ИҶТИМОЪ
РӮНАМОИИ «НИДО АЗ РОҒУН»
- Подробности
-
29 Март 2016
- Опубликовано 29.03.2016 16:43
Раҷабалӣ Аҳмад, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон солҳои ҳафтодуми асри пешин бо китоби «Саманди зебо» вориди майдони адабӣ гардида, имрӯз ҳамчун нависандаи баркамол шинохта мешавад. Нақди адабӣ Раҷабалӣ Аҳмадро чун офарандаи чирадасти асарҳои публитсистӣ эътироф менамояд. Қаҳрамони асарҳои нависанда бештар заҳматкашон буда, симои онҳо бо қалами устодона рӯи қоғаз меояд.
Солҳои охир таваҷҷуҳи нависанда ба сохтмони неругоҳи «Роғун» бештар шудааст, ки бесабаб нест. Роғун бузургтарин иншооти энергетикии кишвар буда, анҷоми муваффақноки он боиси болоравии чандкаратаи сатҳи зиндагии халқи Тоҷикистон мегардад.
Раҷабалӣ Аҳмад инъикоси ҳаёти бунёдкорони Роғунро қарзи нависандагии худ қарор дода дар ин бобат асарҳои хурду бузург эҷод мекунад. Ба наздикӣ китоби нависанда бо номи «Нидо аз Роғун» аз чоп баромад.
Дар остонаи таҷлили иди Наврӯз ба хотири рӯнамоии китоб дар хонаи фарҳанги ноҳия ҷамъомади хотирмон барпо гардид. Инҷо вобаста ба эҷодиёти нависанда, хусусан «Нидо аз Роғун» мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Сафарбег Нуров, муҳаррири китоб шоир Парда Ҳабиб, корманди Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи фанҳои Тоҷикистон Ҷамолиддин Саидзода, рӯзноманигор ва шоир Ҷӯрабек Муъмин фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.
Ногуфта намонад, ки устод Раҷабалӣ Аҳмадов аввалин муҳаррири «Меҳнати коммунистӣ(«Набзи Файзобод»-и имрӯза) буда, дар тарбияи рӯзноманигорони маҳаллӣ саҳм дорад. Устод баъди чор соли кор дар нашрияи ноҳия ба кори ҳизбию давлатӣ гузашта, вазифаҳои котиби райком, раиси кумитаи назорати халқии ноҳия, директори совхози «Қалъаидашт»-ро ба ӯҳда дошт. Ду даҳсола мешавад, ки ҷиддан ба кори эҷодӣ машғул аст. Якчанд китоб ба нашр расондааст.
Аҳли нишасти маҳфили рӯнамоии «Нидо аз Роғун» ба устод Раҷабалӣ Аҳмад барору комёбиҳои эҷодӣ орзу карданд.
Ҷ. Мӯминов. “НФ”.