ИҶТИМОЪ
КӮДАКИСТОНИ НАВ ДАР МЕҲРОБОД
- Подробности
-
30 Окт 2017
- Опубликовано 30.10.2017 11:01
Он рӯзаки офтобӣ дар фазои бинои мактаби пешинаи рақами 2 садои беолоиши шодиву хурсандии кӯдакон танинандоз буд. Хурду бузурги деҳаи Меҳробод, ки орзуи доштани кӯдакистон барои тифлонашонро мекарданд, дар саҳни хуб орододашудаи мактаб ҷамъ омада буданд. Воқеан бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, махсусан раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва сокинони ҷамоати деҳот ин бино пурра таъмиру таҷдид гардида имрӯз чун кӯдакистон оғӯши худро барои фарзандони деҳот боз намуд. Баъди буридани лентаи рамзӣ, тантанаро раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ кушода изҳор намуд, ки кӯдакон ҳамчун ояндаи миллат дар мавриди ғамхории махсус ва доимии давлат қарор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷиҳати ба ҳаёти пурарзиш, сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакон чораҳои дахлдор меандешад. Шукрона, ки кӯдакони даврони Истиқлол дар фазои сулҳу оромӣ ва муҳаббату ғамхориҳои беназири давлату ҳукумат умр ба сар мебаранд. Ва муҳимтарин марҳилаи тарбияи ҷамъиятии инсон овони аз домони модар ба боғча ворид шуданаш оғоз мегардад. Имрӯз боиси ифтихори ҳар яки мову шумо аст, ки шоҳиди як рӯйдоди хотирмоне гардидем. Баъди солҳои зиёд нахустин боғчаи бачагона оғӯши меҳру муҳаббати худро барои тифлакони Ҷамоати деҳоти Меҳробод кушод. Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Алиев зимни суханрониаш изҳор намуд, ки боғчаи бачагона давраи муҳими инкишофи зеҳнӣ ва тарбияи ахлоқии кӯдакон мебошад. Дар ин самт иқдоми неки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аз тариқи ҳашари сокинони ҷамоати деҳот ба истифода додани ин макони муқаддас боиси таҳсину офарин ва дастгирист.
-Ин мавзеи пур аз садои беғаши кӯдакон маҳалли ободеро мемонад, ки ҳар замон аз наздаш гузаштан маро ҳиссиёти фараҳбахше фаро мегирад,- мегӯяд, раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Нодирӣ Ҷӯрабек Самадов. Ва ман бо сари баланд мегӯям, ки дар таъмиру таҷдид ва дигар корҳои ташкилии кӯдакистони нав мардуми маҳалли мо низ саҳми калони худро гузоштаанд.
-Айёми кӯдакӣ давраи хушу гуворо ва нотакрори умри инсонист. Хандаҳои ширину шӯхиҳои дилангези тифлон ба дили мо, модарон шодию сурур мебахшад,-мегӯяд, Шарифмоҳ Гулова. Имрӯз барои мо, модарони Ҷамоати деҳоти Меҳробод, ки орзуи солҳои сол доштани кӯдакистонро доштем, рӯзи хурсандию фараҳмандӣ аз он аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҳашари мардум ин бино дар як муддати на чандон зиёд таъмиру таҷдид гардид. Акнун мо бо дили пуру хотири ҷамъ аз фарзандони хурдсоламон пайи кору бори хеш хоҳем гардид.
Алҳол қариб 50 нафар тифлакон дар ду гурӯҳ дар ин кӯдакистони бо тамоми таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз тарбия ёфта истодаанд. Дар оянда шумораи онҳоро ба 150 нафар расонидан дар назар аст. Бигзор ба бахти ин тифлакон хуршеди Ватан нурпошӣ кунад ва онҳо хушбахту солим ба воя расанд, кӯдакии беғаму беолоиш дошта бошанд.