Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ИМТИЁЗҲО БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН

Рушди соҳаи маориф ва ғамхорӣ ба омӯзгорон дар маркази диққати ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои корӣ, суҳбату вохӯриҳо зимни сафарҳои кориашон ба манотиқи гуногуни кишвар ва Паёмҳои ҳамасола диққати роҳбарон ва шахсони масъулро ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ҷалб менамоянд ва ҷиҳати ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, таъмини рушди босуботи соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Кормандони соҳаи маорифи ноҳия тамоми неруи ақлонӣ ва зеҳнии худро дар роҳи беҳтар намудани сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию умумибашарӣ сарф менамоянд.

Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат маблағгузорӣ ба сохаи маориф сол то сол афзун гардида, дастгирии моддии омӯзгорон такмил меёбад.

Дар се соли охир аз ҳисоби мутахассисони ҷавон 16 нафар ба замини ҳавлӣ, 20 нафар ба замини полезкорӣ таъмин гардила, 10 нафар қарзи имтиёзнок гирифтаанд ва 16 нафар барои гирифтани қарзи имтиёзнок ба маблағи 6000 сомонӣ барои харидани чорвои шохдор ва бунёди оилаи занбӯри асал пешниҳод шудаанд. 12 нафар омӯзгорони муассисаҳои №№ 1, 2, 3 ,4, 6, 7, 8, 17, 20, 23, 40 ва 46 барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ дар навбат меистанд.

Мувофиқи тақсимоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се соли охир 230 нафар мутахассисони ҷавон ба ноҳия ба кор омаданд, ки аз инҳо 35 нафарашон тибқи квотаи президентӣ буда, 32 нафарашон дар макотибҳои олӣ дар зинаи магистратура ва аспирантура таҳсил карда истодаанд.

Шароити моддию маишии мутахссисони ҷавонро ба инобат гирифта то ҳадди имкон онҳоро дар деҳаҳои худашон бо ҷойи кор таъмин намуда истодаем. Сарбории мутахассисони ҷавон аз 1 то 1,5 воҳиди кориро ташкил менамояд. Дар хонаи методии муассисаҳои таълимӣ гӯшаи «Мутахассиси ҷавон» мавҷуд аст. Ҳамаи мутахассисони ҷавон ба омӯзгорони пуртаҷриба вобаста карда шудаанд. Омӯзгорон бо мурури замон тибқи нақша ба курсҳои баландбардории ихтисос ба Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф фиристонида мешаванд ва онҳо аз усулҳои нави таълим бархурдор мегарданд.

Бо мақсади иваз намудани омӯзгорони нафақахӯр бо омӯзгорони ҷавон дар ноҳия аз соли 2016 гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташкил шуд. 38 нафар омӯзгорони  муассисаҳои таълимӣ, ки маълумоти миёнаи касбӣ доштанд, дар Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт таҳсил доранд.

Дар соли таҳсили 2017-2018 шумораи умумии омӯзгорон 1389 нафар, аз ҷумла 626 нафар занҳо, бо таҳсилоти олӣ 953 нафар (321 нафар зан), бо таҳсилоти миёнаи махсус 235 нафар (156 нафар зан), бо таҳсилоти олии нопурра 52 нафар (28 нафар зан), бо таҳсилоти миёнаи умумӣ 149 нафар (121 нафар зан) фаъолият мекунанд. Дараҷаи тахассуси олӣ - 385 нафар, дараҷаи тахассуси якум - 279 нафар, дараҷаи тахассуси дуюм - 190 нафар, бе дараҷаи тахассусӣ - 535 нафар.

Шумораи  омӯзгороне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд, 6 нафар, омӯзгороне, ки мукофотҳои соҳавӣ доранд, 277 нафар, ҳастанд.

Имрӯз эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгории фанҳои забони хориҷӣ, химия, физика ва математика дар муассисаҳои  таълимӣ, ки шумораашон …. нафарро ташкил медиҳад, ба чашм мерасад. Бо мақсади ҳалли ин масъала ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост фиристода шуд.

Б. РАҲИМОВА, сармутахассиси шуъбаи маорифи  ноҳия.

"serif"'>Р.НАЗИР.