Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ИСТИҚЛОЛИЯТ- БЕҲТАРИН НЕЪМАТИ ЗИНДАГӢ

Истиқлолият меваи ширини зиндагист, ки ба даст овардани он орзуву омоли ҳар миллату давлат мебошад. Истиқлолияти миллати тоҷик таҷассумгари Сулҳу Ваҳдати бемисл, оромиши бепоён, зиндагии арзанда, озодии тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Ҷавонони кишвари азизамон ҳамсину ҳамрадифи истиқлоланд ва имрӯз аз меваи шаҳдбори он лаззат мебаранд. Ҷашни 26–умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо дар қалбу рӯҳи наврасон бо оҳанги савганду вафодорӣ садо дода, онҳоро ба сӯйи ояндасозии давлати навину мутамаддин ҳидоят менамояд.

Сулҳу ваҳдати миллӣ, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмии миёни мардумро таҷассум мекунад. Бинобар ин, Истиқлолият – беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди кишвар ва ҳастии инсон дар замин аст. Имрӯзҳо иттифоқу  ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид гардидааст. Инчунин таҷриба ва роҳҳои чӣ гуна ба даст овардани истиқлолият барои хурду бузурги ватанамон мисли рӯз равшан аст. Баъди ба даст овардани  Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши худро ба рушди давлату миллат равона кард. Кушодашавии роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, насби пулҳо миёни давлатҳои ҳаммарз ин далолат аз сиёсати дари бозу беғаразонаи давлати соҳибистиқлоли миллати тоҷик мебошад. Дастоварду натиҷаҳои назаррас дар бахшҳои гуногун далели ифтихору худогоҳии миллии ҳар як соҳибватани тоҷик аст.

Мардуми тоҷик бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, аз мулоҳизакору дурандеш будани худ дарак дод, ки имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд ва миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷораташонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол мебошад.

Дар ҳақиқат баъди ба  Истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар тамоми рукнҳои давлатдорӣ, ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии ҷомеа ба амал овардани тағйироти куллӣ шароити мусоид фароҳам омад. Бо шарофати истиқлол кишвари азизамон дар роҳи бунёди ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пирӯзмандона пеш меравад. Инкишофи устувор ва пай дар пай дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва миллӣ назаррас буда, гузариш ва муносибатҳои нави иҷтимоию иқтисодӣ ҳарчи бештар густариш меёбанд. Иқтисоди миллӣ тадриҷан ба талаботи иқтисоди бозории ҷаҳонӣ мутобиқ мегардад.

Миллати тоҷик аз қадимулайём мардуми озодипарасту озодихоҳ буданд. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буд, вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав барои таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ба мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид, ки хушбахтона бо ташаббуси Пешвои миллат ин мушкилиҳо бартараф шуд. Мо, тоҷикон танҳо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона  метавонем  истиқлолияти худро ҳифз бикунему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа, оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат аз дараҷаи маърифатнокии ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан, насли ояндасози миллат-ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки ояндаи тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши онҳо гузошта мешавад. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати сохибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем. Ҳарчанд бо шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

Мақсад аз таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  расидан ба қадру манзалати иттиҳоду ҳамбастагӣ ва дар асоси маърифати инсондӯстонаи  ниёгонамон ҳифз кардану муқаддас нигоҳ доштани ваҳдату якдилӣ мебошад.

Бигузор, ба бахти мову шумо ва наслҳои ояндаи Ватани маҳбубамон тинҷию амонӣ, сулҳу салоҳ, ваҳдату якпорчагӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ пойдору ҷовидон бимонад.

Исмоилзода У.С.,  и.в. прокурори ноҳия, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1.