Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ТАЛХИҲОИ ЗАБОНИ ШИРИН

Ҳар касе, ки аз ҷониби роҳи калон ба бозори шаҳрак ворид мешавад, ҳатман ибораи «зелен гире, зелени свежий»-ро мешунавад. Зеро ин ифода аз забони як касу ду кас не, аз панҷ-шаш нафар холаҳою апаҳою хоҳарони ду ҷониби дарвоза шунида мешавад. Банда ҳар дафъаи пиёзу гашничу ҷавҳарӣ гирифтанам, чун калимаи «зелен»-ро мешунавам, таъкид мекунам: «Холаҷон, зелен не, кабудӣ гӯед». Холаҷону хоҳарҷонҳои мо «хайр, ина кабутӣ» гӯянд ҳам, бори дигар ояндагонро ба гирифтани «зелен» андармон мекунанд.

Хонандаи доимии «Набзи Файзобод» медонад, ки рӯзноманигорон дар якҷоягӣ бо комиссияи тадбиқи қонуни забони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия навиштаҷоти шаҳраки Файзободро аз назар гузаронда хатоҳоро нишон медиҳанд. Аз чист, ки касе паи ислоҳ намешавад. Мебинӣ, ки шириниҳои забонро талх кардаанд, чашм сих мезанаду дил ба дард меояд. Ду моҳ пештар ҳамроҳи директори маркази саломатӣ, менеҷери КАТС Музаффар Мирзоев навиштаҷоти ошёнаҳои якуму дуюми бинои КАТС-ро аз назар гузаронидем. Даҳҳо нуқсонҳои имлоиву сарфу наҳвӣ ба чашм расид. Умед доштем, ки хатоҳо ислоҳ мешаванд. Аз байн фосилаи зиёд гузашт. Афсӯс… .

Зиёиёни кишвар, хусусан адибону рӯзноманигорон ва олимон барои ғалатгуфторию ғалатнависиҳо, гуфтан мумкин, хун хӯрда шаклҳои меъёрии забони тоҷикиро пешниҳод мекунанд. Дар даврони шӯравӣ зиёиёни пешқадами кишвар бо мақолаҳои тезу тунд баромад карда, аз хории забони тоҷикӣ ҳарф заданд ва илоҷи аз русикунонӣ раҳо намудани забонро дар қабули қонуни махсус диданд. Охири ноябри соли 1988 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ АИ РСС Тоҷикистон бо унвони «Маданияти сухани тоҷикӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳамин ҷамъомади бонуфӯз ба Совети Олии республика муроҷиат намуд, ки забони тоҷикиро дар ҳудуди РСС Тоҷикистон забони давлатӣ эълон кунад. Сессияи Совети Олии РСС Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қонуни забонро қабул карда, забони тоҷикиро дар ҳудуди Тоҷикистон забони давлатӣ эълон намуд. Баъди қабули қонун дар навиштору гуфтор хеле-хеле дигаргунӣ шуд. Масалан аз калимаю вожаҳои республика, партия, план, протсес, прогрес, территория, тактика, транспорт, Совети вазирон, инженер, архив, архитектор, бухгалтер, экономист, студент, врач, информатсия, инструктор, инспектор ва боз даҳҳову садҳо калимаҳои «Русӣ-интернатсионалӣ» даст кашидем.

Ҳамаи ин пешравиҳо басандагӣ намекунад. Пӯшида нест, ки дар замони шӯравӣ моро ба қабулу риояи урфу одат ва забони ғайр маҷбур кунонданд. Акнун, ки кишвари мустақилу забони давлатӣ дорем, бояд асли пурғановати худро эҳтиром кунем. Халқи тоҷик дар асри XI, баъди салтанати Оли Сомон, аз истиқлолияти сиёсиву давлатии миллӣ маҳрум шуда бошад ҳам, забонашро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт ва бояд имрӯзиён фахр кунанду ба гузаштаҳои хеш, ба талошу заҳмати фарзандони маърифатпарвари халқ тан бидиҳанд, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони расмии коргузорӣ ва муомилоти ҷамъиятӣ, забони мактабу маориф ва илму маданият нигаҳбонӣ намуданд.

Ана ҳамин ҷоннисориҳои намояндаҳои беҳтарини миллат забони тоҷикро пойдору устувор монд, вагарна чун садҳо забони халқҳои хурд тоҷикӣ аз байн мерафту ба забони мурда табдил меёфт.

Ҳоло ҳозир дар ҷаҳон 6 ҳазор забони амалкунанда ҳаст. Таҳқиқотҳо пешгӯӣ мекунанд, ки ба зиёда аз 2465 (43%) забонҳои мавҷудаи рӯи олам хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Дар давоми 210-250 соли наздик 200 забони олам аз байн рафт. Забони тоҷикӣ дар тӯли ҳазору чанд сол барҷо монд, инкишоф ёфт, устувор гардид. Ва дар дили мо заррае шакку шубҳа нест, ки он ба қатори забонҳои маҳвшаванда дохил бошад. Зеро забон соҳиби нигаҳбонони устувор дорад. Ба ҳамин хотир қонун қабул шудааст.

Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси зиёиёни эҷодкори мамлакат (13.03.2018) таъкид намуд: «Мо бояд мафҳумҳои «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ»-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон оварем».

Ба ифодаи зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ мо бояд «хоки Истиқлолияти давлатиро тутиёи чашм кунем», ки пояҳои ҳастии миллатро пойдору устувортар гардонд ва эҳтироми забони миллиро ҳамчун рукни асосии ҳастии маънавии миллат ба дараҷаи хоҳишу таманнои фарзандони фарзонаи миллат боло бардошт.

Забони модарии мо ширинтарин забони дунёст. Раънои Мубориз, як нафар шоири ширингӯи тоҷик, ба ин садо рубоӣ офаридааст:

Ҳар вожаи тоҷикии мо пурмаъност,

Ҳам Модару ҳам Худову Наврӯз аз мост.

Ҳам Оташу Обу Зиндагӣ, ҳам Хуршед

Пас лафзи ману ту беҳтарин дар дунёст.

Ҷӯрабек МӮМИН.