Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ОЗМУНИ «МАЛИКАИ НАВРӮЗ» ВА «ҶИЛВАИ ҲУСН» ДОИР ШУД

Дар толори Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова озмуни «Маликаи Наврӯз» ва даври дуюми фестивали ноҳиявии «Ҷилваи ҳусн» баргузор шуд. Дар он беҳтарин гулдухтарон ва тарроҳони чирадаст аз 9 ҷамоати шаҳраку деҳот ва литсейи касбӣ–техникии ноҳия ҳунарнамоӣ доштанд. Иштирокчиён аз рӯи шартҳои симо ва сару либоси зебои саҳнавӣ, маҳорати суханварӣ (қироати шеър ё лавҳа дар мавзӯи Наврӯз), нишон додани истеъдоди ягон намуди ҳунар (сурудхонӣ, рақс, тақлидкорӣ, кадбонугӣ ва ғайра) маҳорати хешро нишон доданд. Ҳамчунин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар сурати либосҳои миллӣ аз тарафи беҳтарин тарроҳон манзури ҳозирин гардид. «Маликаи Наврӯз» ва «Ҷилваи ҳусн»- тараннумгари саҳнаи Наврӯз буданд.

«НФ».