Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҲУНАР - ЧАШМАИ ЗОЯНДАЮ ДАВЛАТИ ПОЯНДА

Дар шароити кунунӣ на ҳама ба ҷои кор таъмин мегарданду аз ҳисоби таҳсилашон соҳиби қути лоямут мегарданд. Мусаллам аст, ки агар дар ҷамъият сафи нафарони бекор зиёд шуд, ҷинояткорӣ, дӯздиву қаллобӣ ва дар умум, ҳама корҳои бад низ зиёд мешавад. Дар ин росто ободонию пешрафт низ рӯ ба таназзул ниҳода пешрафту бунёдкорӣ кам мегардад. Барои дар ҳаёт бекор намондан ва машғул будан, ҳар фардро месазад, ки ҳатман як ҳунарро аз худ кунад ва ба василаи он  роҳу равиши зиндагии худро муайян намояд. Ҳолати кунунӣ низ аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки барои таъмини оила ва пеш бурдани оилаву зиндагӣ, ҳатман бояд ягон ҳунар дошта бошему ба василаи он рӯзгорамонро сомон бахшем. Боиси хушбахтию сарфарозии мо ҷавонон аст, ки имрӯзҳо маҳз бо ташаббуси Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳо барои аз худ намудани касбу ҳунарҳо муҳайё гардидааст. Ҳунарманд вақти худро манфиатнок истифода мебарад, ба беҳудакорӣ машғул намешавад, ба шарофати ҳунар ва меҳнати ҳалоли  худ нони худро меёбад. Ҳунар омӯхтан ҳам аз кас танҳо фаҳмиши баланд ва завқ доштанро талаб мекунад. Омӯзиши он агар як моҳ ва ё як солро дар бар гирад, манфиати он то охири умр ба ҳунарманд басанда аст. Албатта ҳунарманд шудан аз омӯхтани касб сарчашма мегирад. Вақто ки дар бораи касб омӯхтан сухан меронем, бояд шавқу ҳаваси омӯзандаро низ ба инобат гирем. Дар баъзе ҳолатҳо интихоби дурусту мустақилона ва озоди касб шахсро ба қуллаҳои баланди мурод мерасонад. Аммо баъзан бемасъулиятона ва нодуруст пеша кардани он боиси дилмондагию пушаймонӣ шуда, дар оянда инсонҳоро ба ташвишҳои зиёд рӯ ба рӯ месозад. Боиси фараҳмандист, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар тамоми манотиқи кишвар шуъбаҳои алоҳидаи худро, махсусан барои ҳунарманду касбомӯзони қишри мухталифи ҷомеа роҳандозӣ намудааст. Аз рӯи кору фаъолияти шуъбаҳо дақиқ мегардад, ки имрӯз онҳо дар самти пешгирифтаашон ба таври назаррас муваффақ гардидаанд. Аз ҷумла шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи мо низ аз соли таъсисёбӣ то инҷониб фаъолияти судманду самарабахш карда истодааст. Чуноне маълум аст, шуъбаи мазкур ҳамеша баҳри ҷавононе, ки қобилияти дар макотиби олӣ таҳсил карданро надоранд, пайваста курсҳои кӯтоҳмуддатро аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, муҳандисӣ, гулдӯзӣ ва ғайраҳо ташкил мекунад. Ҳамасола 120 нафар бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои худ, шомили таҳсили курсҳои кӯтоҳмуддат дар назди Агентӣ мешаванд. Аз ин ҳисоб 90 то 95 фисади касбомӯзони курсҳои кӯтоҳмуддатро хатмнамуда, соҳиби ҳунар мегарданд. Шуъбаи Агентии меҳнат дар баробари дигар вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо бо назардошти «Соли Ҷавонон» имсол шумораи ҷойҳоро  барои таҳсили курсҳо зиёд намудааст. Дар соли 2017 то моҳи август 161 нафар ҳуҷҷатҳои худро барои таҳсил пешниҳод намуданд. Ҳамчунин шуъбаи Агентӣ дар ноҳия барои шахсони бекор ва кам кардани сафи корҷӯён дар як сол ду маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холиро мегузаронад. Маҳз ба василаи гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар моҳи августи  соли ҷорӣ 11 нафар мутахассисони бекор   ба ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Имрӯз бо ин ҳама шароит ҳар нафар метавонад, дар як муддати кӯтоҳ дилхоҳ касбу ҳунарро аз худ намояд. Аммо мушкилии асосӣ дар он аст, ки алҳол як қисми ҷавонони мо вақти худро беҳуда сарф карда, майли омӯхтани ин ё он касбу ҳунарро надоранд. Таассуфангез аст, ки баъзе ҷавононамон ҳунару ҳунаромӯзиро масрафи вақт ва кори беҳуда медонанд. Дар ҳоле, ки Саидои Насафӣ ҳамоно ба мо панд медиҳад:

Ҷӯйи шир ояд бурун аз кӯҳ баҳри кӯҳкан,

Ризқи худ соҳибҳунар аз санг ҳосил мекунад.