам гузошт: аз шумораи кушташудагон, тибқи маълумоти расонаҳои хабарии кишвар, 100 нафарашон журналистонанд. Дар ин шумур олимони шинохта, сарсупурдагони илму фарҳанги Ватан ҳам ҳастанд. Аксари онҳо зану фарзанд доштанд, ки имрӯз азоби ятимию бесаробонӣ мекашанд. Матбуоти тоҷик мегӯяд, ки 10 журналисти рӯшандилу рӯшанфикр, даҳ журналисти варзида, даҳ журналисти соҳибноми кишвар даҳ рӯзноманигори номбардори касб маҳз бо дастури ТЭТ ҲНИТ ба қатл расиданд.

Ҳар кӣ аз мутбуоти тоҷик хабардор аст, медонанд, ки Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Почохон Сайфиддин, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский ва рӯзноманигору нависандаю кинодрамнавис Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар сарои мутафаккирони кишвар чӣ мартабаю манзалат доштанд.

Журналисткушӣ аз соли 1992 оғоз гардид. 5 майи ҳамон сол дар саҳни бинои Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯзноманигор, аввалин муҳаррири «Садои мардум» Муродулло Шерализода бо дастури Худойдодов Абдуғаффор (мулло Абдуғаффор) ба қатл расид. 19 майи соли 1994 котиби масъули рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (имрӯза «Ҷумҳурият») Хушбахт Ҳайдаршоро куштанд. Аҷаб ҷавонмарди зебою хушчақчақе буд Хушбахт. Худи ҳамон сол (18 август) директори барномаҳои телевизиони Тоҷикистон Давлаталӣ Раҳмоналиев ҳадафи тири разилон гардид.

Амалҳои террористӣ бо дастури собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Назарзода, ҳамоне, ки 4 сентябри соли 2015 ба ғасби ҳукумат бархоста буд ва ин амалаш ду ҷавонмарди Файзобод – Исмоил Пиров ва Раҷабмурод Орифовро ҳам аз ҳаёт маҳрум кард, ба анҷом расонда мешуд.

Ҳаждаҳуми март рӯзи зода шудани Отахон Латифӣ аст. Агар ӯ ҳаёт мебуд, ба 82 медаромад. Ин марди фозилу донишмандро дар 62-солагӣ ба қатл расонданд. Куштори разилона субҳи 22 сентябри соли 1998 дар назди қароргоҳи Комиссияи оштии миллӣ (бинои меҳмонхонаи Вахш) аз дасти Турсунов Абдулло ба вуқӯъ омад. (Латифӣ раиси зеркомиссияи Комиссияи оштии миллӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ буд). Қотил 17 июли соли 2000-ум ба муддати 17 сол ҳукми зиндон гирифт. Вале магар журналисте ҳаст, ки Отахон Латифӣ шуда тавонаду мисли ӯ қалами эҷод дошта бошад?!

Латифӣ, зодаи Панҷакенти бостон, донишгоҳи бонуфӯзи Ленинградро хатм намуда буд. Фаъолияти журналистиаш соли 1963 аз рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» ва «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз гардид. Солҳои 1967-1973 хабарнигори махсуси «Комсомолская правда» дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд. Соли 1982, баъди муҳаррири «Тоҷикистони советӣ» таъйин шудани Ғоиб Қаландаров (ӯ мухбири махсуси «Правда» буд), Отахон хабарнигори «Правда» пазируфта шуд. Латифӣ бо андешаҳои солим Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамуд. Донишу фазилати худододаш соли 1989 ӯро ба курсии муовини Раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон овард.

Хушбахтона, муаллифи ин сатрҳо чанд бор аз суҳбати Отахон Латифӣ баҳра бардоштааст. Аввалин вохӯрӣ солҳои донишҷӯӣ дар Университети давлатии Тоҷикистон ба ном В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва кор дар журнали сиёсии Комитети марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон «Коммунисти Тоҷикистон» сурат гирифт. Латифӣ он солҳо (1963-1967) хабарнигори рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Комсомолец Таджикистана» буд. Вохӯрии дигар, ки дар шаҳри Москва, дар Анҷумани чоруми журналистони Иттиҳоди шӯравӣ (соли 1991) муяссар гардид, хотирмон ва арзандаи ёдоварист. Мо дар ин форуми журналистони умумииттифоқ аз Тоҷикистон 21 нафар будем, ки роҳбарамон Отахон Латифӣ буд. Ӯ дар Анҷумани журналистон дар раёсат менишаст.

Он солҳо, ки дар тамоми Иттифоқи Советӣ демократияву ошкорбаёнӣ дар авҷи аъло буд, Отахон Латифӣ аз ояндаи Тоҷикистон басо бошуурона муҳокимаронӣ менамуд. Ин сиёсатмадори сатҳи баланд, гуфтан равост, барои барқарорсозии сулҳу суботи миллӣ арзанда хизмат кард. Ба ҳамин хотир ӯро бо ордени «Шараф» сазовор донистанд.

Имконияти маҳдуди шумораи идонаи «Набзи Файзобод» даст намедиҳад, ки аз хизматҳои бузурги журналистони терроршуда як-як қисса кунем.