Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ АМАЛӢ МЕШАВАНД

Тавре аз таърих маълум аст, дар ҳама давру замон ҳамон ҳизбе ба ҳадафҳои худ ноил мешавад, ки агар он воқеан ҳам амаликунандаи орзуву омоли халқи худ,  ва  барномаи амали он ба корҳои созандагию рушди кишвар нигаронида шуда бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи Истиқлолият аст, воқеан ҳам татбиқкунандаи ормонҳои халқи худ буданро тӯли 22 соли арзи вуҷудаш исбот сохт. Барномаи амали он тавъам бо барномаи ҳукумати ҷумҳурӣ буда, ҳадаф аз татбиқи он тараққиёти мамлакат, пешбурди тамоми соҳаҳо ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъмини сулҳу ваҳдати комил дар қаламрави мамалакат ва минтақа, ниҳоятан афзун сохтани мақому манзалати давлат дар арсаи умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.  Ин аст яке аз омилҳои баланд шудани обрӯву эътибори ҳизби мо дар ҷомеа ва эътимоди бузурги халқ ба он.

ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод аз 4-уми январи соли 1995 ба фаъолияти оғоз намудааст. Таъсисдиҳандаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шодравон Сафомуддин Мирзоев ба ҳисоб рафта, дар ба низом даровардани фаъолияти ҲХДТ Абдураҳим Холиқов саҳми босазо гузоштааст. Мудатҳои гуногун раисии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро Давлатов Абдуқодир, Зайдов Исматулло, марҳум Одилов Дилшод ва Ғаффорова Зуҳро ба уҳда доштанд. Солҳои аввали фаъолият ҲХДТ дар ноҳия 251 аъзо дошт. Имрӯз бошад, шумораи умумии аъзоёни ҳизб ба зиёда аз  2000 нафар мерасад, ки 36 фисади қувваи қобили меҳнати ноҳияро  ташкил медиҳад. Шумораи занону духтарон  ба 860 нафар мерасад.

Айни ҳол сохтори Кумитаи иҷроия аз гурӯҳи тарғиботию ташвиқотӣ, комиссияи кор бо занон, комиссияи кор бо ҷавонон, Шӯрои собиқадорони ҳизб, Шӯрои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, Шӯрои занон ва 42 ташкилоти ибтидоӣ таркиб ёфтааст. Соли 2015 ҲХДТ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ бартариро соҳиб гардид. Аз 40 нафар вакилони Маҷлиси ноҳиявӣ имрӯз 35 нафарашон узви  ҲХДТ мебошанд, ки миёни онҳо  8 нафарашон занон мебошанд.

Соли ҷорӣ созмонҳои ҳизбӣ ба чорабинии муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ дида буданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани ин маъракаи муҳим Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ нақшаи кории худро таҳия  ва тасдиқ намуд, ки тибқи он  чорабиниҳои зиёдеро  давра ба давра амалӣ  намуд. Дар назди ҳамаи 9 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар ҳайати 45 нафар фаъолони ҳизб, гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ва аъзоёни Кумитаи иҷроия гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода, то рӯзи баргузории раъйпурсӣ ба таблиғу ташвиқ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни асосӣ машғул буданд.

Дар ҳамкорӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 12 майи соли равон,  дар маркази ноҳия аксияи ҷавонон бахшида ба баргузории  раъйпурсии умумихалқӣ  доир гардид, ки беш  аз 500 нафар дар он  ширкат доштанд. Натиҷаи ҳамин   корҳои оммафаҳмонӣ буд, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ  дар сатҳи баланди сиёсӣ ва маънавӣ доир гардид.  93,21 фоизи раъйдиҳандагон тарафдор будани худро изҳор карданд.

Дар назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ қабулгоҳи ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст, ки ҳафтае як маротиба арзу шикоятҳои шаҳрвандонро шунида, барои ҳаллу фасл ба мақомотҳои дахлдор равон менамояд. То ба имрӯз  зиёда аз 50 арзу шикояти хаттиву шифоҳии шаҳрвандон мавриди барарсӣ қарор гирифт. 

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бисёр чорабиниҳои ноҳиявӣ     дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ мегузаранд. Аз ҷумла  арафаи Рӯзи артиши миллӣ дар ҳамкорӣ бо комиссариати ҳарбии ноҳия ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба яке аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар шаҳри Душанбе   ташриф оварда, ба  шароити хизмати наваскарон шинос шуда бо  маводҳои хӯрока меҳмоннавозӣ карданд.

Дар ҳамкории якҷоя бо намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”  нақша-чорабиниҳои махсус таҳия карда, вохӯриҳои судмандро дар деҳоти ноҳия  доир намуда истодаем. Баргузории чорабинӣ дар мавзӯи “Самаранокии роҳ ва усулҳои мубориза бар зидди ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва пешгирии шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва иштироки ғайриқонунии онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар”, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ ва филиали ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия доир гашт, зиёда аз 300 нафар ҷавононро дар бар гирифта, хеле хотирмон буд. 

Саҳми аъзои ҳизб дар ободонии диёр низ калон мебошад. Онҳо  мунтазам дар ҳашарҳо иштирок намуда, баҳри сарсабзу хуррам гардонидани диёр ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Баҳори соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар майдони  0,50 га замини обӣ боғи ҳизбӣ бунёд гардид, ки  айни замон ниҳолҳои он дар нашъунамо мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки зерпояи ҳар як ҳизби сиёсӣ ин ташкилотҳои ибтидоӣ он буда, пешрафти ҳизб аз фаъолияти дурусти онҳо  вобастагии калон  дорад. Метавон дар ин самт  кори хуби ташкилотҳои ҳизбии “Алоқачиён” (Маҷидов Ф.), “Беморхона” (Зубайдов Ф.), “Вогиршинос” (Қурбонов С.), “Идораи бойторӣ” (Ҷобиров З.), филиали “Амонатбонк” (Ҳақназаров С.), ЛКТ №24 (Ҷалилов М.), “Хоҷагии ҷангал” (Нуров М.), “Бахт” (Назиров Ф.), “Мурғи ҳилол” (Ғуломов И.)-ро қайд намуд.

Бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ муҳтарам Раҷабзода Миралӣ аз 4 сентябри соли 2015 собиқ бинои дармонгоҳи ноҳия, ки аз 7 утоқ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад, ба тавозуни Кумитаи иҷроия гузаронида шуд.

Имрӯзҳо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри созандагӣ ва бунёдкории ҷомеа саҳмгузор бошад.