Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ПУШАЙМОНАМ

Чанд ҳафта пеш баъд аз дарс аз донишгоҳ баромада, дар истгоҳи Шаҳраки донишҷӯён интизори хатсайри мусофирбарии  8  шудам. Азбаски қисмати зиёди донишҷӯён аз дарс ҷавоб шуда буданд, дар мусофирбар ҷойи нишаст набуду ман бо азобе худро ҷо кардам. Дар ҳамин ҳолат зани тақрибан 25-27-сола дар даст борхалтаи пур омада рост истод. Ман ҷойи худро ба ӯ додам. Зан бо «раҳмат»-гуфтан ба сухан оғоз кард. Ӯ аз ман соли таваллуд, дар кадом факултет таҳсил кардан ва оиладор будан ё набуданамро пурсида ба нақли саргузашти худ оғоз намуд.

-Ман оиладор, соҳиби се фарзандам. Ҳозир аз хонаи падари раҳматиам омадам, - ва таассуфхӯрон нақлашро давом дод:

-Падару модардорӣ ҳам як давр будааст. Инсон баъд аз даст додани онҳо ба қадрашон зиёдтар мерасидааст. Агар падару модарат дар қайди ҳаёт бошанд, ҳамеша онҳоро ҳурмату эҳтиром кун, онҳоро ҳаргиз аз рӯи ҳар чизу ночиз шуда маранҷон. Ана, ҳамин мани нодон ҳангоми номзад буданам падарамро зиёд азоб додам. Ба ман ин харед, он харед, агар харида оваранд ҳам,-ин бесифат ва камарзиш аст,-гуфта мегиристаму девонагӣ мекардам ва мегуфтам, ки чизҳои харидаи ӯро ба хонаи шавҳарам бурда худро шарманда намекунам. Падари бечораам мегуфт:

-Сайёраҷон, тоқат кун. Ту ана ҳамин чизҳоро ба хонаи шавҳарат бар, баъди арӯсиат, имконият ёфтам, мебелу тилловориҳои қимматноку босифатро равон мекунам.

Аммо ман зиёд якравӣ кардам ва падарам ночор аз бонк пул қарз гирифта ҳамаи чизҳои гуфтаамро ноилоҷ гирифта тӯйи дабдабанок кард. Падарам сактаи дил дошт ва фоизҳои қарзии бонкро дода натавониста, аз фикру андӯҳи зиёд, баъди чор моҳи тӯйи ман дилаш зад. Инак,7 сол мешавад, ки бо ана ҳамин азоби виҷдон зиндагӣ мекунам. Имрӯз ҳамаи чизро дорам. Аммо худро якумр бахшида наметавонам, ки сабаби вафоти бармаҳали падарамон гардидам…

Бо ашки чашмон ба нақли худ анҷом дод ҳамсафари ман.

Қиссаи ҳаёти Сайёра ҳар каси шунидаро   ба андеша водор месозад. Воқеан, бештари ҷавондухтарони мо ана ҳамин хел беандешагию эркагӣ карда боиси хонавайронӣ ё ғаму андӯҳи волидонашон мегарданд. Мо бояд бахти оилавиро аз ҳама боло гузошта, аз таассубу пайравии кӯр-кӯрона ба ҳамдигар даст кашем. 

Раҷабгул БОБОЕВА,

донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ.