Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ИФТИХОР АЗ САРВАРИ ОҚИЛ КУНЕМ

Инак, тӯли 26 соли Истиқлолияти давлатӣ мардуми сарбаланди тоҷик  аз файзу баракати он баҳравар буда, дар давлати соҳибистиқлол, дар фазои сулҳу ваҳдати комилу деринтизор кору пайкор доранд. Шояд ин 26 соли ободию ободкорӣ ва озодӣ дар назди таърих муддати зиёду чашмгире нест, аммо дар ҳамин муддати  кӯтоҳи таърих халқи сарбаланди тоҷик бо пешрафтҳои назаррасе дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ноил гардиданд. Ҳамаи ин ва дигар дастоварду пешравиҳо аз файзу баракати санаи хотирмони 9 сентябри соли 1991 буд. Дар  ин рӯзи сарнавиштсозу мардумсоз Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки он ибтидои ҳаёти нав, низоми нав, тафаккури нав, масъулияту вазифаҳои нав дар назди мардум гардид. Бо ин ҳама ибтидои неку умедворкунанда сарнавишти талху ҷонгудозе мардуми моро дар пай будааст. Зеро ашхосу қудратҳои манфиатҷӯе аз ҳастии худ дарак доданд, ки халқи тоҷикро, ҷомеаи моро, ки мехостанд аз ҳавои озодию истиқлолият нафас бигиранд, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Таърих паёмадҳои ногувори гузаштаро дар тақдири ин миллат боз як бори дигар ва барои охирин бор такрор намуд. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби шоири маъруф Бозор Собир аст, ки гуфта:

Қиссаи мурғи Самандар пеши ман афсона нест,

Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст.

Он ки месӯзад, вале аз тӯдаи хокистараш

Мекунад парвоз чун парандаи оташпараст.

Бо он ки хатари пурра аз байн рафтани давлати тозабунёди  тоҷикон сарзамини моро таҳдид мекард, боз ҳам Худованд марди шариферо ба сари қудрат овард, ки бо ивази ҷавонмардии бемонанд, нотарсии тоҷикона ва хираду маърифати аз гузаштаи пурифтихори худ ба ирс гирифта, яъне Эмомалӣ Раҳмон тавонист ватанро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшад. Нафақат ӯ ватанро аз вартаи нобудӣ раҳо кард, балки давлате бунёд намуд, ки имрӯз таҷрибаи онро дар мақоми давлатсозӣ дигар кишварҳои ҷангзада  мавриди омӯзиш қарор додаанд ва мо бо он фахру сарбаландӣ дорем. Ҳамин аст, ки имрӯз шукӯҳ ва шаҳомати Истиқлолияти Тоҷикистон бо қудрату неруи нав дар ҳоли пеш рафтан қарор дорад. Ҳамин аст, ки сокинони кишвар ифтихор бо сарвари оқилу донои худ мекунанд.

Бунёди шоҳроҳҳои азим, барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар, неругоҳҳои хурду миёна, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, бунёди нақбҳо, ташкилу баргузории ҷашнвораҳои фарҳангию таърихӣ, ҳамкориҳо бо кишварҳои дуру наздик ва пешрафтаи ҷаҳон ва ғайра гувоҳи  ин гуфтаҳоянд.

Пас, дар назди мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин ба баъд танҳо масъалаи ҳифзу нигаҳдошти ин арзишҳои муқаддасу пок меистад, ки онро ҳифз намоянд. Зеро манфиатҷӯёну бадкорон ва душманон ҳоло ҳам дар каминанд.

Итминони комил дорем, ки мардуми сарбаланду сарафрози тоҷик ин дастоварду пешрафтҳо ва ваҳдату истиқлолияти бо нархи гарон бадастовардаи худро дигар ҳаргиз аз даст раҳо нахоҳанд кард.

Ҳ. БУЗУРГЗОДА.