Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҶАМОЛА АЗ НЕПАЛ БАРГАШТ

Аз соли 1999 қатори даҳҳо ташкилоту созмонҳои хориҷӣ, ки ба мардуми диёр кӯмаки башардӯстона мерасонанд, фонди Оғохон бештар назари хайру саховату беминнат ба мардум духтааст. Номи ташкилот «Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон» (яке аз бахшҳои фонди Оғохон) ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти он дар шаклҳои гуногун миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба роҳ монда шудааст.  Тайи чанд соли охир сарвари ин ташкилот, яъне менеҷери Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар ноҳияи мо Ҷамола Валдошева мебошад.

Воқеан, тавре иттилоъ дорем, чанд сол аст, ки дар навоҳии минтақаи Рашт Барномаи «Ҳамгироии ҳифзилсиҳат ва муҳити зист» бо маблағгузории Оҷонсии Шветсария оид ба рушд ва ҳамкории SDC ва фонди Тоҷикистонии Оғохон (AKF)  фаъолияти пурсамар дорад.  Ҳоло марҳилаи дуюми ин лоиҳа оғоз гардидааст. Фонди Тоҷикистонии Оғохон тасмим гирифт, ки бозомӯзии барномаи мазкурро тавассути Маркази байналмилалии рушди ҳамгироии кӯҳистон (ICIMOD),  ки дар Ҷумҳурии федеративии демократии Непал воқеъ аст, доир намояд. Ҳайати намояндагиро ба ин давлат аз ноҳияи мо бонуи ташаббускору кордон Ҷамола Валдошева муаррифӣ намуд.  Мавриди зикр аст, ки Ҷамола Валдошева борҳо бо мақсади омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти корӣ сафарҳои хизматӣ ба давлатҳои гуногуни дунё намудааст.

Мо аз ӯ хоҳиш намудем, таассуроти сафари Непалро барои хонандагони рӯзнома шарҳ диҳад.

Барномаи мазкур бо дастгирии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии зерҳавзаи обҷамъшавии «Сурхдара» дар ҷамоати деҳоти ба номи Д.Алиев дар марҳилаи аввал ба муваффақияти назаррас амалӣ гардид, оғози сухан кард ӯ. Сафари кории мо аз шинос шудан бо марзи кишвар оғоз шуд. Ҷумҳурии федеративии демократии Непал дар байни қаторкӯҳҳои Ҳимолой воқеъ буда, бо ду давлати калони ҷаҳон -Ҳиндустон ва Хитой ҳамсарҳад мебошад. Аҳолии он зиёда аз 30 миллион аст. Забони давлатӣ непалист. Непал яке аз давлатҳои қашшоқтарин ва камтариққикардаи ҷаҳон ба ҳисоб рафта, нисфи аҳолии онро бекорон ташкил медиҳад. Сарчашмаи асосии даромади ин давлат аз ҳисоби сайёҳҳони хориҷӣ мебошад. Рӯзи аввали сафар дар Маркази байналимлалии рушди ҳамгироии кӯҳистон шиносоӣ бо кормандони ширкат ва маъмурияти ташкилот барпо гардид. Намояндагони ҳар давлат доир ба барномаҳояшон андешаронӣ намуданд. Намояндаи мо менеҷери минтақаи Рашт Моҳиҷаҳон Намакова оид ба фаъолияти барномаи «Ҳамгироии ҳифзилсиҳат ва муҳити зист» ва менеҷери ноҳияи Айнӣ Роза Қурбонова оид ба фаъолияти кориашон ба тариқи саволу ҷавобу таҷрибаомӯзӣ маълумот доданд. Баъд ҳайати корӣ аз боғи намунавие, ки дар онҷо тамоми намуди барномаҳо оид ба моҳипарварӣ, чорводорӣ, ҷангалпарварӣ ва ғайраҳо омӯзишҳо гузаронида мешаванд, дидан намуд. Дар рӯзҳои минбаъда моро мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо тамоми аъзоёнаш пешвоз гирифта, бо барномаи хатти оби нӯшокӣ шинос намуданд, ки барномаи мазкур 110 сол пеш ташкил карда шудааст. Аз ин об зиёда 30 000 шаҳрвандон истифода мебаранд. Ба деҳаи Калча-Бесӣ сафар кардем, ки ташкилот соҳаи кишоварзии деҳаро кӯмак мерасонад. Дар ин самт асосан бонувон фаъолият доранд. Пеш аз ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии рушди ҳамгироии кӯҳистон занҳо дар заминҳо аз нуриҳои минералӣ истифода мебурданд. Баъди омӯзиш дар заминҳо онҳо порӯи маҳаллӣ, баргу партовҳоро дар халтачаҳо монда пӯсонида истифода мебаранд, ки хеле фоидаовар аст. Бонувон  дар амалисозии ин барнома пешқадам буда, дар бозор тоҷирони фаъолу муштариёнашон маҳсулоти онҳоро ҳам харидорӣ мекунанд ва ҳам пешакӣ дархост менамоянд. Бо барномаи гурӯҳи заноне, ки дар хона ба тиҷорат сару кор доранд, шинос шудем. Онҳо асосан бо пашм сару кор карда маҳсули меҳнати онҳо низ харидорони худро доранд. Диққати моро дар кумитаи ҷангалпарварии Непал як чиз ҷалб намуд: солҳои 1981-1982 дар ин мавзеъ ягон алаф ё дарахт мавҷуд набуда, мавзеъ хеле хароб будааст. Хоки ин заминро барои обанбор истифода мебурданд. Баъдтар бо дастгирии ҳукумат ин мавзеъ маҳкам карда шудааст. Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, муҳандисон ва ҷангалпарварон дар инҷо корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Бо тавсияи онҳо намудҳои гунонуни растанӣ, дарахтон барои шинонидан тавсия дода шудааст.

Ҳафт рӯзи сафар ба давлати Непал ба мо имконият дод, ки аз технологияи навини онҳо, таҷрибаи корӣ, пешниҳодҳои муфидашон баҳравар гардида дар оянда бемалол аз онҳо истифода барем.

Т.МУНАВВАРА.