Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

САХОВАТ КОРИ МАРДОН АСТ

 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ саховатмандӣ ҳамчун ҷузъи ҳаёти иҷтимоӣ ба расмият даромад. Сарвари давлат ба саховатмандони кишвар эътимод доштани эҳтиёҷмандонро, таъкид намуда, аз кӯмаку дастгирии ҷавонмардонаи онҳо ҳамеша изҳори қаноатмандӣ мекунад.

Дар Файзобод соҳибкорони муваффақ, ки ба қишри эҳтиёҷманд кӯмаки доимӣ ё қаноаткунанда расонда бошанд, шумораи хеле камро ташкил мекунанд. Ягона шахсе, ки се-чор соли охир номашро матбуоти маҳаллӣ, ва, албатта, кӯмакдидагон, бо некӣ ба забон меоранд, Ҷамшед Ғафуров аст. Бояд зикр кард, ки ӯ аз ёрмандиҳои «реза-реза» ба калон-калон гузашт.  Манзури мо аз ҷониби ӯ барои таълимгоҳҳои ноҳия ҷудо намудани маблағҳост. Ҷамшед ба таълимгоҳи хатмкардаи худ - МТМУ-и №1 50 ҳазор доллар бахшид. Аз ҳиммати баланди ин ҷавонмард мудири шуъбаи маорифи ноҳия Файзулло Наҷмиддинов  миннатпазирона маълумот дод. Ҷамшед барои сохтмони мактаби деҳаи Кенҷаобод маблағи зарурӣ ҷудо кард.

Дар радифи суханҳои мудири маориф пурсон шудем, ки ҷараёни сохтмони таълимгоҳҳои нав бо маблағҳои саховатмандон чӣ гуна сурат гирифтааст? Ҷавоб шунидем:- соли гузашта бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Кӯлобиён 100 ҷойи нишасти таълимӣ, дар деҳаи Навобод 200 ҷойи нишасти таълимӣ ва дар деҳаи Меҳробод 100 ҷоқи нишасти таълимӣ ба истифода дода шуд. Мактабҳои  рақамҳои 23,24,26,32,29 низ соҳиби синфхонаҳои  иловагӣ  шуданд. Новобаста ба он ки ҳамасола аз буҷаи ноҳия ба соҳаи маориф маблағҳои калон ҷудо мегарданд, бо мақсади муҳайё намудани шароитҳои хуби таълимгирӣ ва, умуман таъмини рушди соҳа, зарур мешавад, ки таҷҳизоти муассисаҳои таълимӣ зина ба зина иваз карда шаванд. Бинобар ин ҷиҳати беҳтар кардани базаи моддӣ ва таълимӣ бо кӯмаку дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҶДММ «Олами мебел» ва ташкилоти ҷамъиятии «Глобус» ба таври ройгон ба маблағи 6072 сомонӣ маводҳои таълимӣ ҷудо намуданд. Ҷавонмардони саховатпеша  Нусрат Саломов ва Темур Юнусов роҳбарони ин идораҳо ҳастанд.

Файзулло Наҷмиддинов ба Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид миннатдорӣ баён намуд, ки соли гузашта ба муассисаҳои таълимии Файзобод 50 тахтаи синфӣ, 1256 адад парта, ҷевони китоб ва дигар мавод ҷудо кард.

Ин чиз ҳам боиси қайд аст, ки барои муассисаҳои таълимии рақамҳои 2, 33, 35 ва 59 ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ (барои ҳар муассиса) маводи таълимӣ, дигар таҷҳизот дастрас карда шуда, аз тарафи ташкилоти байналмилалии «Наҷоти кӯдакон» ба муассисаҳои таълимии ноҳия 116 номгӯи адабиёти бачагона тақдим гардид. Синф-марказҳои таълими хонандагони маъюб ва имконияташон маҳдуд, ки дар назди МТМУ №35 ва 59 ташкил карда шудаанд, бо тамоми ашёҳои зарурӣ таъмин мебошанд.

Минбаъд ҳам умед намекунем, ки соҳибкорон дасти саховаташонро аз сӯи эҳтиёҷмандон барканор бигиранд. Зеро саховатмандӣ аз оинҳои ҷавонмардӣ ва одамият аст.