Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ШУКӮҲИ ТАҶЛИЛИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар саросари кишварамон ҷашни 26 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Рӯзе, ки дар саҳифаҳои таърихи кишвари мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаву  фаромӯшнопазир аст ва  барои ҳар фарди баору номуси тоҷик азиз аст, фаро расид. Аз ин санаи тақдирсози миллат 26 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, он садсолаҳо аҳамияти таърихии худро гум нахоҳад кард.  Зеро ин санаи тақдирсоз  ифодагари ба даст овардани  неъмати бузург Истиқлолияти кишварамон буда, аз гом гузоштани мардуми тоҷик ба ҳаёти  осоиштаву дастовардҳои калон дар ҳамаи самтҳои ҳаёт  гувоҳӣ медиҳад.

Сокинони  ноҳияи Файзобод ҳам Рӯзи Истиқлолияти кишварро бо дастовардҳои калони меҳнатӣ таҷлил  намуданд. Қариб дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ноҳия дигаргуниҳо меҳнаткашони Файзободро  даст додааст. 

Дар рӯзи ид  бошад,  маркази ноҳия, шаҳраки Файзобод  намуди идона дошт.  Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил шуда буд, харидорони зиёдеро ҷалб намуд.

Арафаи иди соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия   иншооти гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ дар ҳамаи деҳоти ноҳия мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд. Оғози рӯзи ид меҳмонону ҳозирин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани рамзи “Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон”, ки дар шафати   шоҳроҳи Душанбе –Хоруғ бунёд шудааст, иштирок карданд. Сипас дар маркази ноҳия  маркази савдои соҳибкор Маҳмадшариф Комилов, майдончаи варзишӣ дар боғи “40-солагии Ғалаба”,  кушода шуда, Парчами миллӣ дар маркази шаҳраки Файзобод парафшон шуд.

Тантанаҳои идонаи ҷашни  Истиқлолияти  давлатӣ  дар Варзишгоҳи марказии ноҳия, ки  бо дастгирии   бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон барои 4000 ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст,   оғоз гардид. Роҳбарияти Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия, меҳмонон ва  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо  ба базмгоҳ ворид шуда, сараввал аз  намоишгоҳҳои оростаи  ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, ки бозгӯи фаъолияти меҳнаткашони ноҳия аст, дидан намуданд. Ҳама ҷо мардум хурсандӣ мекард ва чеҳраҳошонро рӯҳияи идона  фаро гирифта буд.

 Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллӣ Раҷабзода Миралӣ сокинони ноҳияро бо фарорасии ин рӯзи Саиду хотирмон табрик намуда, таъкид дошт, ки меҳнаткашони ноҳия  барои дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани  рӯзи Истиқлолияти миллӣ  бо тамоми ҳастӣ кору пайкор намуданд ва боварӣ бахшид, ки сокинони Файзобод ҳам  баҳри ободии ватан, пешрафти Тоҷикистони азиз, пурмаҳсул меҳнат менамоянд, то кишвар дар миқёси ҷаҳон боз ҳам шинохта бошад.

Намояндаи Ҳукумати  мамлакат, мушовири бахши ёрдамчии Президенти мамлакат  Фаррух Умаров  аз номи   Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар  сокинони ноҳияро табрик гуфт.

Сипас саҳнаи театрикунонидашудаи  санъаткорони ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки он хеле диданӣ ва хотирмон буд.

Таҷлили пуршукӯҳи  иди Истиқлолият дар ноҳия бозгӯи  рӯзгори хушу сарбаландии мардуми ин диёр буд.