Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

Сари ятимеро сила кардан, дасти кӯмаку ёрӣ дароз намудан ба ятимон аз накӯтарин сифатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ба Худованд аз ҳама бештар ятимнавозу ятимпарвар наздиктар аст. Ва чунин сифатҳои маҳбубу ҳамидаи инсониро мо аз рӯзҳои авалли ба сари қудрат омадани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз бараъло эҳсос менамоем. Вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 марти соли 2018 бо ятимони кулл дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд боз як бори дигар собит сохт, ки тақдири ин қишри ҷомеа ҳамеша мадди назари эшон қарор дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия яке аз пештозони чунин амалҳои неку хайр башумор меравад. Дар  ин самт нақши Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хело чашмрас аст. Мувофиқи супориши   раиси ноҳия дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллӣ, ба хусус остонаи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идҳои Рамазон ва Қурбон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорон ба ҳар як ятими кулл, ки шумораи онҳо дар ноҳия 28 нафарро ташкил медиҳад, 4 кг гӯшт ба маблағи 3548 сомонӣ, аз тарафи заводи мурғ 500 сомонӣ, аз нозироти андози ноҳия 500 сомонӣ, аз тарафи соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ҷавонон 350 сомонӣ, аз ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон 300 сомонӣ, аз ташкилоти ҷамъиятии “Ҷайҳун” маводи хӯрока, аз қабили биринҷ, макарон, шакар, картошка, пиёз кӯмак расонида шуд. Ҳамзамон дар арафаи иди соли нави мелодии 2018 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорон дастурхони идона ороста ба ҳар як ятими кулл 50 сомонӣ маблағи нақд ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Ин иқдом дар рӯзҳои иди Наврӯз ҳам амалӣ шуд.

Бо тасмими бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мувофиқи супориши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзи  20 апрели соли 2018 ҳамоиши ҷавонони ятими кулл  таҳти унвони  “Пешвои миллат- ғамхори ятимон” доир гардид. Мақсад аз ин ҳамоиш  баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҷонибдорӣ аз ғамхориҳои падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар чорабинии мазкур, ки дар сатҳи хеле баланд доир шуд, муовини  раиси ноҳия Н. Раҷабова иштирок намуда, ба он ҳусни ифтитоҳ бахшид.  Ӯ қайд кард, ки масъалаи дастгирии ятимон, бахусус ятимони кулл, ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати кишвар ва дар зимн дар маркази диққати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Дар ҳамоиш Бахши кор ба ҷавонон ва варзиши ноҳия ба ҳамаи 28 нафар ятимон тӯҳфаҳо тақдим намуд.

Ба хотири болидарӯҳии иштирокчиёни ҳамоиш бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолибу диданиеро пешкаши иштирокдорон гардонд.

Ҳамчунин масъулини чорабинӣ ба  иштирокдорон дастурхон густурданд.

Ин иқдом дар оянда низ идома хоҳад ёфт, зеро бузургон  хуб гуфтаанд, ки:

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз созад ҷаннати дарбастаро.