ИҶТИМОЪ
ҶАВОНОН РУҲБАЛАНД ШУДАНД
- Подробности
-
29 Март 2016
- Опубликовано 29.03.2016 16:55
Охири моҳи феврал раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ аз майдончаи варзишии маҳаллаи Арзанова дидан кард. Майдончаи мазкур миёни теппаҳо ҷойгир будаву барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ хеле мусоид аст. Зимни боздид раиси ноҳия ба масъулон супориш дод, ки то фарорасии иди Наврӯз корҳои азнавсозӣ ва васеъ намудани саҳни майдончаи варзишӣ ба анҷом расонда шавад, то ҷавонони деҳа аз он мақсаднок истифода намоянд. Ҳамчунин раис аз ҳисоби буҷаи ноҳия 5 ҳазор сомонӣ барои маҳкам намудани гирду атрофи майдончаи варзишӣ ҷудо кард.
Ин дастгирии раиси ноҳия ба ҷавонони деҳа руҳу илҳом баҳри дар муҳлати муайяншуда анҷом додани корҳои ободонӣ ва таъмиру тармими майдончаи варзишӣ бахшид.Ҷавонону наврасони деҳаи Арзанова азм намуданд, ки то ҷашни Наврӯзи дилафрӯз майдончаи варзиширо пурра омода намуда, чорабиниҳои варзишии идонаро ҳамин ҷо мегузаронанд.
Боиси қайд аст, ки дар деҳаи мазкур як толори варзишӣ низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Дастгириву кӯмаки бевоситаи раиси кумитаи маҳалла Собир Солиҳов ва гӯштингирони номии маҳалла Зинатулло Давлатов ва Аҳлиддин Давлатов буд, ки толори варзишӣ соҳиби гилемҳои гӯштингирӣ шудаву ба макони дӯстдоштаи ҷавонон табдил ёфтааст.
Машғул шудан ба варзиш имкон медиҳад, ки ҷавонон аз амалҳои ношоиста худдорӣ намудаву тарзи ҳаёти солимро пеша кунанд.
Ғуломалӣ АСОЕВ, мухбири ҷамаотии «НФ».