Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ФИДОИ ЯК ДУОЯТ

Аё модар, фидои як дуоят,

Бигӯ бар ман, кӣ ҳастам аз бароят.

Агар олим, агар донову бино,

Манам хокистаре дар пеши поят.

Модар! Чӣ калимаи пурмафҳумест, ки бузургиву меҳру муҳаббати дунё дар ӯ ҷо гирифтааст. Ман ҳам мехоҳам, ки тамоми меҳру муҳаббати дунёро ба шумо бубахшам, эй модарон. Аммо дар баробари дили бузурги пур аз меҳру садоқату пурсахои шумо ҳеҷ аст. Мехоҳам ҳар лаҳза ба он чашмони пур аз меҳр, ба он мӯи сафеди пурҷило, барои рӯйи пур аз нуру ба қомати хамгаштаву дастони ба дуо бардоштаат худро фидо кунам.

Лаҳзае, ки ба аёдатат меоям, мехоҳӣ, дар кадом кунҷаке, кадом чизаки бомаззае дошта бошӣ, баҳри ман биёрӣ.

Ин бузургии дили туст. 

Аё модар, Худованд чӣ қадаре, ки дар дунё меҳру садоқату латофат ва матонатро офаридааст, барои шумо арзонӣ ато намудааст. Ман акнун бузургам ва модарам. Вале барои шумо модар, ҳамон кӯдаки лолоям, ки сарамро сила мекардиву алла мегуфтӣ.  Ҳоло ҳам сарамро сила кардан мехоҳӣ, бароям дасти кӯмак дароз мекунӣ. Он қадар Худованд бароятон бузургӣ ато кардааст, ки мо пеши шумо ҳеҷем.

Ва якшаба шабзиндадории шуморо ҷуброн карда наметавонем.

Аё модар, фидоят ман, фидоят,

Бимирам ман ба ҳар лутфу навоят.

Фидо созам тамоми ҳастиямро,

Намеарзад вале бар як нигоҳат.

Ман дар баробари модари худ, тамоми модарони тоҷикро ба рӯзи идашон муборакбод мегӯям. Бигузор модарон барои мо, фарзандон ҳамеша зиндаву ҷовидон бошанд. Чунки мадори дили мо фарзандонанд.

Аё модар, фидои як садоят,

Бимирам, гар бихоҳӣ, пеши поят.

Ҳамедонам намехоҳӣ бимирам,

Ки мегирӣ маро ту дар паноҳат.

Ҳусноро ШАМСОВА,

омӯзгори мактаби№25.