Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ФАРЗАНДИ ДУ ТАБИБ

Лайлӣ Нусратова. Ин ном ба заноне, ки шарафи модарӣ насибашон гардидааст, хуб ошност. Имрӯз ӯ роҳбари маркази солимии репродуктивии дармонгоҳи ноҳия мебошад.

Лайлибону расо даҳ сол мудири шуъбаи таваллудхонаи бемористони ноҳия буд. Обрӯю нуфузи табибиаш маҳз аз ин даргоҳ боло гирифт. Табибони ноҳия Лайлӣ Нусратоваро ҳамчун мутахассиси баркамоли соҳа эътироф менамоянд. Воқеан, ӯ тахассуси табиби дараҷаи якумро дорост. Ҳамчунин ба унвони ифтихории Аълочии тандурустии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

Лайлӣ Нусратова фарзанди ду табиб - Абдураҳим Нусратов ва Родина Нургалиева  мебошад. Падари ӯ дар ноҳия аз ҷумлаи аввалин шахсонест, ки дипломи маълумоти олии тиббӣ гирифтаанд. Модараш умре ҳамшираи мушфиқ буд ва имрӯз дар 77-солагӣ дуои баракати дастурхони панҷ нафар фарзанд ва шукри оромию осоиштагии Тоҷикистони азизро мекунад. Падари ғамхори оила, марди хоксору оқилу фозил Абдураҳим Нусратов, ки баъди ним асри кори табибӣ ба нафақа баромад, бо лутфу саховати фарзандон Хонаи Худоро зиёрат кард, дар синни 84 бо фарогирии оилаи хушбахт аз ҳавои давлати пирӣ ҳузуру ҳаловат мебинад.

Лайлӣ баъди хатми мактаби миёна бо тавсияи падару модар ба донишкадаи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, ҳини таҳсил худро ҳамчун фарзанди хонаводаи асилу тифоқу тарбиятдида нишон дод. Ӯ бо дониши фарқкунандааш ангуштнамо буд. Тӯли таҳсил аз тамоми фанҳои таълимӣ баҳои арзанда гирифта, донишкадаро бо дипломи сурх хатм намуд.

Лайлӣ Нусратова бо масъулияти баланд, дилсофонаю беғаразона ба мардум хизмат мерасонад.

Ҷ.БАҲОРОВ.