ИҶТИМОЪ
ҲАЁТ АЗ ОБИ НОБУ ҶОВИДОН САРЧАШМА МЕГИРАД…
- Подробности
-
09 Март 2018
- Опубликовано 09.03.2018 16:14
2018-2028 ДАҲСОЛАИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ
«ОБ - БАРОИ РУШДИ УСТУВОР»
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази қитъаи Осиё ҷойгир мебошад ва шароити он аз ҷиҳати захираҳои обӣ нисбат ба дигар Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна хубтару қулайтар аст. Дар ҷумҳурӣ қариб 1000 дарё ва дарёчаҳои гуногун аст. Сабабҳои дар ин сарзамин ба вуҷуд омадани дарёҳои серобу тезоб, кӯлҳо ва обҳои зеризаминии гуногун мебошанд. Масоҳати ҷумҳуриро қариб саросар кӯҳсорони баланд печонидаанд. Бар замми ин Тоҷикистонро аз шимол силсилаи кӯҳҳои азими Тян-Шан, аз шарқ кӯҳҳои Сарикол ва аз ҷануб кӯҳҳои Ҳиндукуш иҳота кардаанд. Сарчашмаи асосии аксарияти дарёҳои пуробу тезоби Тоҷикистон барфу пиряхҳои доимии силсилакӯҳҳо мебошанд, ки аҳамияти иқтисодии онҳоро пеш аз ҳама дар эҳтиёҷоти хоҷагии қишлоқ истифода кардан аст. Тоҷикистон вобаста ба мавқеи географӣ, масоҳат, сохти релеф, хусусиятҳои иқлим дорои захираи бузурги об аст. Масалан, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи гидроэнергетикӣ дар байни давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баъд аз Федератсияи Россия, ҷои дуюмро мегирад. Обҳои Тоҷикистон дар айни замон на танҳо барои ҷумҳуриямон, балки барои тамоми Осиёи Миёна аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд. Ин аст, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оид ба масоили об ташаббускори беназир аст. Алалхусус, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003-ум эълон шудани соли байналмилалии «Оби тоза», солҳои 2005-2015-ум даҳсолаи нави «Амалиёт об барои ҳаёт», соли 2010-ум дар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи соли 2013-ум «Ҳамкориҳо оид ба масоили об» қарор қабул карда шуд. Ва билохира бо пешниҳоди сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2028- ум даҳсолаи дуюми байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор» 21 декабри соли 2016-ум аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, расми кушодашавии он 22 марти соли 2018-ум дар пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт.
Мо фахр аз он дорем, ки солҳои охир дар пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе оид ба масоили об конфронсу семинарҳо ва маҷлисҳои бошукӯҳ дар сатҳи давлатию байналмилалии арсаи ҷаҳонӣ бо як шаҳомати хосса мегузарад. Ҳар яки моро зарур аст, ки аз ҳар як қатра оби софу зулоли ватанамон самаранок истифода барем, нисбати ифлосшавию заҳролудшавии обҳои шӯхи диёрамон бетараф набошем, барои аз байн нарафтани дарёҳо, кӯлҳо, обу чашмаҳои софу зулол саҳми босазои худро гузорем.
Ҳаёт аз оби нобу ҷовидон сарчашма мегирад,
Ва об аз қуллаи боми ҷаҳон сарчашма мегирад.
Ҳаёту об пайванду андар созмони даҳр,
Зи файзи Пешвои тоҷикон сарчашма мегирад.