ИҶТИМОЪ
АТРИ БОРОНҲО
- Подробности
-
14 Апр 2016
- Опубликовано 14.04.2016 13:37
Дар арафаи иди «Рӯзи модарон» ва «Наврӯз» китоби тозаи аъзои Иттифоқи рӯзноманигорон, Аълочии фарҳанг ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муъмин бо номи «Атрборон» ба табъ расид. Ин маҷмӯаи устод гулчини шеърҳои солҳои охир эҷоднамудаи ӯ буда, Ватан Модар, Ваҳдат, Тоҷикистон, Баҳору Наврӯзро тараннум мекунанд.
Қисмати аввали «Атрборон» садои Ҷӯрабек Муъминро дар ваҳдату ватандорӣ баланд месозад. Ба ақидаи шоир расидан ба ҳамагуна пешравию натиҷагирӣ аз ваҳдат аст. Дар «Ватандорӣ» ном шеъраш чунин мисраъҳои саршор аз муҳаббат мавқеъ гирифтаанд.
Намехоҳам, ки берун аз Ватан мирам,
Ба дарди дуриаш дар хештан мирам.
Ҳақиру зор бе атри кафан мирам,
Ватан, атри кафан бошад, ки ман мирам,
Ватан! Номи хушат андар даҳан мирам.
Аз оғози китоб даъвати шоир ба дӯстдорӣ ва ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таъриху фарҳанги миллат, ҳимояи марзу буми Ватан ҳис мешавад.
Шеъри «Атри Ватан» ҳисси беандозаи дӯстдорӣ, ҳамбастагии модару Ватанро хирадмандона инъикос намудааст:
Дар шеъри аввалинам номи Ватан гирифтам.
Мисле, ки шири модар андар даҳан гирифтам.
Аз шеърҳои устод Ҷӯрабек Муъмин бӯйи деҳа, бӯйи зодгоҳ, бӯйи бачагӣ, наврасию ҷавонӣ, бӯйи гулу гиёҳ, обу хоку бод, бӯйи зимистону баҳорон ба машом мерасад. Устод ҳамчун як фарди ватандӯсту ватандор аз тоҷику тоҷикистонӣ буданаш ифтихор дорад.
Дар шеърҳои ба Модар, ба Зан бахшидааш аз нигоҳи мард чеҳракушоду пуртабассум, ҳалиму меҳрубон, рафтору гуфтору кирдору сурату сирати зебодошта, гузашт карда тавонистани гуноҳҳои мардро ҷой додааст.
Дороии зан имон, фарзанд ва обрӯст. Шоир ин дороиро ба ҷумлаи бонувон таманно менамояду тараннум мекунад.
Тамоми бори зиндагӣ бар дӯши зан буда, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва садоқат аст. Шахсе, ки меҳр дорад, боназокат аст, озода аст, зебою хушрӯй аст. Ин сифатҳои инсонӣ дар боби «Гулханда»-и китоб басо нозук ифода ёфта, пеши хонанда бузургии занро ҷилва медиҳад
Замин аз ҳиммати ту илтифоти модарӣ дорад,
Само аз шафқати ту қудрати нурофарӣ дорад.
Ҳама панди ту оламро сарию доварӣ дорад
Ба ҳарфи модарии ту Худо ҳам боварӣ дорад.
Устод Ҷӯрабек Муъмин шоири ҳаҷвсаро низ ҳаст. Дар ин гуна ашъораш ҳақиқати имрӯза инъикос ёфтаанд. Медонам, ки ҳаҷви намакини ӯ, ки ба нишон расида, боиси изтиробу безобита гардидани мансабдорон шуд ва шоир сарзаниш ҳам шунид. Воқеан, устод маҷмӯаи алоҳидае дорад унвонии «Таронабазм». Ин байт намунае аз ашъори ҳаҷвии ӯст:
Ин қадар маҷлиси бисёр чӣ даркор, ака?
Сухани гуфта бо такрор чӣ даркор, ака?
Ба туфайли заҳматҳои зиёди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Ин падидаи оламшумул аз назари устод Ҷӯрабек Муъмин дур намонд. «Атрборон» дар худ «Базми суманак»-ро ҷой додааст, ки анъанаю суннатҳои аҷдодони моро васф менамояд.
Устод Ҷӯрабек Муъмин давомдиҳандаи амали устодони калом Бозор Собир, Усмон Шарифзода шоири нуқтасанҷу бамулоҳиза аст. Ӯ соҳибдевон аст. Муттаасифона, на ҳама ӯро ҳамчун шоир мешиносанд. Месазад, ки нисбати ӯ дар мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳо вохӯрию маҳфилҳои шеър ташкил намуда, ӯро байни мардум муаррифӣ намоем, зеро ӯ фарзанди баруманди диёр аст.
Шарофиддин ВОҲИДОВ,
узви иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон.