ИҶТИМОЪ
ГУЛИ САРИ САБАД
- Подробности
-
17 Март 2017
- Опубликовано 17.03.2017 15:40
Дар арафаи рӯзи Иди Модарон бо супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон озмуни «Кадбонуи беҳтарин-2017» дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид. Дар ин озмун бонувоне, ки ҳунари баланди хӯрокпазӣ, аз ҷумла омода намудани таъомҳои милливу замонавӣ, хуришҳо, шириниҳо, оростани хони идонаро доранд, ширкат варзиданд. Дар ҷамоати деҳоти Мискинобод сокини деҳаи Сарой Қурбонбӣ Ғуломова бо иҷрои пурраи шартҳои озмун ғолиб дониста шуд. Мо бо ин бонуи ҳунарманд суҳбати рӯ ба рӯ доштем.
-Апаи азиз, Иди модаронро бароятон муборакбод мегӯем. Шумо, ки модари 12 фарзанди баркамол ҳастед, мехостем дар аввали суҳбат аз муҳити хонаводагиатон нақл кунед?
- Ба шумо ҳам муборак шавад ин иди фархунда. Шавҳарам Сулаймон Рафиев солҳои зиёд дар хоҷагӣ тракторчии пешқадам буд. Мо соҳиби 8 писару 4 духтар ва 60 нафар набераю абера ҳастем. Писарҳоямон – Сайбурҳон, Саъдӣ, Сафарбек, Шуҳрат, Сайнеъмон, Музаффар, Саъдулло Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммадҷон Осимиро хатм карда, имрӯз бо сари баланд дар сохтмонҳои Роғун, Сангтӯда ва Варзоб кор карда истодаанд. Дилшодҷон бошад, дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷиикистон дар курси 4-ум мехонад. Духтаронам Шаҳлою Гулноз, Сабоҳату Саломатхон соҳиби маърифату хонаи обод доранд.
-Тарбияю соҳибмаълумот намудани фарзандон, албатта, ба оилаҳое, ки дар шароити кӯҳистон кору зиндагӣ мекунанд, душвор будагист?
- Рости гап, ҳамсари ман инсоне ҳастанд, ки бо тамоми ҳастӣ ба кор дода шудаанд, ҳарчанд вазифаи баланд надоштанду як тракторчии оддӣ буданд. Субҳи содиқ аз хона баромада шоми тор бармегаштанд. Барои ҳамин дар тарбияи фарзандон бештар ман машғул будам гӯям, хато намекунам. Падарам усто Ғулом, ки писар надошт, маро чун писар тарбия кард. Баробарашон дар замин, дар осиёбу ҷувозашон кор мекардам. Баъди хонадор шуданам меҳри замин, умуман иҷрои корҳои мардона дар қалбам зиёдтар гашт. Бо меҳнати ҳалол фарзандонамро хӯрондам, пӯшондам ва соҳиби маълумот кардам. Имрӯз хоҷагии деҳқониамон «Моҳрухсор» 10 гектар замин дорад. Дар ду гектараш боғ бунёд кардаему дар як гектари дигараш картошка, сабзӣ, лаблабу ва дигар зироатҳо парвариш менамоем.
-Аз рӯи шуниди мо шумо солҳо боз раиси шӯрои занони деҳаро ба уҳда доред?
- Понздаҳ сол мешавад сарвари бонувони деҳа мебошам. Мо дар тамоми чорабиниҳои ҷамоатию ноҳиявӣ фаъолона иштирок мекунем. Дар озмуни «Кадбонуи беҳтарин-2017» ман чун намояндаи занони деҳа дар қатори 8 нафар намояндагони дигар деҳаҳо ширкат варзида, бо намоиши таъомҳои миллӣ, аз ҷумла далда бо каллаву поча, ширкаду, кадуи аловӣ, нони тунук, кулчаи калону майда, орзуқу чагалдак ва ғайра иштирок кардам. Ҳакамон баҳои баландро ба ҳунари кадбонугии ман лоиқ донистанд.
Дар рафти суҳбат аз сурату сирати ин модари азиз дарёфтем, ки ӯ қавиирода асту ба ҳар як печу тоби зиндагӣ сабру таҳаммул карда дури мақсуд ба даст овардааст. Маҳсули заҳмати ӯ фарзандони хубтарбиякарда, дасти хайру саховат, ҳунари баланди кадбонугиаш мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат гули сари сабади маъракаҳои бонувони деҳ гардидааст.
М.ТАҒОЕВА, хабарнигори
«Набзи Файзобод».