ИҶТИМОЪ
ПЕШ АЗ НИКОҲ МУОИНАИ ТИББӢ ҲАТМИСТ
- Подробности
-
25 Фев 2017
- Опубликовано 25.02.2017 12:41
Оила барои ҳар як инсон муқаддас ба ҳисоб рафта, солимии муҳити оила низ аз шартҳои муҳим маҳсуб меёбад. Тарбияи фарзанд чун яке аз омилҳои муҳим барои ҷомеа аз муҳити оила вобастагӣ дорад. Агар муҳит солим бошад, фарзанд солим ба воя мерасад ва муҳити ҷомеа низ солим мегардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 2010 таҳти №374 қарор ба тасвиб расонд, ки тибқи он пеш аз баргузории акди никоҳ гузаштан аз муоинаи тиббиро барои никоҳшавандагон шарт ва зарур мешуморад. Ин тадбир ба хотири барпо намудани оилаҳои солим роҳандозӣ шудааст.
Қарори мазкур қоидаҳои худро дорад, ки мувофиқи моддаи 39-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» таҳия гардидааст.
Мутобиқи банди 2 Қоидаҳои қарори мазкур муоинаи тиббӣ барои никоҳшавандагон ҳатмӣ буда, ба таври ройгон гузаронида мешавад.
Мақсад аз гузаштан аз муоинаи ҳатмии тиббӣ барои шахсони никоҳшаванда ин таъмини ҳуқуқи конститутсионии онҳо ба ҳаёт ва саломатӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули оилаи солим, пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бемориҳои бо ирсият асоснокшуда мебошад.
Муоина ва машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои мазкур дар асоси аризаи никоҳшавандагон аз ҷониби табиби оилавӣ ва ҳангоми зарурат аз тарафи табиби соҳавии муассисаи давлатии тиббии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ мегузарад.
Муоина бояд давоми 14 рӯзи баъди муроҷиат намудан ба муассисаи тиббӣ гузарад. Муоинаи зани ҳомиладоре, ки хоҳиши гузаштани акди никоҳро дорад, дар муҳлати то 7 рӯзи баъди муроҷиат гузаронида мешавад. Табиби оилавӣ ба ҳар як шахсе, ки дар маҳалли зист ё ҷои истиқомат хоҳиши бастани акди никоҳро доранд, дар хусуси гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ маълумотнома бо имзо ва муҳри шахсии табиб дар варақаи идоравии муассисаи тиббӣ тасдиқшударо медиҳад.
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, баъд аз пешниҳод намудани ҳуҷҷати ташхиси тиббии шахсони никоҳшаванда метавонанд аризаи онҳоро барои гузаштан аз акди никоҳ қабул намояд.
Бояд зикр намуд, ки ҳоло тӯйҳои домодию арӯсӣ дар давоми ду ҳафта гузаронида мешаванд. Муҳлати пешниҳоди аризаи никоҳ 1 моҳ ва муоинаи тиббӣ 14 рӯзро дар бар мегирад. Ҷамъ барои пешниҳоди аризаи бақайдгирии акди никоҳ 44 рӯз лозим мешавад. Мушкилот ин аст, ки мардум мехоҳанд акди никоҳашонро дар рӯзи тӯй ботантана гузаронанд, лекин қонунгузории давлат иҷозат намедиҳад. Ба мушоҳида мерасад, ки навхонадорон пас аз баргузории тӯй дигар хоҳиши гузаштан аз акди никоҳро намекунанд. Дар натиҷа сафи оилаҳои беникоҳ меафзояд. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки бетарафиро пешаи худ насохта, баҳри солимии ҷомеа ҳамагон масъул бошем.
Фариштамоҳ Нусратуллозода,
мудири бахши Раёсати САҲШ-и
ВАҶТ дар ноҳияи Файзобод.