Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҶУНАЙДУЛЛО ҶОНИ ШИРИНАШРО ДАР РОҲИ ВАТАН НИСОР КАРД

Ҷунайдулло овони мактабхониаш ба хизмати Модар-Ватан омода буд. Ҳар гоҳе низомиеро медид гул-гул мешукуфту худро аскарбачаи сафи Қувваҳои мусаллаҳ мехонд. Гузаштани парадҳои ҳарбӣ, қадамзании аскарбачаҳоро бо диққат тамошо карда ҳаловат мебурд. Ӯ асное мактабро хатм кард, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон алангаи ҷанги шаҳрвандӣ доман паҳн мекард. Ҷунайдуллои ҷавон бо гирифтани даъватномаи хизмат бе дудилагӣ дар комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуд. Падару модари азизаш акаи Шаҳдоду янгаи Раҷабмоҳ ҳам ба фарзанди дилбандашон дуои нек доданд, ки хизматро бо сари баланд адо намояду назди ҳаққу ҳамсоя сари онҳоро хам накунад.

Ҷунайдулло дар қисми ҳарбӣ ҳам ба дили аскарону роҳбарон роҳ ёфт. Зеро ҳам ҷавони чусту чолоку далер ва ҳам дидадаро буд. Дар мактубу зангҳои телефониаш падару модар ва наздиконашро дилпур мекард, ки аз ӯ беташвиш бошанд, зеро хизмат, ҳимояи марзу буми ватан барояш ҳам қарзу ҳам ифтихор аст. Кӯшиш мекунад, ки миёни ҳамхизматон соҳибэҳтиром бошад. Аммо сад афсӯс, ки Ҷунайдулло хизматро бо сари баланд ва бо дили пур ба пеш мебурду тани сиҳаташро ба хона оварда натавонист. Ӯ дар яке аз набардҳо бар зидди қувваҳои мухолифини ҳукумати кишвар дар манотиқи кӯҳистони Бадахшон аз тири нохалафон ҷони ҷавонашро аз даст дод. Волидонаш дар сӯзи Ҷунайдулло беохир гиристанд. Танҳо аҳли хонадон не, онҳое, ки ӯро мешинохтанд ба марги аскари ғӯрамарг мотам гирифта буданд.

Падари Ҷунайдулло акаи Шаҳдод имрӯз ба ҷавонони болиғу аз хизмат дарсгурез нигариста ангушти ҳайрат мегазад, ки чаро онҳо аз хизмат саркашӣ мекунанд.

-Сад шукр, ки замона тинҷу ором аст, аммо бачаҳо хизмат кардан намехоҳанд, мегӯяд ӯ. Писари ӯ ҳам барояшон азиз буд. Агар умр вафо мекард ҷигарбанди онҳо чилсола, соҳиби зану фарзанд, хонаи обод мебуд (талх мегиряд падар). Онҳо он замон аз вазъи ноором наҳаросиданд, андешаи гурезу фирори фарзандашонро дар сар надоштанд. Баръакс Ҷунайдуллои ҷонашонро насиҳат карданд, ки барои ҳар ҷавонмард хизмат шараф аст, ватанро бояд ҳимоят кард. Пас чаро ҷавонони мо ин қадар беирода шудаанд, ки хизмат кардан намехоҳанд.

Воқеан, ҷавонони имрӯзаи мо ҳангоми дар мактаби миёна хондан аз дарсҳои таъриху асарҳои бадеӣ бо корномаи ҷангӣ ва далерию шуҷоати ҳаммиллатони хеш аз бепарвоӣ кам воқиф мегарданд. Ҷавонони моро омӯзишу насиҳату машварат мебояд, то муҳаббати онҳоро ба Ватан бедор кард. Аз Ҷунайдулло Нусратов барин ҷавонмардоне, ки барои ҳимояи Ватани азиз ҷони худро нисор кардаанд, дарси мардонагӣ бояд омӯхт! Хотираи неки онҳоро дар мактабу деҳаю ноҳия ҳамеша ёд бояд кард!

Т. МУНАВВАРА