ИҶТИМОЪ
ПАЁМ ФОЛИ НЕКЕСТ
- Подробности
-
19 Янв 2018
- Опубликовано 19.01.2018 11:14
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири самтҳои мухталифи соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, тиҷорат, энергетика, варзиш, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти халқро дар мадди назари хеш қарор додааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати хориҷии кишвар сухан ронда, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандонро таъкид намуда, аз вазъи ноустувори олам, ба миён омадани ташкилоту ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҳушдор доданд.
Масъалаи боло бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳамеша дар мадди назари ҳукумати кишвар қарор дорад. Боиси фараҳмандист, ки шурӯъ аз 1 сентябри соли 2018 музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз қабили маориф, фарҳанг, илм, тандурустӣ 15 фоиз, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ 10 фоиз, инчунин нафақа ва стипендияи донишӯён то 15 фоиз боло бардошта мешавад.
Дар Паём шахсони масъул ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо вазифадор гардиданд, ки дар соли 2018-ум 110 ҳазор ҷойҳои нави корӣ барои занону ҷавонон таъсис диҳанд. Инчунин масъулини соҳаҳоро барои таъйин намудани кадрҳои болаёқат ба соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ вазифадор кард, то шахсони тасодуфӣ ва дилу нияти нопокдошта ба вазифаҳои масъул тавсия нашаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат таъкид доштанд, ки эълон гардидани соли 2017- «Соли ҷавонон» оғози кор буда, дар ҳама давру замон масъалаи ҳаёти иҷтимоии ҷавонон дар мадди назари ҳукумату давлат қарор хоҳад дошт.
Пешвои миллат дар Паёми имсола соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуда, таъкид доштанд, ки тамоми ҳунарҳои миллие, ки дар хона ба анҷом расонида мешавад, аз андоз озод карда шавад.
Умуман Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири масъалаҳои тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти халқ мебошад.