Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҲАМОИШИ АДИБОНИ ҲАВЗАИ НАВРӮЗ

Рӯзҳои 18-24 март дар Тоҷикистон Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз барпо мегардад. Баргузории чунин як чорабинии бузурги фарҳангӣ дар кишвари азизи мо гувоҳ аз он аст, ки ҷашни Наврӯз рамзи бедории оламу одам буда, тараннуму ситоиши он тавассути адибон сурат мегирад.

Дар рӯзҳои баргузории Ҳамоиши наврӯзӣ Симпозиуми байналмилалии шеъри форсии соли 1967 ба ёдам омад, ки 13 сентябр оғоз гардида буд. Бандаи фақир, ки дар маҷаллаи сиёсии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон - «Коммунисти Тоҷикистон» кор мекардам, ба ҷаласаи аввалин ҳамоиш, ки дар бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, таклиф шудам. Он ҷо чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, адибони машҳури Эрон Халиллулоҳи Халилӣ, Нодири Нодирпур, Лутфалии Суратгар, Парвиз Нотили Хонларӣ ва Жола Бадеъ, Афғонистон – Абдулҳаққи Вола, Накҳати Саидӣ, Моили Ҳиравӣ, Аҳмад Ҷаводро дидам. Аз Ҳиндустон доктор Мунибур Раҳмон омада буд. Аз Москваю Санкт-Петербургу Ӯзбекистон ҳам адибон буданд.

Дар ҷаласа аз хусуси шеъри нав, ба истилоҳ «шеъри сафед» бисёр сухангӯйӣ рафт. Устод Боқӣ Раҳимзода бо хушлаҳнии зебандаи хеш бар ҳаҷви «шеъри сафед» гуфт: - «Дарахти калони кундапаҳн, меваҳо дорад лунда-лунда. – ва афзуд: шоирони навбаромади мо ана ҳаминро шеър мегӯянд».

Аз суханони устод Боқӣ Раҳимзода аҳли толор, устод Турсунзодаю Нодири Нодирпур арзонӣ завқ бурданд.

Маҷлис олимонаю шоирона мегузашт. Вақте Нодири Нодирпур, ин марди хеле нуронӣ ва зебо аз минбар сухан мекард, сару рӯяш арақшор гардид. Ӯ дар тавсифи шеъри форсӣ ва мақому манзалати он дар сайри таърихии назм хеле ҷолиб ҳарф зад. Дар фуроварди суханрони Нодири Нодирпур устод Турсунзода ба чеҳраи ӯ ишоракунон рӯ ҷониби ҳозирин лутф кард:

Нозанине, ки дар арақ тар шуд,

Нозанин буд, нозанинтар шуд.

Ҳамоиши соли 1967 дӯстдорони каломи бадеъ, мухлисони шеърро бо Нодири Нодирпур ва дигар шоирони Эрону Афғонистон хубтар ошно кард. Устод Муъмин Қаноат ҳам эътироф мекунад, ки ин ҳамоиш «барои иртиботу ҳамгироии фарҳангҳо ва рушди назми муосири мо заминаҳои хуб фароҳам овард. Бахусус ашъори Нодири Нодирпур пас аз ин ҳамоиш дар Тоҷикистон мухлисону пайравони зиёд пайдо кард».

Яке аз он пайравони Нодирпур устод Бозор Собир аст, ки худ мегӯяд:

Аз ёд нарафт мурғи шабкӯри ту

Боғи туву боғбони ранҷури ту.

Дар навқаламиамон ҳуҷум мекардем

Чун мӯру малах ба «Шеъри ангур»-и ту.

Ногуфта намонад, ки ба ифтихори Симпозиуми шеъри форсӣ китоби дастҷамъонае унвонии «Мушоира» бо хати ниёгон чоп шуда буд. Миёни ашъор ҷолибтаринаш «Шеъри ангур»-и Нодирпур буд. Ин шеърро устод Бозор Собир ҳам дар мавриди баёни заҳмати шоирӣ ба ёд меорад. Нодирпур эҷоди шеърро ба меҳнати сангини боғбони пири ранҷур монанд мекунад, балки вазнинтар аз он –

«Шумо ҳам, эй харидорони шеъри ман,

Агар дар донаҳои нозуки лафзам

Ва ё дар хушаҳои равшани шеърам

Шаробу шаҳд мебинед,

Ғайр аз ашку хунам нест.

Шаробаш аз куҷо хандид?!

Ин мастӣ на он мастист,

Шумо аз хуни ман мастед,

Аз хуне, ки менӯшед,

Аз хуни дилам мастед.

Чунин осон магиредаш,

Чунин осон манӯшедаш».

Воқеан, устод Бозор Собир порае аз ин шеърро дар маҳфили адабии ба ифтихори 75-солагии зодрӯзаш дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузоргардида ба ёд овард.

Устод рӯзи 18 март дар маҳфили дар ҳамин театр барпогашта аз қудрати сухани мавзун бори дигар огаҳӣ дод.

Шоири тавонои форсизабон Нодири Нодирпур умри хуб дид ва мероси гаронбаҳои эҷодӣ боқӣ гузошт. Ӯ дар Америка аз олам гузашт. Устод Бозор Собир барои санги марқадаш ин рубоиро бахшидаст:

Хоби абадат ба шеър ошуфта кунам,

Санги лаҳадат ба бӯсаҳо суфта кунам.

Ҳарчанд, ки бе болину бистар хобӣ,

Дар сояи мижгони санавбар хобӣ.

Ҷӯрабек МУЪМИН.