Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Бо шамшери забон марди суханвар,

Кунад олам мусаххар чун Сикандар.

Ин суханҳои пурҳикмат ба он далолат мекунад, ки ҳеҷ чиз дар олам муқаддастар ва азизтар аз забону сухан нест.

Забони модарии мо инъикоскунандаи илму фарҳанги мо буда, яке аз қадимтарин ва ширинтарин забонҳои ҷаҳон мебошад. Забон ба халқ тааллуқ дорад ва соҳиби забон низ халқ аст. Шоирон ва олимони тавоно чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Розӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав, Умари Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Турсунзода ва садҳо адибони дигар бо ин забон осори ҷовидонӣ офаридаанд, ки имрӯз бо шарофати он забони модарии мо  бою ғанӣ мегардад. Ин уламову шуаро бо забони адабии тоҷикӣ асарҳои оламгир таълиф намудаанд, ки осори онҳо бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, то давраи эҳё китобҳои рӯимизии олимони Аврупо ба шумор мерафтанд. Забони модарӣ дар замонҳои пеш бо номҳои форсӣ ва дарӣ шуҳрати зиёд доштааст. Инҳо номҳои як забонанд. Агар лаҳзае чанд ба дарозои таърих назар андозем, дарк мекунем, ки забон аз байни хоку хуни мақдуниҳо убур карда миллати моро нигоҳ доштааст. Чунки ҳар қавмияту миллатро бо забони модариаш мешиносанд. Хусусан дар замони истилои ваҳшатзои муғулон, ҳангоми ба сарзамини Осиёи Миёна чун мӯру малах рехтани анбӯҳи муғулону ӯзбекҳои кӯчӣ, ҷангҳои хонумонсӯзи аҳди Аштархониён ва ғайра мардуми фирорӣ ба ҷои молу манол китоб мебурданд, то ин ки дастбурди аҷнабиён нагардад, то забони модарии моро ба нестӣ набаранд. Инқилоб ҳам бо суръат халқҳоро ба сӯи худогоҳии иҷтимоию синфӣ бурдан гирифт. Сиёсати расмии онвақта бар зидди тоҷикон равона карда шуда буд. Мавҷудияти тоҷиконро инкор карда, забони тоҷикиро аз мактабу маориф, матбуоту нашриёт ва идораҳои давлатию ҷамъиятӣ, умуман аз доираи расмият берун кард. Ин ҳама ба ҳастии забони модарӣ бетаъсир намонд. Аммо равшанфикрони ҳақиқӣ хизмати шоистае карданд, ки дурдонаҳои забони халқро гирд оварда, анъанаҳои суфтаву коркардашудаи он дурдонаҳоро ба дараҷаи баланд ва қобили истифода расонанд. Анъанаҳои беҳтарини забонро дар муддати тӯлонӣ зара-зара ҷамъ карда, хазинаи пурганҷеро ҷамъоварӣ намуданд. Ва нахустин Қонуни забон 22 июли 1989 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон қабул карда шуд, ки тӯли 20 сол вазифаи худро содиқона иҷро намуд. Ин Қонун рисолати таърихии худро дар давраи муайяни таърихии мардуми мо пурра ба анҷом расонид.

Хушбахтона дар даврони Истиқлолият халқи тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикии моро аз нав зинда гардонданд. Ҳамин буд, ки Қонуни нави забон қабул шуд. Забон дар даврони Истиқлолият боз ҳам рушду нумӯ ёфт. Сарвари давлат аз аксари минбарҳои баланди дунё бо забони фасеҳи тоҷикӣ ҳарф зада, чунин фармудаанд: «Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар халқу миллат аст».

Аминем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи забони давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ решаҳои ҳаётии онро устувор намуда, дӯстию рафоқати ҳақиқии форсизабонҳоро таъмин месозад. Чунки зерсутуни бинои маънавиёти ҳар халқ забони ӯст.

Худшиносӣ бо забони миллат аст,

Ҳар касе дорад забон бодавлат аст.